Главная / Илм / ЗАҒИРБУТТА

ЗАҒИРБУТТА

zagirbuttaЗАҒИРБУТТА (Linaria vulgaris), гиёҳест бисёрсола. Аз 20 то 90 см қад мекашад. Пояаш рост, баргаш пайдарҳам, дарозрӯяи нештаршакл, гулаш зард, тухмаш паҳни сиёҳ. Моҳи июл гул мекунад. Алафи бегонаи боғот аст. Бо мақсади доруӣ сараки растаниро дар давраи гулшукуфт меғундоранд; дар ҷои соя хушконида мешавад.
Дар тибби халқӣ З.-ро ҳангоми нафастангӣ, камхунӣ, зардпарвин, обхӯра, чурра, ихтилоли мубодилаи моддаҳо ва чун давои балғамовар (ҳангоми сурфа), киҷҷарон ва позаҳр (ҳангоми заҳролудӣ) тавсия медиҳанд. Марҳами онро дар мавриди амрози пӯст кор мефармоянд, баъзан барои муолиҷаи бавосир истифода мебаранд. Барои таҳияи марҳам 2 ҳисса алафи З.-ро дар 5 ҳисса равғани хук метасфонанд; сипас даворо полонда ба доначаҳои бавосир мемоланд. Аз ин гуна марҳам барои табобати экзема ва шукуфа низ метавон истифода бурд.
Ҷӯшоби З. давои пешоброн ва исҳоловар аст, бо он зардпарвин, бемориҳои дил, чакидани пешоб, назлаи масона ва бавосирро даво мебахшанд. Ҳар шаб 2 – 3 чумчагӣ истеъмол намудани нақеъи З. (2 чумча дар як истакон оби ҷӯш) қабзияти музминро бартараф мекунад. Агар 3 чумча баргу пояи хушки З.-ро дар 1 л оби ҷӯш чой карда, нимистаконӣ нӯшанд, барои касалиҳои ҷигар, қабзият, бавосир муфид аст. Ҷӯшоби тухми он (15 – 30 г дар 1 л об) давои хуби талхарон ва исҳоловар мебошад. Дар тибби муосир ҷӯшоби З.-ро чун давои зардарон, мусҳил ва пешоброн тавсия медиҳанд. Бо ин мақсад 20 г алафи онро реза карда, ба оби ҳарор. хона меандозанд ва 30 дақ. меҷӯшонанд; даворо полонда ба ягон зарфи тоза мегиранд.
Ад.: Қобилов Н.М., Лекарственные растения Таджикистана, Д., 1962; Ковалева Н.Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А.Д., Лекарственные растения СССР и их применение, М., 1974; Гаммерман А.Ф., Гром И.И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …