Главная / Илм / Зардуштия (Дини Зороастризм)

Зардуштия (Дини Зороастризм)

ЗАРДУШТИЯ динест дар Осиёи Миёна пайдо шуда, тақрибан дар ҳазораи 0д1086 охири то мелод дар сарзамини Эрон пахн гаштааст.

Зардуштия номи худро аз номи пайғамбари асосгузори ин дин Зардушт /Зардуштра-Зарросп/ гирифтааст, Ў фарзанди Горшосп /Поурушасп/ буда, шояд Зардушт номи асосии ў набошад. Дар ҳар сурат дар шарҳи номи Зардушт ақидаҳои гуногун вуҷуд дорад, ки асосаш аз инҳо иборат аст: 1/ ақидае дар байни олимон ҳаст, ки ин бештар ба касбу кори ў дахл дорад ва ба маънии галабони шутурҳои зард мебошад; 2/ ақидае вуҷуд дорад, ки Зардушт номи мансаб ва унвон аст, ба рўҳониёни аз ҳама бонуфуз дода мешуд. Мувофиқи ривоятҳо Зардушт дар сисолагӣ ваҳйи илоҳиро мегирад ва мардумро ба оини зардуштӣ даъват мекунад. Ў бо худои бузург Аҳурамаздо мулоқот менамояд.

zardushtizm

Дар баробари парастиши Аҳурамаздо дар зардуштия эътиқод ба дигар худоҳо, ки дараҷаашон нисбат ба Аҳурамаздо пастаранд, вуҷуд дорад, аз ҷумла Митра-Напату Сраоша, Аша ва дигарон, дар баъзе сарчашмаҳо онҳо муқаррабон зикр шудаанд. Худои мухолифи Аҳурамаздо Аҳриман мебошад.

Аз рўи таълимоти зардуштия олам аз ду қувва, ду мабдаъ –мабдаи некию бадӣ иборат аст. Офаридгори мавҷудоти нек ва некӣ Аҳурамаздо мебошад, ў бо холиқи мавҷудоти зисту бад, мабдаи бадӣ-Аҳриман дар мубориза аст. Зардуштия моҳияти бадиро дар олам кушода, пайравонашро ба муборизаи зидди он сафарбар месозад.

Асоси таълимоти ахлоқии зардуштия пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек ташкил додааст. Зардуштия ҳамзистии некию бадиро рад карда, муборизаи оштинопазир бар зидди бадӣ, бадахлокӣ, беадолатӣ даъват менамояд ва таъкид мекунад, ки инсон бо амали неки худ ғалабаи Аҳурамаздоро бар Аҳриман метезонад. Дар оини зардуштӣ илмомўзӣ, ростгўию росткорӣ аз беҳтарин унсурҳои гуфтору рафтори нек ҳисоб мешаванд. Дар таълимоти зардуштия ҳаёти эрониёни қадим инъикос шудааст. Аз ҷумла зиндагии кишоварзӣ ва муқимӣ, ки Аҳурамаздо онро дастгирӣ мекунад, муқаддас будани :замину об, офтоб ва ғайра ба ҷиҳатҳои муҳими зиндагии эрониён алоқаманданд. Бояд гуфт, ки дар маросимҳои зардуштия одатҳою маросимҳои миллӣ инъикос ёфтаанд, аз он ҷумла идҳо, никоҳи маҳорим ва ғайра.

Аз рўи ақидаи зардуштия Аҳурамаздо хилқати одамро дар ду марҳала анҷом дод: аввал он ҳама чизро дар шакли рўҳонӣ бунёд кард, ғайриҷисмӣ ғайримардӣ, баъд ба онҳо сурати моддӣ кашид. Ҳастии моддӣ нисбат ба ҳастии ғайримоддӣ пасттар буд. Азбаски таъсир ба олами моддӣ барои қувваи бадӣ имконпазир буд, фаъолияти харобкорон он сар мешавад.

Мувофиқи ривоятҳо Аҳриман ба воситаи доираи поёнии осмони сангин вориди дунё шуд ва камолоти онро тахриб намуд. Масалан, дар об намак ҳосил карда, онро шўр сохт ва ба замин қадам ниҳода, аксари онро ба биёбон табдил дод, ҳатто ба махлуқи ҳафтум-оташ ҳам таъсир карда, онро бод уд халалдор намуд.

Худоҳо муттаҳид шуда барои ҳар чӣ бештар сабз шудани рустанӣ боронро ба вуҷуд оварданд. Хонадони инсон тамиз гардид ва миқдори инсоният бештар ва ғайра. Таърихи олам ба се давра ҷудо мешавад: аввал – хилқат, давраи дуюм-ҳуҷуми Аҳриман ва дар натиҷа фосид гаштани олам. Дар ин давра олам комилан аз хайр иборат нест, балки хайру шарр бо ҳам махлут гаштааст. Одамон бояд ба Аҳурамаздо ва шаш маъбуди дигар ибодат кунанд, ки дар онҳо бадӣ камтар боқӣ монад. Ин имконият медиҳад, ки бадиҳои олам аз байн рафта, худи олам дар шакли мукаммали пештарааш барқарор гардад. Давраи сеюм-давраи ҷудошавии хайр аз шарр аст. Шарр комилан шикаст мехўрад ва пурра аз байн меравад, некию саодат ҳукмрон мегардад ва ин давра беинтиҳо давом мекунад. Барои чунин анҷоми нек инсон бояд Аҳурамаздо ва шаш Амеша-спента /худоҳои ёрирасон Аҳурамаздо/-ро ситоиш ва ибодат намояд.

Лаҳзаи пирўзии некӣ бар бадӣ-Фрамонеретм /ё худ Фрамегирд/ ном дорад, ки шояд ба маънии муъчиза бошад. Инсон дар таълимоти Зардушт ҳамкори худост, то некӣ ба бадӣ пирўз шавад. Тақсими таърихи олам ба давраҳо инкишофро дар олам таъкид менамояд ва инсонро фаъол месозад. Марг бузургтарин бадбахтии инсоният мебошад ва ҷони инсонро маҷбур месозад, ки олами моддиро тарк гўяд. Ва ҳар ҷон барои амали анҷомдодааш бояд ҷавоб гўяд. Ҳама имкони ба ҷаннат ворид шудан доранд.

Дар назди пули сирот тарозу ҳаст, савобу гуноҳи мардум баркашида мешавад. Ба ин муҳосиба Митра, ки дар ду тараф Сраоша ва Рашпу тарозуро нигоҳ медоранд, роҳбарӣ менамояд. Агар аъмоли некӣ касе бештар бошад, пули васеъ ўро интизор аст, ҷон бо он пул сўи осмон раҳсипор мешавад, агар гуноҳҳо бештар бошад, пул чун теғ тезу борик мешавад, ҷонро дошта ба поён ба дузах мекашанд. Дар давраи махлутшавӣ – давраи дуюм, ҷон ба тамоми файзҳо баҳраманд намегардад, зеро хушбахтии комил танҳо дар давраи Фрашегирд муяссар мешавад. Дар ин давра қиёмат қоим шуда, хама аз охирин муҳокима мегузаранд. Ҳама бояд аз дарё, ки аз фулузоти гудохта иборат аст, гузаранд. Барои бегуноҳон он шири нармест.

Гунаҳгорон комилан нобуд мешаванд ва ба маргӣ абадӣ маҳкум мегарданд. Бегуноҳон ҳаёти абадиро дарёфт мекунанд ва зиндагии босаодат насибашон мегардад. Зардуштия маросиму оинҳои зиёде дорад.

Яке аз онҳо намози панҷвақта аст: саҳар, нисфирўзӣ, баъди нисфирўзӣ, намози шом ва намози нисфи шаб. Дар ҳар кадом намозҳо худое бештар ситоиш мешуд. Масалан дар намози саҳар худои Митра, дар нисфирўзӣ Аша-Вахишта /худо оташ/ ва ғайра.

Ҳар як эътиқодманди зардуштия вазифадор буд, ки ҳафт иди бузургро ҷашн гирад: Макр-йой Заремайа – байни баҳор, Маидйойшема байни тобистон, Паитшаййа – иди баргардонидани ҳайвонот аз чарогоҳ, Майдйамрйаирйа – байни зимистон, Хамаспатмаэдайа – рўзи баробаршавии рўзу шаб дар баҳор, ниҳоят иди соли нав на оташ-иди Наврўз.

Дар байни идҳо Наврўз шаҳомати хосе дошт ва дорад, Ҳафт ид инчунин марбут ба ҳафт навъи офариниш низ мебошад, Дар дини зардуштия парастиши Аҳурамаздо, пайрави аз Зарудушт таъкид мегардад ва бо калимаи “Фраваране” – манн эътироф мекунам” оғоз мешавад ва онро ҳар касе, ки ба зардуштия эътиқодманд мешуд, Он ба забонбурда такрор мекард. Дар эътирофи ду мабдаъ хусусияти дуалистии зардуштия баръало ошкор мегардад. Барои ибодат дар аввал суханони махсусе набуд, ҳар кас мувофиқи салиқаи худаш ниёишҳоро интихоб мекард. Баъдтар чунин матн ба номи Ясна-Ҳаптанҳапти -ибодати ҳафтбоб ба вуҷуд омад. Ғайр аз ин дар маросимҳо Аш-эм Ваху ва сурудҳо – яштҳо хонда мешаванд. Дини зардуштӣ оташро муқаддас ва ҷои ибодати зардуштиён оташкадаҳо буданд. Оташро рамзи нур дар замин, фарзанди Аҳурамаздо, мазҳари нури абадӣ мешуморад. Пайравони худро аз амале, ки оташро фосид гардонад, боз медорад, мисли пуф кардани оташ,чизи нопаокро ба он партофтан ва ғайра. Зардуштия таъкид месозад, ки ахгаре аз оташ дар дили одамӣ ниҳон аст ва он ахгар доимо ўро ба пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек ҳидоят мекунад.

Китоби муқадасси Зардуштия Авасто ё Авесто аст. Кўшиши ҷиддии гирдоварии Авесто дар давраи Сосониён ба вуқуъ пайваст, махсусан дар давраи Ардашери Бобакони Сосонӣ. Дар таърихи охирини давраи Сосониён, дар аҳди ҳукмронии Хусрави Парвез асри VI солшумории мелодӣ Авесто аз 21 китоб иборат аст. Он чӣ ки аз Авесто ба мо расидааст, иборат аз китобҳои зерин: Ясно – ибодат, қурбонӣ-матнҳо барои маросимҳои динӣ; Яштҳо яштаабуд – сурудҳои динии зардуштия;

Видевдат қонунҳои зидди девҳо-нормаҳои динӣ – ҳуқуқӣ, порчаҳо аз остону ривоятхо ва гайра; Виспарат – мачмуаи матнхои дуохо, ибо-датхо: “Ясно” дорои 72 боб аст. Аз ин 17-тоашро готхо /сурудхо/ ташкил додаанд. Дар готхо асосан худованд Аҳуромаздо, мукаррабони у /амшаспандон/ ситоиш карда мешаванд.

“Яштхо” – асосан мачмуи сурудхои динӣ буда, дар онхо инчунин баъзе ривоятхо накл гардидаанд. Яштхо ба ситоиши Аҳуромаздо, худоёни чудогона, ки мартабаашон нисбат ба Ахуромаздо паст аст, мисли Мехр /Митра/ худои сулху амонӣ, мухофизи тартибот, Ардвисура Анохито – худои серхосилӣ, офаридгори файзу баракат дар кишоварзӣ ва чорводорӣ, Тиштра – худоӣи борону дарёхо, фариштахои дастёри Ахуро амшаспандон бахшида шудаанд. Дар яштхо инчунин фравашхо – рухи ачдодон, ки метавонанд ба такдири инсон таъсир расонанд, парастида мешаванд.

“Видевдат” – ягона китобест аз китобхои “Авесто”, ки дар шакли пуррааш то замони мо омада расидааст. Он аз мачмуи конуҳо оид ба маросимхои динӣ, масъалахои фарк кардани халолу харом, парвариши хайвонот, манъи корхои ношоиста иборат аст. Ба гайр аз ин маълумоти муайяне доир ба тасаввуроти зардуши оид ба кайхоншиносӣ медихад.

Авесто на танхо ёдгорию сарчашмаи динӣ, балки ёдгории бузурги Эрони кадим аст.

Ин китоб дар бораи тарзи зиндагӣ, одату маросимхо, акидаю тасаввуротҳо, хунару адабиёти эрониёни кадим маълумот медихад. Эътиқодмандони оини зардуштӣ, баъди пахншавии ислом, аз руи нуфус хеле кам шуда бошанд хам, холо хам мавчуданд ва бо номи порсхо дар Ҳиндустон микдоре аз онхо зиндагӣ мекунанд. Зардуштиён инчунин дар Эрону Покистон ҳам ҳастанд. супориш на саволхо.

  1. Кадом достонхоро дар бораи Ахурамаздо ва Ахриман медонед?
  2. Кадом унсурхои дини Зардуштия дар рузгори мо боки мондаанд?

Дини Зардуштия дар кадом давлатхо пахн гашта буд ?

Загрузка...

Дар борамон anvarj63

Инчунин кобед

menui-windows

ИЛОВА ВА ИХТИСОРКУНИИ БАНДҲОИ МЕНЮИ АСОСӢ

Менюи асосии системаи Windows метавонад аз ду қисм иборат бошад: ҳатмӣ ва иловагӣ (ихтиёрӣ). Бандҳои …