Главная / Ҷамъият / ЗАНЕ ФАРРОШИ ХОНАИ ХУДО

ЗАНЕ ФАРРОШИ ХОНАИ ХУДО

Дар замонҳои Пайғамбар (с) дар канори Мадинаи Мунаввара пиразане бо номи Умми Миҳҷон зиндагй мекард. Ин зан, ки фикр ва ҳиссиёти баланд ва озода дошт, боре ба фикр фуру рафт: «Агар Аллоҳтаъоло маро аз беимонй (мушрикй) тоза намуда бошад, ман хонаи ӯро тоза НИГ0Ҳ медорам». Ва қарор дод, ки ҳар рӯз масҷиди Пайғамбар (с)-ро рӯбучин мекунад. Баъди ин ӯ ҳар рӯз мувофиқи тавоноиаш масҷиди Пайғамбар (с)-ро, ки дар он Ҷ0 мусулмонон ибодат мекарданд ва Пайғамбар (с), бо онҳо сӯҳбатҳо мекард, рубучин намуда, тоза мекард.

Умми Миҳҷон зани фақир (камбатал), вале соҳиби ДИЛИ кушоду чеҳраи нур буд. Ҳар боре, ки ӯ масҷидро рубучин мекард, ҲИС мекард, ки бениҳоят хурсанд аст, чуноне ки ДИЛИ худро тоза карда бошад.

Рӯзе Умми Миҳҷон бемор шуда, аз ҷойхобаш хеста натавонист.

у аз намозхонй бо ҷан.би Пайғамбар (с) маҳрум шуд. Тани Ӯ дар бистар хобида буд, вале Ҷ0НИ Ӯ (ДИЛИ Ӯ) бо мусулмонони поке, ки ба сӯи Пайғамбар (с) мешитобиданд, ҳамроҳ буд. у бисёр мехост, ки шифо ёфта, он кори неки худро давом диҳад, лекин маризй ба ин имконияташ намедод. Дар гӯшҳои ӯ овози Расулуллоҳ садо медод, ки ба дилу ҷонаш хурсандй бахшида дар ДИЛИ ӯ Х0ҲИШИ ибодат дар хонаи Худоро пайдо менамуд.

pirazan_

Пайғамбар (с) ӯро якчанд рӯз дар масҷид надида аз Ҳ0ЛИ Ӯ пурсон шуд. Ба Ӯ гуфтанд:

– У бемор аст, ё Расулуллоҳ.

Ин хабарро фаҳмида Пайғамбар (с) ба аёдати Ӯ ба канори Мадина раҳсипор шуд.

Касе пешопеш Давида рафта, хост, ки зани беморро хурсанд намояд.

  • Хабари хуш, Умми Миҳҷон! Расулуллоҳ (с) ба дидорбинии ту меояд.

Инро шунида Умми Миҳҷон аз ҳаяҷон намедонист, ки чӣ кор кунад. Қалби аз беморй бемадор гаштаи ӯ тез- тез мезад. Дар пешониаш қатраҳои арақ пайдо шуданд. Баъди чанд муддате ӯ садои орому фаромеро шунид.

  • Ассалому алайкум, – гуфт Пайғамбар (с).

Бо эҳтироми бузург ба он Ҳазрат (с), Умми Миҳҷон бо овози нотавон талаффуз кард:

– Ваалайкумуссалом, ё Расулуллоҳ (с).

Расулуллоҳ (с) дархонаи ӯмуддати зиёд набуд, вале ин замони қимматбаҳое буд. Чунки Расулуллоҳ (с) – муҳофиз ва пушту паноҳи камбаталону бекасон, ба дидори шахси пок омада буд. Пайғамбар (с) мегуфт: «Аллоҳ пок аст ва поконро дӯст медорад». (Тирмизй, Адаб. 41). ӯ худ мусул- монони поқди-леро, ки барои покии тану Ҷ0НИ хеш ва дигарон мекушиданд, дӯст медошт.

Пайғамбари мо (с) баъди ин ҳодиса зуд -зуд аз аҳволи Умми Миҳҷон пурсон мешуд. Ҳатто ӯ боре ба ҳамсоягони Умми Миҳҷон гӯшзад карда буд:

Миҳҷон аз олам чашм пӯшад, моро хабардор накарда ӯро нагӯронед.

Бегоҳии дигар Умми Миҳҷон Ҷ0НИ худро, ки ба хизмати Аллоҳ ва Пайғамбар (с) фидо карда буд, ба ҳазрати Азроил супорид.

Ҳамсоягон зуд тани ӯро шуста, кафан намуданд ҳама тайёр буданд, ки ҷасади ӯро бо роҳи охират гусел намуда, ба хок супоранд. Онҳо ба хонаи Расулуллоҳ (с) омаданд. Аммо намози хуфтанро хонда буданд ва Расулуллоҳ (с) хоб рафта буд. Ин хотири мусулмононро мушавваш гардонид. Баъди дидорбинии Пайғамбар (с) обрӯю эътибори Умми Миҳҷон дар маҳаллаи худ НИҲ0ЯТ баланд шуда буд, вале акнун бошад Пайғамбар (с) ба у ҷаноза хонда наметавонад, ки ин барояшон бисёр нохуш буд. Ҳамсоягони Умми Миҳҷон бо яқдигар гуфтугӯ мекарданд.

– Қисмат ҳаминтавр будааст…

– Хуб мешавад, ки МО Пайгамбар (с)-ро нороҳат нанамоем.

  • Мумкин ҲОЛО дар хоби ӯ аз Аллоҳ таъоло ваҳй омада истода бошаду МО монеъи он шавем.
  • Мо ӯро нороҳат намесозем.

Бинобар ин, Умми Миҳҷонро ба

қабристон бурданд, ,ба Ӯ намози чаноза хонданд ва ба ХОК супориданд. Дар ҳаққи Ӯ дуъо намуда, мусулмонон аз қабристон баргаштанд.

Вақте ки саҳар Расулуллоҳ (с) аз саломатии ӯ пурсон шуд, ба Ӯ чавоб доданд:

– Тани Ӯ ба ХОК супорида шуд, ё Расулуллоҳ! (с).

Мо ба назди шумо омада будем, вале шумо дар хоб будед, ва МО нахостем шуморо нороҳат намоем.

– Аз паси ман биёед! – гуфт Пайгамбар (с) ва бо саҳобагон ба сӯи қабристони Бақиъ равон шуд. Ҳамсоягон қабри Умми Миҳчонро нишон доданд. Пайгамбар (с) ҳамроҳи мусалмонони ҳозирбуда чанозаи Умми Миҳҷонро як бори дигар хонданд. Силас, дар ҳаққи Умми Миҳҷон дуо намуда, аз Худованд барояш ҳасанот хостанд

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …