Главная / Гуногун / Забткориҳои Русия дар Осиёи Марказӣ дар солҳои 70

Забткориҳои Русия дар Осиёи Марказӣ дар солҳои 70

Англия аз бомуваффақият истило карда шудани Осиёи Марказӣ аз тарафи Русия ба ташвиш афтода, соли 1869 роҷеъ ба таъсиси давлати ”мобайнӣ”-и бетарафи байни минтақаҳои зери тасарруфи Англия ва Русия масъала ба миён гузошт. Мувофиқи нақшаи англисҳо мебоист Афғонистон чунин давлат мешуд. Дар ин нақша ба Афғонистон ҳамроҳ карда шудани Бадахшон низ дар назар дошта шуда буд. Дарёи Аму бояд сарҳади қаламрави зери нуфузи Англия ва Русия муқаррар карда мешуд. Мақсади асосии Англия он буд, ки Афғонистонро ба зери тасарруфи худ дарорад. Дар аввали соли 1873 роҳбарони Англия ва Русия ба чунин мувофиқаи пинҳоние омаданд, ки Русия бар хонии Хева пуштибон будани худро эълон мекунад ва пуштабонии Англия бошад, бар Афғонистон муқаррар карда мешавад. Баъди қабули ин қарордод К. П. Кауфман ба Хева лашкар кашид. Охири моҳи майи соли 1873 артиши русии Туркистон ва Оренбург ба шаҳри Хева ҳуҷум кард. Хони Хева Муҳаммадраҳими II аз ин ҳуҷуми русҳо бохабар шуда, қароргоҳи худро тарк карда, ба айлоқи Хазовоти туркманӣ рафт. Ба ҷои Муҳаммадраҳими II муқобилонаш бародари ӯ Атоҷонтӯраро ба тахти хонии Хева мешинонанд. Вале К. П. Кауфман хони навро эътироф накарда, ба назди хони собиқ – Муҳаммадраҳими II қосид фиристода, талаб мекунад, ки ба қароргоҳаш баргашта, иҷрои вазифаи худро давом диҳад. 2 июни соли 1873 Муҳаммадраҳими II ба Хева баргашт ва 12 августа соли 1873 ба қарордоди байни Русия ва Хева, ки онро худи русҳо таҳия карда буданд ва аз 18 модда иборат буд, имзо гузошт. Дар моддаи аввали он навишта шуда буд, ки хони Хева ба Русия итоат мекунад ва бе иҷозати ҳукумати Русия бо ягон давлати ҳамҷавор муоҳида намебандад ва ё ҷанг эълон намекунад. Русия заминҳои сохили рости дарёи Амуро аз Хева кашида гирифта, як қисми онро ба ивази дар давраи ҷанги зидди Хева ба артиши рус кӯмак расонидани амир ба аморати Бухоро медиҳад.

0960b2be

Соли 1876 дар хонии Қӯқанд барои ҳукумати мустамликавии генерал-губернатори Туркистон вазъи ташвишомез ба амал омад. Мардуми он ба муборизаи озодихоҳона бархоста буд. Ҳукумати подшоҳии Русия аз ин баҳона истифода бурда, 19 феврали ҳамон сол хонии Қӯқандро барҳам зада, онро бо номи вилояти Фарғона ба ҳайати губернияи Туркистон ҳамроҳ кард.

Загрузка...

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

102668_soc_8

Реализми сотсиалистӣ

Ин ҷараён ба ҳаракати коргарӣ ва пайдоиши иделогияи сотсиалистӣ алоқаманд аст. Он асосан аз Коммунаи …