Рўзи душанбе.
Аз пагоҳӣ борон сим-сим меборид.
Аброр дўсташ Ҷабборро ғамгину маъюс дида, хавотиромез пурсид:
– Ҳа, чӣ шуд? Аз қошу қавоқат барфу борон меборад?
– Эъ, кӣ кашад ҷабру ҷафо, кӣ кунад кайфу сафо, – бо андўҳи бепоён ҷавоб дод Ҷаббор. – Айюби Буз мепарад.
Аз чӣ бошад, ки Аброр як қад парид.
– Мепарад? Аз вазифа?
– Э, не-е, – даст афшонд Ҷаббор. – Ба Япония мепарад.
Табиист, ки аз ин хабар Аброр хеле хушҳол гашт.
– Боз зиёфат мехўрдаем-да!
– Ҳа, мехўрӣ, аз қоқи нав, – заҳрханда зад Ҷаббор. – Умед набанд.
– Чаро намедодааст? Магар ў зиёфати дигаронро кам хўрдааст?
– Ин зотҳо мехўранду намедиҳанд, – гуфт ва паси ҳам се бор атса зад.
Аброр қаҳқос зада хандид.
– Ана худат тасдиқ кардӣ: Ҳақ асту рост! Ту ҳам мехўрӣ.
– Намехўрам!
– Э чаро?
Ҷаббор нигоҳи таҳдидомезе ба ў афканд.
– Аз пули дўздӣ, ҳаром аст.
– Эъ бахилӣ накун. “Роҳ зану эҳсон кун!” – гуфтаанд.
Воқеан ҳам Айюби Буз чунон зиёфат дод, ки даҳони ҳама воз монд.
– Ана ин ҷавонмардӣ! – хитоб намуд яке. – Ин хел одами сахӣ ва дасткушодро дар умрам надидаам.
– Ҳа, Худо ба ў назар карда будааст, – гуфт дигаре.
– Не, мақоли русҳо дуруст баромад, – эътирозомез гуфт сеюмӣ.
– Боз кадом мақол? – бо ҳайронӣ пурсид якўмӣ.
– «Бахт набуд, бадбахтӣ ёрӣ расонд!» – ҷавоб дод ў. – Аз рўи инсоф гўед, агар собиқ Иттифоқи Шўравӣ барҳам намехўрд, Айюби Буз, ки тамоми умр қиморбозӣ мекард, соҳиби тахту бахт мешуд?!
– Ҳа, рост. Дар шаби хобаш ҳам намедид, – тасдиқ намуд дуюмӣ.
– «Кто был ничем, стал всем!» – хитоб намуд сеюмӣ.
Айюби Буз ба Япония рафта баргашт ва ба назди сардор даромад.
– Ассалом, ҷаноби раис!
– Эъ, биёед, биёед, Айюбҷон! – сардор аз ҷояш бархоста, бо табассуми ширине ўро истиқбол намуд.
Айюби Буз аз «Айюбҷон» гуфтани сардор ранҷид ва бо қаҳр гуфт:
– Прошу, номи маро бошикаст нагир! О, ман какойта головотяп не-ку?! Маро Айюби Буз мегўянд! Айюби Буз!
– Охир, падаратон ба шумо Айюбҷон ном мондагӣ…
Айюби Буз сухани ўро қайчӣ зад:
– Лекин замона ба ман номи муносибро дод – Айюби Буз.
– Гапатон маъқул-куя, – хиҷолат кашида, забон хоид сардор. – Лекин…
– Лекинашро я вам скажу раис, берегите нервы, – гуфт ў. – Просто Айюби Буз гўед.
Сардор гаранг-гаранг гуфт:
– Илтимос, ҳамин чизро аз ман талаб накунед.
– Ну и скажете, аз ин хусус переживать накунед. Кароче Айюби Буз гуфтан гиред.
– Охир, забонам намегардад…
– Э, чаро намегаштааст. Охир, забон дар даҳони ту-ку? Забоне ки итоат намекунад, бурида партофтан лозим.
– Ҳа, хуб, хуб. Ана Айюби Буз…
– Э спасибо шавед, раис. Ана дидед, умница.
– Хайр, марҳамат шинед, – бо табассум ба ў курсиро муроот кард сардор.
– Не, спасибо, как говорится, чухт меистам. Аз шиштана касали безеб заработать кардан мумкин, – табассуми асроромез намуд Айюби Буз.
– Дар урфият: “Аввал таом, баъд калом!” – мегўянд…
– Э, мо ин қоидаро паламат кардем! “Аввал калом мезанем, баъд таом!”
– На-хо-од?! Ҳа, гуфтагӣ барин, сафари Япония нағз гузашт? – пурсид сардор. – Маъқул шуд, охир?
– Эҳ, неспрашивайте. Дай бог, ки шумо ҳам равед. Э, чунон маъқул шуд, ки мондан гиред.
– Духтарош маъқул шудагист-а? – чашмакӣ зад сардор.
– Ҳа-ҳа-ҳаҳаҳа! Э мардак! Ҳа-ҳа-ҳаҳаҳа!
Сардор ҳам баробари ў хандид.
– Духтарошба-ку гап нест, сад фоиз! Лекин шаф-шаф накарда, шафтолўи гапро гўям, забонашон чунон ширин, ки мондан гиред!
– Наход?! Ҳичӣ ёд гирифтед, охир?
– О-о, не спрашивайте, як чӣ ним чӣ ёд гирифтам.
– Хайр, хайр. Ку, ягон гапашро гўед чӣ?
– Не, шумо пурсед, ман ҷавоб диҳам.
– Хайр, ана ман ба забони японӣ чӣ мешавам?
– Пожалуйста, ҳозир мегўям. Хан!
– Оҳо, чӣ забони ширине. Кабинетам чӣ?
– Хата Хана!
– Котибаам?
– Сучка хана!
– Коргарон?
– Рабы Хана!
– Мошинам?
– Тачка Хана!
– Занам?
– Дайду Хана!
– Духтарам?
– Олуфтасатанг Хана!
– Писарам?
– Сакалту Хана!
– Прокурор?
– Кент Хана!
– Вазир?
– Бог Хана!
– Ту?
– Аҷал Хана!
Дар чеҳраи сардор якбора қароҳият ва танаффур чун барқ ҷилва намуд. Теғи нигоҳ бар ў равон карду дод зад:
– Вон ай хата Хана!
Хандае зад заҳрдор.
– Ҳай-яй-яй!
Аз ғояти ғазаб сурх шуда буд.
– Чӣ-ӣ?!
Таҳдидомез нидо зад:
– Фаромўш кардӣ!
Ҳайратӣ пурсид:
– Чиро?
Айюби Буз дарҳол хитоб намуд:
– Онро, ки каждый «вон» дорад “звон”!
Асабонӣ шуд, худашро гум кард, ба рўяш пак-пак нигоҳ кард.
– А, чӣ гуфтӣ? Звон?!
– Яъне возврат дорад! – сахту дурушт хитоб намуд Айюби Буз ва аз дар баромад.
– Уф-ф! – гўён, ба курсӣ нишаст.
Нишасту шах шуду карахт.
Баъд дилашро ғаму ғусса фаро гирифт. Фикри “вон”-у “звон” дар сараш чарх мезад ва ўро азоб медод.
Чуқур-чуқур нафас мегирифт, гўиё роҳи нафасгириаш торафт танг шуда мерафт.
Сардор дарк намуд, ки Айюби Буз ба «Хата Хана!» бармегардад.
Бармегардад?!
Ҳа, ҳатман!
Ҳамчун корафтода?!
Э, не-е, не!
Ҳамчун «Хан!».
Ба пушту пеш, чапу рост ва поину боло чашм давонд.
Ҳеҷ бўи умед набуд.
Якбора тарсу сиёҳӣ ба дилаш нишаст.
– Худо зад!
Ва дилаш суст шуд!
Дар рўяш хун намонд!
Аз ҳайкали гаҷӣ фарқ надошт!
7 октябри соли 2000