Главная / Илм / ЗАГИЛОМОС

ЗАГИЛОМОС

zagilomosЗАГИЛОМОС (Condyloma), кондилома, омоси озахшаклест, ки дар луобпардаи мақъад ва узвҳои таносул падид меояд. З. баъзан ба миқдори зиёд пайдо шуда, «гулкарам»-ро мемонад. З. бемории сироятӣ буда, ангезандаи он дар натиҷаи алоқаи ҷинсӣ интиқол меёбад. Ангезандаи беморӣ баъзе вирусҳои папилломаи одам мебошанд (Human papillomavirus; HPV 6 ва HPV 11). Аз штаммҳои сершумори HPV махсусан штаммҳои 6, 11, 30, 42, 45, 51 ва ғ. сироятангезанд. Зуҳуроти З. дар мардҳо нисбатан кам ба мушоҳида мерасад (нишонаҳои он асосан дар сари олоти таносул, хоя ва атрофи мақъад пайдо мешаванд).
Аз лаҳзаи сироят ёфтан то пайдоиши нишонаҳои аввалини беморӣ (кондиломаҳо) тақр. 9 моҳ (бештар 1 – 3 моҳ) сипарӣ мегардад. Дар баъзе мавридҳо сирояти папилломавирусӣ пас аз 1 – 2 сол худ аз худ нест мешавад.
Муолиҷаи З. ба тарзи моҳирона дур сохтани он асос ёфтааст. Дар тибби муосир барои табобати З. аз усулҳои ҷарроҳӣ (аз ҷумла муолиҷаи лазерӣ), доруҳои химиявӣ, криотерапия (муолиҷа бо нитрогени моеъ) истифода мекунанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …