Главная / Илм / ЗАҒОЗА

ЗАҒОЗА

zagozaЗАҒОЗА (Ephedra equisetum), бандак, бирешимхома, буғумбутта, буттаест сершохча. Аз 1,5 то 3 м қад мекашад. Шохҳояш ғафси хокистарранг, шохчаҳояш борики буғумдор, тухмаш мудаввари сиёҳ. Май – июн гул карда, мевааш июл – авг. мепазад. Дар нишебиҳои серсанг ва шағалзамини соҳили дарёҳо, тарқиши шахҳо мерӯяд. Дар мавзеъҳои Қурама, кӯҳи Мевағул, Туркистон, Зарафшон, Ҳисору Дарвоз (дар баландии 1500 – 3000 м аз с.б.) вомехӯрад. Захираи он дар к-ҳои Зарафшон бештар аст.
Бо мақсади табобатӣ шохчаҳои яксолаи сабзи З.-ро истифода мебаранд. Онро баҳорон моҳҳои апр. – май ва тобистон моҳҳои июл – сент. меғундоранд. Дар таркиби шохчаҳои З. алкалоидҳои эфедрин, псевдоэфедрин ва омехтаи метилэфедрин мавҷуданд. Шохчаҳоро бо дос бурида, дар ҳавои кушод хушк мекунанд. Дар ҷумҳурӣ З.-ро дер боз кор мефармоянд, бинобар ин захираи он хеле кам шудааст.
З. яке аз қадимтарин растаниҳои доруист. Шохчаҳои сабзи онро ҳангоми тарбод, вараҷа, иллати меъдаву ҷигар истифода мекарданд. Дар тибби халқии сокинони Осиёи Марказӣ бо ҷӯшоби шохчаҳои тараки З. хоришак ва зукомро муолиҷа менамоянд, хокистарашро ба ҷароҳат мепошанд, аз мевааш мураббо пухта чун давои табшикан истеъмол мекунанд. Табибони халқии тоҷик ҷӯшоби З.-ро чун воситаи тақвиятбахши кори сисилаи дилу рагҳо, инчунин барои муолиҷаи вараҷа, буғумдард ва зуком тавсия медиҳанд.
Дар амалияи тибби муосир аз З. алкалоиди эфедрин мегиранд. Он аз рӯи сохтори химиявӣ ба гормони адреналин, ки ғадудҳои болои гурда ҳосил мекунанд, шабоҳат дорад. Доруи «эфедрин гидрохлорид»-ро барои баланд кардани фишори хун (ҳангоми осеб, ҷарроҳӣ, талафи хун), муолиҷаи гипотония, зиқи нафас, сурфакабутак, табларза, саглес, миастения, заҳролудӣ аз маводи мухаддир ва доруҳои хобовар ба кор мебаранд.
Ад.: Қобилов Н.М., Лекарственные растения Таджикистана, Д., 1962; Ковалева Н.Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А.Д., Лекарственные растения СССР и их применение, М., 1974; Гаммерман А.Ф., Гром И.И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …