Главная / Маданият ва санъат / ЗАМИНАҲОИ ПАЙДОИШИ КОМПЮТЕР

ЗАМИНАҲОИ ПАЙДОИШИ КОМПЮТЕР

Ба саволи «Компютерро кӣ сохтааст?» ҷавоб гуфтан хеле душвор аст. Гап дар сари он аст, ки компютер ихтирои як шахс нест. Компютер таҷассумгари ғояҳои олимон ва муҳандисони давру замонҳои гуногун ба ҳисоб меравад, ки онҳо садсолаҳо дар пешбурди техникаи ҳисоббарор заҳматҳо кашидаанд. Перафти техникаи ҳисоббарорро ҳамеша талабот баҳисоббарориҳои фаврӣ ва аниқ муайян месозад. Ин талабот омилест, ки он доимо ин техникаро мукаммал мегардонад ва ин раванд ҳоло ҳам давом дорад.

Тавре ки телевизорҳои муқаррарии сиёҳу сафедро ҳоло телевизорҳои рангаи аълосифат иваз намудаанд, компютерҳои ҳозиразамон танҳо зинаи аввали офариниши мошинҳои баркамол ва ақлонист.

Заминаҳои пайдоиши компютерҳои имрўза кадомҳоянд? инсон дар тамоми давраҳои мавҷудияти худ ба таҷҳизоти ҳисоббарорӣ эҳтиёҷ дошт. То пайдоиши аввалин намунаҳои таҷҳизоти ҳисоббарорӣ, одамон ҳазорҳо сол муқаддам барои

эҳтиёҷоти хоҷагии худ ҳангоми ҳисобкуниҳо аз ангуштон, сангҳо, чўбчаҳо, ресмонҳои гиреҳдор, тасмаҳои сўрохдор ва ғайраҳо истифода мебурданд.

Бо зиёдшавии ҳаҷми ҳисобкуниҳо, инсон ба кофтукови усулҳои иҷрокунии онҳо ва ихтирои асбобҳои ҳисоббарорӣ шурўъ намуд. Яке аз чунин асбобҳои қадима ва хеле машҳур чут (счёт) ба ҳисоб мерафт. То имрўз касе аниқ гуфта наметавонад, ки чут кай ва дар куҷо пайдо шудааст. Таърихшиносон бар он ақидаанд, ки чут тақрибан 2000-5000 сол муқаддам ё дар Хитои қадим, ё дар Миср ва ё дар Юнон сохта шудаанд. Аз ин асбоби ҳисоббарорӣ имрўзҳо низ дар бисёр мамлакатҳои дунё истифода мебаранд.

Пас аз пайдоиши чут, дар тўли якчанд садсолаҳо низ, асбобҳои ҳисоббарорӣ хеле содда буданд. Вале дар ибтидои асри XVII мутахассисони соҳаҳои физика ва астрономия ба зарурати иҷрокунии ҳисобкуниҳои мураккаб ва калонҳаҷм рў ба рў гаштанд. Ин аср асри тадбиқи васеи илми математика дар дигар соҳаҳо ба шумор меравад. Талабот ба мошинҳое, ки ҳаҷми калони ҳисоббарориҳоро дар муддати кўтоҳ, бо саҳеҳии баланд иҷро карда метавониста бошанд, рўз то рўз меафзуд.

Соли 1642 математики 19 солаи франсавӣ Блез Паскал (1623-1662) дар ҷаҳон аввалин шуда мошини ҳисоббарории (арифмометр) механикиро ихтироъ намуд, ки он бо ададҳои даҳӣ амалҳои ҷамъ ва тарҳро иҷро карда метавонист. Ҳам счётҳо ва ҳам мошини Паскал имкониятҳои маҳдуди ҳисоббарорӣ доштанд. Набудани асбоби ҳисоббарорие, ки вазифаҳоро зуд ва аниқ иҷро мекарда бошад, ба он овард,

ки қисми зиёди таҷрибаҳои гузошташуда умуман иҷро нашуда мемонданд ё барои иҷрокунии онҳо моҳҳо ва ҳатто солҳо талаб карда мешуд. Барои сохтани асбоби мукаммалтар бошад, зиёда аз 50 сол лозим шуд.

Соли 1694 математики барҷастаи немис Готфрид Вилгелм фон Лейбнитс (1646-1717) мошини ҳисоббарории навбатиро сохт. Имкониятҳои мошини Лейбнитс аз мошини Паскал зиёдтар буданд ва аз рўи конструксия низ ин мошин мураккабтар буд. Мошини Лейбнитс на танҳо чор амали арифметикӣ – ҷамъ, тарҳ, зарб ва тақсимро иҷро карда метавонист, балки аз решаи квадратӣ низ ададҳоро бароварда

метавонист. Вале ин мошин низ талаботҳои рўзафзуни ҳисоббарориҳои математикиро қонеъ гардонида натавонист. Тақрибан пас аз 100 сол боз масъалаи сохтани мошини ҳисоббарории мукаммалтар пеш омад.

Саволҳо:

  1. Компютерро кӣ сохтааст?
  2. Одамони қадим аз кадом таҷҳизоти ҳисоббарорӣ истифода мебурданд?
  3. Счёт кай ва дар куҷо сохта шудааст?
  4. Саҳми Б. Паскал дар пешбурди соҳаи ҳисоббарорӣ дар чист?
  5. Арифмометри Г. Лейбнитс аз арифмометри Б. Паскал чӣ фарқ дошт?

Супориш:

  1. Матни мавзўъро бодиққат хонед ва онро нақл кунед.
  2. Бо ёрии ресмон, сангчаҳо ва тасмаҳои аз варақ сохташуда асбобҳои ҳисоббарорӣ созед.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …