Главная / Илм / ЗАЪФИ БОСИРА

ЗАЪФИ БОСИРА

zafi-bosiraЗАЪФИ БОСИРА, ноҷӯриҳое, ки боиси суст шудани нерӯи биноӣ мегарданд. З. б. сабабҳои гуногун дорад. Мас., агар дар пиронсолон ногаҳон яке аз чашмҳо нобино шавад, пас сабаби он мумкин аст халал ёфтани хунгардиш дар мағзи сар ё шабакия бошад. Дар ин ҳолат фавран ба духтури терапевт, невропатолог ё офталмолог муроҷиат кардан лозим аст. З. б. бинобар истифодаи баъзе доруҳо (антидепрессантҳо, доруҳои гормонӣ, зидди ҳамл, хобовар ва ғ.) низ ба вуҷуд меояд. Агар ҳис кардед, ки чашм торик ва биноӣ бад гаштааст, пас сабаби он мумкин парда гирифтани чашм бошад. Дуруст дида натавонистани ашёи наздик, зуд хаста шудани чашм, хонда натавонистани китоб (аз наздик) нишонаҳои дурбинӣ буда, ниёз ба кӯмаки духтури офталмолог дорад. Яке аз маризиҳои маъмули чашм катаракта аст. Дар мавриди он ашё чӣ аз дур ва чӣ аз наздик ба назар хира менамояд (онро бо ҷарроҳӣ табобат мекунанд). Глаукома низ боиси З. б. ва ҳатто нобиноӣ гашта, табобати махсус мехоҳад.
Ниг. низ Босира, Чашм.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …