Главная / Илм / ЗАХМИ СУХАН

ЗАХМИ СУХАН

Бача будем. Дар синфи ҳафтум мехондем. Як ҳафта инҷониб аз фанни адабиёт ба мо муаллими нав дарс мегуфт. Ўро бағоят ҷиддиву сахтгир ва донишманд мешумориданд. Ҳақиқатан забони бурро дошт, шеъри бисёре азёд медонист, бе китоб сухан меронд. Касе ҳад надошт, ки ба ҳампартааш гап занад, ё бо кори беҳуда машғул шавад. Он рўз мавзўъ – вазни  арўз буд.

bacha

Муаллим аз ҳар кас мепурсид. Зоҳиран мекўшид, ки моҳияти арўзро ҳама донанд. Шояд гумон дошт, ки оянда бе арўз рўзи мо намегузарад. Ҳамсинфон ба қадри тавоноии хеш фаҳмидаю-нафаҳмида ҷавоб медоданд. Навбати Валиҷон буд, ў аз ҷояш бархост.

– Ман намедонам.

– Чаро?

– Чунки намефаҳмам.

– Хондан лозим.

– Хондам. Лекин намефаҳмам.

– Калла дорӣ?

– Дорам. Бо вуҷуди ин аз ман шоир намебарояд. Донистан шарт набудагист.

Мо ҳама, ки аз ҳайбати муаллим метарсидем, ҷуръати Валиҷонро дида ҳайрон шудем, гуфтугўи муаллиму вайро фақат мушоҳидакунон менишастем.

– Падарат дар куҷо кор мекунанд?

Валиҷон сарашро поён афканд. Сабаби инро мо медонистему муаллим не. Вагарна эҳтимол суол намедод. Хомўширо яке аз рафиқони дар партаи пеш шиштагӣ вайрон кард.

– Дарбони беморхонаи касалиҳои рўҳӣ, – пичирросзанон гуфт вай. Аммо ҳама пай бурданд.

– Маълум. Набошад, вазни арўзро нафаҳмӣ, ту ҳам пеши падарат меравӣ.

Дар чашмони ҳамсинфамон аз гапи муаллим ашк ҳалқа зад. Вай чизе гуфтанӣ буд. Лекин натавонист.

Садои занги танаффус моро ба худ овард. Ба номи директори мактаб аҳли синф якдилона ариза навиштем. Ба мо муаллими нави фанни адабиётро таъин карданд.

Солҳо гузаштанд. Ҳамсинфон гоҳ-гоҳ ҷамъ меоем. Бачагиву мактаб, муаллимонро ёдовар мешавам. Номи муаллими вазни арўзро ба сардӣ ба забон мегирем.

Дар кўчаҳо дидан замон ашки ҳамсинфамон пеши хотирам меояд ва самимона пурсупос карда наметавонам.

 

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …