Главная / Гуногун / Забти Ҳисор

Забти Ҳисор

Муҳаммадамини Ҳисорӣ баробари марди ҷасур ва сипоҳӣ будан, бо хунхорӣ ном бароварда буд. Касони зиёд аз ӯ тарсида ва норизо гашта, аз вилоят фирор намуданд. Ҳатто баъзе ноҳияҳо аз тасарруфи беки мазкур баромада ба тобеияти Бухоро гузаштанд. Бар абас рафтани нақшаи хони Бухоро нисбати Ӯротеппа ва иштироки ҳокими Ҳисор дар он корзор, норозигии мардуми вилояти мазкур аз Муҳаммадаминбӣ, хони Бухороро водор намуд, ки нақшаи чандинсолаи худро амалӣ гардонад. Муҳаммадраҳимхон ба сӯи Ҳисор ду маротиба лашкар кашида, солҳои 1757-1758, баъди ҷанги шадид мулки мазкурро забт кард. Ҳокими он Муҳаммадамини юз асир афтод, вале назди хони Бухоро cap фуруд наовард. Муҳаммадраҳимхон ӯро ба қатл ҳукм кард. Асирро ба сари бозори Ҳисор бурда, ба дор овехтанд.

hissor

Дар Ҳисор истеҳкомоти нав сохта шуд. Чун Ҳисор ва вилоятҳои атрофи он барои хони Бухоро аҳамияти калон доштанд ва феодалони ин маҳалхо саркаш буданд, Муҳаммадраҳимхон амаки худ Дониёлбиро ҳокими Ҳисор ва вилоятҳои Кӯҳистон таъин намуд. Бо ин ғалабааш Муҳаммадраҳимхон дар Ҳисор, Қубодиён, Қундуз ба якборагӣ дастболо гардид. Мулки Балх ва тобеоти он – Кӯлоб ва Бадахшон тобеи мулки Ҳисор, яъне Дониёлбӣ шуданд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …