Главная / Илм / ЗАЪФАРОН

ЗАЪФАРОН

zafaronЗАЪФАРОН (Crocus sativus), заъфар, гиёҳест пиёзакбехи бисёрсола. Баландиаш 10 – 30 см. Пояи кӯтоҳ, барги борик, гули зард, бунафш ё сафед (дар ҳар бех 1 ё 2-то), ғӯзаи сертухм, тухми майдаи мудаввар дорад. Авг. – нояб. гул мекунад. З.-и худрӯй маълум нест. Ватани онро Сурия, Эрон, Осиёи Хурд медонанд. З.-ро дар Европаи Ҷанубӣ, Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон, Хитой, Япония, Африкаи Шимолӣ ва ғ. ҳамчун гиёҳи хушбӯи ғизоӣ, шифоию ороишӣ мекоранд.
З. гиёҳи шифобахши хеле қадимист. Онро ҳанӯз дар Миср, Фаластин ва Юнони Қадим кишт мекарданд. Дар дастхатҳои бостонии Эберс З.-ро ҷузъи таркиби 30 хел дору хондаанд. Дар тибби илмӣ гардгираки гули З. (Flos croci)-ро дар табобати касалиҳои меъдаю рӯда ва чун воситаи пешоброн ба кор мебаранд. Аз 1 га заъфаронзор то 20 кг ашёи хом (гардгираки гул) меғундоранд. Барои тайёр намудани 1 кг гардгираки хушки гул 150 – 200 ҳаз. гул лозим аст.
Бино ба ақидаи табибони халқӣ агар З.-ро истеъмол фармоянд, фараҳи бисёр меоварад, ҳамаи даҳ ҳисси одамиро қавӣ мегардонад; пешобро меронад, қабзкунанда аст (яъне моддаҳои зарарнокро манъ мекунад), боҳро ба ҳаракат меоварад; қувватбахши ҷигар, аъзои дарунӣ ва нафас мебошад, хичак ва гурдаро пок менамояд; гиреҳҳои майна, ҷигар ва сипурзро мекушояд. З.-ро бо асал истеъмол намоянд санги гурда ва пешобдонро майда карда мерезонад, бо кокутӣ бихӯранд, дарди бачадон ва мақъадро рафъ мекунад. Агар онро ос карда, чун сурма ба чашм кашанд, чашмро равшан мекунад, пардаи ба он афтодаро дафъ менамояд, шилпуқӣ ва реши чашмро шифо мебахшад.
Истеъмоли аз ҳад зиёди З. ба гурда зарар дорад, мумкин аст дилро беҳузур созад. Аз З. равған ҳам тайёр мекунанд. Бо ин мақсад 225 грамми онро дар 1050 г равғани кунҷид ё зайтун 45 рӯз андохта мемонанд (ҳар рӯз кофтан лозим аст). Агар равғани З.-ро бимоланд асабро мулоим мекунад, хоб меоварад.
Ад.: Скляревский Л.Я., Свойства пищевых растений, М., 1972; Чиков П.С., Лаптев Ю.П., Витаминные и лекарственные растения, М., 1976; Зоҳидов Ҳ., Канзи шифо, Д., 1998.

Рабство

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

pompeo

Помпео бо вазирони корҳои хориҷии Озарбойҷон ва Арманистон гуфтушунид мекунад

Котиби давлатии ИМА – Майкл Помпео эълом дошт, ки музокирот рӯзи 23 октябр баргузор мешавад. …