Главная / Биология / Занбуруғҳои паразит

Занбуруғҳои паразит

Дар байни занбӯруғҳо намудҳое, ки ҳаёти паразитӣ доранд, хеле бисёранд. Онҳо дар организми растаниҳо, ҳайвонот ва ҳатто инсон касалиҳои гуногунро ба вуҷуд меоваранд. Хусусан, онҳо ба ҳоҷагиҳои ҷангалпарварӣ ва хоҷагии кишоварзӣ зарари калони моддӣ мерасонанд. Яке аз чунин занбӯруғҳои васеъ паҳншуда ин сиёҳак (ё сиёҳкуя) мебошад. Вай паразити хатарноки растаниҳои хӯшадор мебошад. Хелҳои гуногуни сиёҳак дар сулӣ, ҷав, арзан, ҷуворимакка, гандум, инчунин дар бисёр алафҳои хӯшадори худрӯй паразитӣ карда, боиси касалшавии онҳо мегардад.

Запбуруеҳои паразит (дар хӯгиаҳо)Дар вақти кӯфтани ғалла ва ҳосилғундорӣ спораҳои сиёҳи паразит ба дони солим мечаспанд ва ҳангоми кишт намудани тухми сиро- ятнок (дар замин) ин спораҳо низ баробари сабзиши дон месабзанд. Спораи сабзидаистода решаи шохаронда пайдо карда, ба дохили майсаи ғалладона ворид шуда, дар нуқтаи сабзиши поя ҷой ва аз шираи (моддаҳои органикии) он ғизо мегирад. Ва занбӯруғи паразит низ баробари инкишофёбии минбаъдаи растании ғалладона инкишофу ташаккул меёбад.

То дами пайдо шудани хӯша растании касалро аз солим фарқ кардан бисёр душвор аст. Чунки аломатҳои касалӣ ҳоло зоҳир нашудаанд. Сипас, баъди ташаккули хӯшагули галладонагиҳо риштарешаи занбӯруғ ба он дохил шуда, аз моддаҳои ғизоии хӯшагул ис- тифода бурда, боавҷ месабзад ва ба миқдори зиёд спораҳо ҳосил мекунад. Дар натиҷа дони нави ба ташаккул оғозкарда нобуд шуда, ба хокаи сиёҳ табдил меёбад.

Барои нобуд кардани спораҳои занбӯруғи сиёҳак тухмиро пеш аз коридан бо маҳлули формалин (як ҳисса формалин + 300 ҳисса об) ва ё бо дигар моддаҳои заҳрноки химиявӣ тар карда, безарар мегардонанд.

Сиёҳмуғ (шоҳкуя). Сиёҳмуғ дар ҷавдор ва дар баъзе растаниҳои хӯшадори худрӯй паразитӣ мекунад. Ин ҳодиса чушш сурат мегирад: сиёҳмуғ ба ғӯраи мевадон ворид шуда, бофтаи онро нобуд мекунад ва ба ҷои дони солим сутунчаи (склеросияи) хурди бунафшранги заҳрнокро, ки дар натиҷаи бо ҳам зич печутоб хӯрдани риштаҳои занбӯруғи сиёҳмуг пайдо шудааст, ба вуҷуд меоварад.

Сиёҳмуғ на танҳо ҳосилро нобуд мекунад, балки сутунчаи бунафшранги заҳрноки ҳосилшудаи он ба орд афтида, онро заҳролуд мекунад ва истеъмоли чунин орд оарои саломагии истеъмол- кунандагонаш хеле хавфиок аст.

Занбӯруғи чанбуч. Ин занбӯруғ ба хоҷагии ҷангал, боғдорӣ ва дигар дарахтон зарари калон мерасонад. Вай чӯби дарах- тонро пӯсонида, онҳоро зудшикан мекунад. Чунин дарахтон ҳатто бо таъсири андак шамол мешикананд. Инкишофу афзоиши ин зан- бӯруғ аз спора сар мешавад. Дар навдаҳои шикаста ва пӯсту пӯсглохи ҷароҳатёфтаи дарахтон ин спораҳо ҷойгир шуда, месабзанд. Онҳо решаи шохаронда пайдо мекунанд. Решаи занбӯруғ ба танаи дарахтон дохил шуда, онро пӯкка (нарму ковок) мекунад. Пас аз якчанд сол фаъолият доштани решаи шохарондаи занбӯруғи чан- буч вай дар пӯстлохи дарахт танамева пайдо мекунад. Танамева сумшакл буда, одатан хеле сахт аст.

Занбуруғи паразит — чанбуч
Занбуруғи паразит — чанбуч

Бисёр вақт танамева болои ҳам ҷойгир шуда, дар танаи дарахтон “рафчаҳои” махсусро ба вуҷуд меоварад. Дар қисми поёнии танамева найчаҳои майда мавҷуданд, ки дар онҳо спораҳо пухта мерасанд. Танамеваи аксари чанбучҳои дарахтй бисёрсолаанд.

Барои он ки дарахтон аз занбӯруги чанбуч зарар набинанд, шохаю навдаҳои онҳоро аз шикастан ҳифз намуда, ба захмдор шудани пӯстлохи дарахтон набояд роҳ диҳем. Инчунин, танамеваи занбӯруғи чанбучро ҷамъ карда, сӯхтан лозим аст.

Занбӯруғҳои дигари паразитӣ. Занбӯруғҳои паразитӣ дар лӯндаи картошка ҷой гирифта, боиси касалии сиёҳтосак шудани он мегарданд. Баъзеи дигар занбӯруғҳо дар барг, навда ва меваи бектошӣ паразитӣ карда, дар вай касалии сафедгардӣ (гард-занй)-ро, ки баъд сиёҳтоб мешавад, ба вуҷуд меоваранд.

Агар занбӯруғи паразит дар меваи себ паҳн шавад, мева доғдор гашта мекафад.

Занбӯруғҳои паразитӣ ҳосилнокии зироатҳои хоҷагии қишлоқро кам ва сифати маҳсулотро паст карда, онҳоро ҷиҳати истифода корношоям мегардоианд.

Тамоми касалиҳои занбӯруғӣ зуд паҳн мешаванд, зеро спораҳои майдаи сершумор бо ёрии шамол, боришот ва ҳашарот бо осонӣ аз растаниҳои касал ба растаииҳои солим бурда мешаванд. Занбӯруғи паразитӣ растанихоро иллатнок карда, ба хоҷагии кишоварзӣ зарари калон мерасонад. Барои пешгирӣ кардани оқибатҳои нохуши фаъолияти занбӯруғҳои паразитӣ дар хоҷагиҳо тадбиру чорабиниҳои гуногун мегузаронанд ва манбаъҳои зараррасони занбӯруғҳои паразитиро маҳв мекунанд.

  1. Намояндагони занбуруғҳои паразитиро номбар кунед.
  2. Занбӯруғи сиёҳак дар растаниҳои ғалладонагӣ чӣ тавр сабзишу афзоиш мекунад?
  3. Спораҳои чанбуч дар куҷо ташаккул меёбанд?
  4. Дарахтонро аз осеби чанбуч чӣ тавр нигоҳдорӣ мекунанд?
  5. Касалиҳои занбӯруғӣ чӣ тавр паҳн мешаванд?

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …