Главная / Гуногун / Заминҳои Тоҷикистон

Заминҳои Тоҷикистон

Тибқи кадастри мелиоративӣ ба ҳолати 1 январи соли 2018 дар ҷумҳурӣ майдони заминҳои ҳолати мелиоративиашон ғайриқаноатбахш  буда 37 014 гектарро ташкил медиҳанд.

Соли ҷорӣ ҷиҳати беҳтар намудани ҳолати мелиоративии 9 765 гектар заминҳои кишоварзӣ бо маблағи 10262,0 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда, ба маблағи 6620,0 ҳазор сомонӣ дар майдони 7 886 гектар ҳолати мелиоративии заминҳо беҳтар гардонида шуд, ки ин мутаносибан 65 ва 81 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Ҷиҳати иҷрои «Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» дар соли ҷорӣ азхудкунии 380 га заминҳои нав ба нақша гирифта шудааст, ки  то охири соли ҷорӣ ба истифодаи кишоварзӣ супорида мешаванд.

Вобаста ба ин Вазорати кишоварзӣ ва Агентии беҳдошти замин ва обёриро зарур аст, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ, азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда тадбирҳои амалӣ андешанд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …