Главная / Илм / ЗАМЧ

ЗАМЧ

zamchЗАМЧ, зок, кристаллогидрати намакҳои дучанди сулфат, формулаи умумиашон Me2ISO4 • Me2III(SO4)3 • 24H2O ё MeINeIII(SO4)2 • 12H2O, дар инҷо MeI, MeIII – катиони металлҳои як ва севалента (мас., З.-и алюминию калийдор K2SO4 • Al2(SO4)3 • 24H2O. Элементҳои нодирзамини севалента З. ҳосил намекунанд. З. дар шароити муқаррарӣ собит бошад ҳам, ҳангоми гарм кардан ба З.-и пухта мубаддал мешавад. З. дар об пурра ҳал мешавад. Чунин маҳлул таъми турш ва хосияти карахткунанда дорад. З.-ро аз омезиши маҳлулҳои гарми сулфати металлҳои як ва севалента ҳосил мекунанд. Кристаллҳои З. ҳангоми хунукшавӣ ҷудо мешаванд. З.-и алюминию калийдор ва хрому калийдор [K2SO4 • Cr2(SO4)3 • 24H2O]-ро бештар истифода мебаранд. Онҳоро дар суратгирӣ, чармгарӣ (чун воситаи даббоғӣ), олкорӣ (чун воситаи тезобдиҳанда ҳангоми ранг кардани матоъ ва ғ.) истифода мебаранд.
Ба ақидаи табибони халқӣ зокро сӯхта чун сурма ба чашм кашанд, гӯшаҳои чашмро аз хилм пок мекунад; агар онро бо асал сиришта кашанд, ғафсӣ ва дағалии пилки чашмро ислоҳ менамояд. Агар онро ба воситаи найча ба даруни бинӣ пур кунанд, хуни биниро манъ месозад. Зокро ос карда бо оби кашниз сиришта бимоланд, сурхбод, қӯтур ва хоришакро даво мешавад, захмҳои тарро карахш мебандонад. Онро кӯфта бипошанд, барои хунравӣ аз ҳамаи узвҳо, варами буни дандон ва мушакҳои ҳалқ даво мешавад. Зоки сафедро кӯфта, бо асал хамир сохта, фатиларо ба он олонда, дар гӯш гузоранд, захми даруни гӯшро шифо мебахшад, даруни гӯшро аз риму чирк тоза мекунад, дар мақъад, ки бавосир дошта бошад, бардоранд, фоида мебахшад. Камтареро аз зоки сафед дар оби борон ё оби муқаттар (дистилятсиявӣ) ҳал карда, дар чашм чаконанд, чашмро пок ва гули онро рафъ мекунад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …