Главная / Илм / ЗАҒИРАК

ЗАҒИРАК

zagirakЗАҒИРАК (Linaria popovii), зағиргиёҳ, зағиркаҳак, гиёҳест бисёрсола. Аз 20 то 100 см қад мекашад. Пояаш рост, бешох, қисми болоияш шохчадор. Баргаш пайдарҳами бедумча, нештаршакл. Гулаш зардтоб, тухмаш бӯри сиёҳтоб, гурдашакл. Апр. – авг. гул карда тухм мебандад.
З. дар биёбон, бешазори гармсер, марғзорҳои субалпӣ, заминҳои бекорхобида, канори роҳҳо, дарёбод, нишебиҳои серсангу шағал ва чун алафи бегона дар киштзори лалмӣ мерӯяд. Дар мавзеъҳои Қурама, Мевағул, Сирдарё, Туркистон, Зарафшон, Ҳисору Дарвоз, Тоҷикистони Ҷанубӣ ва Помири Ғарбӣ паҳн шудааст.
Табибони халқӣ (асосан дар шимоли Тоҷикистон) нақеъ ё чойи «алаф»-и З.-ро чун давои талхарон, исҳоловар, пешоброн ва арақрон тавсия медиҳанд. Ҷӯшоби тухми З. давои хуби киҷҷарон аст. Бо ҷӯшоби баргу пояи З. ҳангоми касалиҳои пӯст (шукуфа, экзема, хоришак) оббозӣ мекунанд. Дар баргу пояи З. алкалоиди пеганин ёфт шудааст, ки ҳангоми заъф ва дистрофияи мушакҳо, миопатия давои хуб мебошад (онро 1-қурсӣ рӯзе 2 – 3 маротиба таъин мекунанд). Муқаррар шудааст, ки пеганин фишори шараёнро паст карда, ба фаъолияти рӯдаҳо тақвият мебахшад, таъсири талхаронӣ ва мусҳил (дарунрон) дорад.
Ад.: Қобилов Н.М., Лекарственные растения Таджикистана, Д., 1962; Ковалева Н.Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А.Д., Лекарственные растения СССР и их применение, М., 1974; Гаммерман А.Ф., Гром И.И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …