Савол: Оё дуруст аст, ки Зардушт пайғамбари ориён буд?
Ҷавоб: Тамоман нодуруст! Ўро ҳеҷ гоҳ тўрониён пайғамбар нахонда буданд. Балки ўро ба қатл расонида буданд.
Вале Зардушт ҳам дар Эрон ва ҳам дар Осиёи Миёна пайравони худро пайдо карда буд. Инро имрўз дар Эрон баъзеҳо рад мекунанд, ки гўё ў дар Эрон пайравони худро надошта бошад. Муҳаммад Рашшод дар ин хусус мегўяд: «…гарчи баъзе аз нависандагони Эрони муосир ахиран муддаӣ шудаанд, ки эрониён ҳеҷ гоҳ ва дар ҳеҷ замоне оташпараст набудаанд, вале ин иддао саҳеҳ нест, чи он ки масъалан оташпарастии эрониёни қадим аз масоили бадеҳияи таърих мебошад».