Главная / Гуногун / Заминҳои туркманнишинро ишғол кардани Русия

Заминҳои туркманнишинро ишғол кардани Русия

Дар нимаи дуюми солҳои 70 ва аввали содҳои 80-ум артиши Русия амалиёти Ҳарбии худро дар қисмати ҷанубу ғарбии Осиёи Марказӣ, сарзамини туркманҳо мегузаронданд. Моҳи марти соли 1876 ҳукумати Русия “Низомномаи муваққатии идораи ҳарбии кишвари Закаспий”-ро тасдиқ намуда, мувофиқи он дар сарзамини туркманҳо шӯъбаи Закаспийро таъсис дод, ки марказаш Красноводск буд. Шӯъбаи мазкур ба зери идораи волии Қафқоз дода шуд.

1872_vereshchagin_triumphierend_anagoria

Ҳукумати Русия қарор дод, ки ба маҳаллаи Ахалтегин сарбозон равон кунад. Он аввали соли 1877 Қизиларватро ишғол кард. Сардори шӯъбаи Закаспий Н. Ломакин бо сабаби дурии қароргохи асосӣ шаҳри Красноводск амр кард, ки аскарҳо ва кормандони маъмурияти шӯъба онро тарк кунанд. Тирамоҳи соли 1878 генерал Н. Ломакин дар Атрек истеҳкоми Чатро бунёд карда, моҳи августи соли 1879 бори дуюм Қизиларватро ишғол менамояд. Ӯ дар қарибиҳои Кӯктеппа ба муқовимати шадиди ватанпарварони туркман дучор мегардад. Дар муҳорибаҳои 28 – 29 августи соли 1879 баамаломада шикаст хӯрда, маҷбур мешавад, ки ба ҷои бехатар ақибнишинӣ кунад. Баъди ин шикасти Н. Ломакин дар Петербургу Тифлис ба ташвиш афтода, ӯро бо генерал М. Д. Скобелев иваз намуданд. Ин генерал ҳанӯз дар ҷанги солҳои 1877 – 1878 зидди Туркия ном бароварда буд. Ӯ барои забти Кӯктеппа омодагии ҷиддӣ гирифта, пас аз ҷангҳои серӯза 12 январи соли 1881 қалъаи Данглитеппа ва баъди он Кӯктеппаро ба даст медарорад. 18 январи соли 1881 аскарони Русия Ашқободро ҳам таслим кунонданд. Моҳи майи ҳамон сол шӯъбаи ҳарбии Закаспий ба вилояти Закаспий дода мешавад.

Солҳои 1881 – 1885 аскарони Русия тамоми заминҳои туркманҳоро ишғол намуданд, ҳарчанд Британияи Кабир барои маҳалҳои баҳсноки он Афғонистонро ба муборизаи зидди Русия машқ медод. Моҳи марти соли 1885 дастаҳои ҳарбии Русия дар зери роҳбарии сардори Закаспий А. В. Комаров артиши Афғонистонро аз минтақаи панҷдеҳи туркманнишини Пандин фишор дода бароварданд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …