Главная / Ҷуғрофия / ЗАМИН: ШАКЛ ВА БУЗУРГИИ ОН

ЗАМИН: ШАКЛ ВА БУЗУРГИИ ОН

Замин ва дигар сайёраҳои системаи Офтоб курашакл мебошанд. Курашаклии онро ҳанӯз олими маъруфи Юнони Қадим Арасту исбот карда буд. Баъди исботи курашаклии Замин олимон андозаи Заминро муқаррар карданд, ки натиҷаи он чунин аст: масоҳати сатҳи Замин 510 млн. километри мураббаъ, дарозии хати истиво (экватор) 40 000 километр, радиуси хати истивои (экватор) Замин 6 378 километр, радиуси қутбӣ 6 356 километр.

globusИн нишон медиҳад, ки қутбҳои Замин каме фурӯхамидаанд. Аз ҳамин сабаб радиуси қутбӣ нисбат ба радиуси хати истиво 22 километр кӯтоҳ аст. Дар айни замон тавассути радифҳои маснӯии Замин андозаи шакли эллипсии Замин аниқ карда шудааст, ки ба шакли ҳакикии он наздик мебошад. Аммо барои осон намудани таҳлили ҳодисаҳои географии Замин ва фаҳмидани фарқияти сурати маҳал ва харитаи географӣ Заминро ҳамчун кура тасаввур кардан ба мақсад мувофиқ мебошад.

Дар бораи курашаклӣ ва муайян кардани андозаҳои Замин олимони Шарқ, аз ҷумла Абӯрайҳони Берунӣ изҳори ақида намуда, тадқиқот бурдааст. Ӯ ақидаи курашаклии Заминро тарафдорӣ карда, барои чен кардани доираи он кӯшиш намудааст ва ҳисоби Абӯрайҳони Берунӣ аз ҳисоби ҳозира хамагй 110 км. фарқ мекунад.

Тасвири Замин дар глобус. Глобус курашаклии Заминро ифода менамояд. Он аҳамияти илмӣ ва амалӣ дорад. Дар глобус намуди зоҳирии Замин, тарҳи уқёнусҳо, материкҳо, ҷазира ва нимҷазирахо, дарёҳо, кӯлҳо ва дигар объектҳои географӣ бар хилофи харита шакл, дарозӣ, андозаи худро дигар намекунанд ва самт тағйир намеёбад. Аз ҳамин сабаб мутахассисони соҳаҳои гуногуни илм ҳангоми омӯхтани хосиятҳо ва табиати Замин аз глобус ҳамаҷониба истифода мебаранд.

Миқёс ва намуди глобусҳо гуногун мешаванд. Миқёси тамоми намуди онҳо дар зерашон навишта шудааст. Дар глобус нисбат ба харита миқёс дар тамоми самтҳо як хел мемонад. Бинобар ин дар он масофаи байни объектҳои географиро аниқ чен кардан мумкин аст. Ҳоло дар мактабҳо аз глобусҳои Миқёсашон 1:8300000.        1:5000000.     1:30000000 истифода мебаранд. Ин Миқёсхо нисбат ба Замин чанд маротиба хурд будани глобусро нишон медиҳанд. Ихтирои глобуси аввалинро (асри XVI) ба олими немис М. Бехайм нисбат медиҳанд. Аммо олим ва мутафаккири машриқзамин Абӯрайҳони Берунӣ панҷ аср пештар глобус сохта буд ва онро барои муайян кардани арзу тӯли шаҳрҳо истифода бурдааст. Ӯ ақидаи тағирёбии кишри Замин (эволютсияи геологй)-ро пеш гузошта, оид ба масъалаҳои пайдоиши кӯҳҳо, ҳаракати қитьахҳо ҷойивазкунии баҳру бар муҳокима рондааст.

Баъд аз ҳашт аср (асри XVIII) дар Русия олимони рус нахустин глобуси ахтарнамои оламро сохтанд, ки дар дохили он 12 нафар одам ҷой мегирад. Ин глобус холо дар шаҳри Санкт-Петсрбург маҳфуз аст.

Глобуси Ҳоҷӣ Юсуф. Ба ақидаи олимони географ ва мунаҷҷимон глобуси ихтироъкардаи олим ва сайёҳи тоҷик Ҳоҷӣ Юсуф баъд аз сохта шудани глобуси Абӯрайҳони Берунӣ (асри IX) ва глобуси астрономии расадхонаи Мирзо Улуғбек (асри XV) сеюмин глобус аст дар таърихи илми Шарқ. Вале то рӯзҳои мо танҳо глобуси Ҳоҷй Юсуф Мирфаёзови хуҷандӣ (солхои 1842-1925) расидааст. Ин глобус аз нуқтаи назари илм хеле мукаммал аст .

Ҳоҷӣ Юсуф ин глобусро соли 1895 сохтааст. Он бо рангҳои сурхи баланд, туши сиёҳ ва зардчатоб оро дода шудаасг. Бо хатҳои настаълиқи арабй ва хати кӯфӣ номҳои уқёнусхо ва қитъаҳо навишта шудаанд. Глобус бо хатҳои тӯлу арз печонда шудааст. Хатҳои меридиан ва хатҳои мувозӣ бо туши сиёҳ, доираҳои тропикӣ ва қутбҳо бо ранги сурх кашида шудаанд. Дараҷаи он аз нуқтаи меридиани Гринвич набуда, балки аз тарафи ғарбии қитъаи Африка ибтидо мегирад, ки ин нуқтаро олимон то асрҳои охир низ нуқтаи нул (меридиани ибтидои) меҳисобиданд. Дар глобус уқёнусҳои Ором, Атлантика, Ҳинд, Баҳри Миёназамин. Баҳри Сафед акс ёфтаанд.

хочи юсуф

Ҳочӣ Юсуф дар вақти навиштани номҳои географӣ ба кадри имкон аз луғат ва истилоҳоти форсию тоҷикӣ истифода кардааст. Қитъаи Австралия бо ҳафтод адад ҷазираҳо тасвир ёфтааст. Ҷазираҳои қитъаҳои Америкаи Шимолӣ ва Ҷанубӣ аз сад бештаранд. Дар қисми ҷанубии қитъаи Африка сӣ адад ҷазирахо тасвир ёфтаанд. Глобуси Ҳочй Юсуф нисбат ба глббусҳои дигар аз нуқтаи назари астрономй ҳам мукаммал аст. Масалан, доираи (паҳноӣ) хати истиво тахминан 10 см буда, бурҷҳои чор фасли Замин (мавқеи Замин нисбат ба ҳаракати худ ва Офтоб) – баҳор, тобистон, тирамоҳ ва зимистон кашида шудааст. Глобуси Ҳоҷӣ Юсуф дар осорхонаи шаҳри бостонии Самарқанд нигоҳ дошта мешавад.

Савол ва супориш

  1. Шакли Замин чӣ гуна аст?
  2. Кӣ аввалнин маротиба курашаклии Заминро исбот кардааст?
  3. Глобус аз харита чӣ афзалият дорад? 4
  4. Глобус чиро тасвир менамояд?
  5. Барои чӣ дар глобус саҳву хато мушоҳида намешавад?
  6. Аз рӯн глобус координатҳои шаҳри Душанберо муайян намоед.

Инчунин кобед

sol-mertvogo-morya

ХОНДАНИ НАҚШАИ МАҲАЛ ВА ХАРИТАИ ГЕОГРАФӢ

Шумо медонед, ки нақшаи маҳал ва харита намунаи хурдкардаи сатҳи Замин мебошанд. Онҳо аз якдигар …