Главная / Гуногун / ЗАБОНИ ОСОРИ РЎДАКӢ

ЗАБОНИ ОСОРИ РЎДАКӢ

Осори боқимондаи Устод Рўдакӣ бо забони нағзу сараву пухтаву пурсарвати худ садсолаҳо боз диққати аҳли таҳқиқро ҷониби худ мекашад. Устод Садриддин Айнӣ ҳаяҷонбахшу пуртаъсир ва, дар айни замон, содагӣ, равонӣ ва пухтагии онро ба назар гирифта, навишта буд: «Забони шеъри Рўдакӣ бисёр содаву ҳамафаҳм аст. Ў калимаҳои арабиро бисёр кам кор мефармояд ва аз суханҳои форсии тоҷикӣ ҳам бештар содатарину омафаҳмтаринашро чида гирифта, ба кор мебарад… Гуфтан мумкин аст, ки бештарини шеърҳои Рўдакиро тоҷикони имрўза ба осонӣ мефаҳманд».187

Ба гуфти мўҳтарам Расул Ҳодизода, «Забони шеъри Рўдакӣ ҳар қадар сода бошад, фикру ҳаяҷонҳои дар он баёнёфта ҳамон андоза амиқ ва пурмазмунанд. Бо чунин забони сода ифода намудани фикрҳои олӣ маҳоратест бузург, ки онро С. Айнӣ санъати «саҳли мумтанеъ» (яъне, дар назар осон намояд ҳам, адо намудани он душвор аст) номидааст.188

Ҳамаи ин гувоҳи он аст, ки Устод Рўдакӣ шоъири ниҳоят даррок, рўшанбин, ҳикматпеша ва дар ҳунари нигорандагӣ хеле чирадаст ва аз ҳамин рў барои суханварони замони худ муқтадо буд. Барои ҳамин, ҷойи таъаҷҷуб нест, ки тамоми адибону таърихнигорони давр ўро чун касе, ки дар офарандагӣ устоди устодони шеъри дарӣ ва некўсухану матингуфтор аст, мавриди тақлиди худ қарор додаанд ва ҷамеъи қаламфарсоёни қуруни X — XX ин сифати Устод Рўдакиро ситоиш кардаанд. Мо ҳам ҳунари волои Устод Рўдакиро дар офариниши ашъори фалсафӣ, ҳикматомез ва ҷавҳари инсонпарварии шеъри ўро ба назар гирифта, ўро чун шоъири ҳаким пазируфтаем, яъне Устод Рўдакӣ шоъири ҳаким аст.

Мо Устод Рўдакиро шоъири ҳаким гуфтем. Турфа он аст, ки бо вуҷуди камӣ олами ашъори Рўдакӣ басе рангоранг буда, дар маркази он Инсони муҳаррики пўё, шахси кордони кўшо ва одами аз ҷиҳати ақлу тамиз комиле, ки пиндори неку гуфтори неку рафтори нек аз хислатҳои писандидатарини ўст, қарор гирифтааст. Инсоне, ки Устод Рўдакӣ ба тасвири ҳусни зоҳир ва олами ботини ў мепардозад, қабл аз ҳама, _____________________________________

  1. Устод Рўдакӣ (ба хатти лотинӣ), Сталинобод, 1940, саҳ. 25.
  2. Рўдакӣ ва замони ў, саҳ. 127.

шахсияти озод, бофарҳанг, соҳиби дониши мукаммал, бихрад, дунёдида, таҷрибаандўхта аз таърихи башар ва воқеъаҳои гузашта ибратгирифта ва намунаи тақлид буда, пайдост, ки идеали инсонии шоъирро инъикос менамояд. Аз мутолиъаи мероси фикрии боқимондаи Устод Рўдакӣ, бидуни тардид, моҳияти ҷаҳонбинӣ, ақидаҳои иҷтимоъӣ, андешаҳои ҷамъиятӣ, фикрҳои тарбиявӣ, пиндори ахлоқӣ, масъалаҳои ҷаҳонфаҳмӣ, таъвили нукоти зиндагӣ ва панду андарзҳои ў ба таври махсус ҷилва мекунад. Ин шеваи калом, дар айни ҳол, ба навъи чашмгире афкори пешқадам ва андешаҳои тараққихоҳи адибро роҷеъ ба масъалаҳои маргу зиндагӣ, ҳаёту мамот, шодию дард, васлу фироқ ва тазодҳои дигари рўзгори мардумон ба хубӣ метавонад инъикос намояд.

Мутолиъаи осори Рўдакӣ собит менамояд, ки ў таркиби табақавӣ ва ақшори ҷомеъаи замони худро бо тамоми ҳуқуқҳо, пиндорҳо ва мақоми ҷамъиятии онҳо амиқ дониста, дар шеъри худ назаррас ба қалам медиҳад. Мусаллам аст, ки дар сари ҷомеъа амир меистад. Рўдакӣ ўро бо номҳо ва унвонҳои амир (Агар амири ҷаҳондор доди ман надиҳад, — Чаҳорсола навиди маро кӣ ҳаст хиром?), шоҳ, Хусрав (Хусрави ба тахти пешгоҳ нишаста, — Шоҳи мулуки ҷаҳон- амири Хуросон), подшоҳ, шоҳаншоҳ, шаҳриёр (Ҳар ки сар аз панди шаҳриёр бипечид — Пойи тарабро ба доми гурм дарафканд), хадеш, Малик (Малико! Ҷашни Меҳргон омад,— Ҷашни шоҳону хусравон омад), ёванд (Чу ёвандон ба маҷлис май гирифтанд, — Зи маҷлис маст гаштанду рафтанд) ёд мекунад. Ёвар, маслиҳатгар, чорасоз ва дастурдиҳанда ба амир, кишвар ва мардум вазир аст (Ройи вазирон туро ба кор наёяд, — Ҳар ҷо савоб аст, бахт фармояд). Балъамӣ барин вазирон тамоми корҳои адабӣ, динӣ, фарҳангӣ, умури дохилӣ ва хориҷии кишварро анҷом медоданд. Лашкару сипоҳ такягоҳи мулку малик аст. Ин лашкару сипоҳи мусаллаҳ бо тиру камон, сарпош, найзаву шамшер, теғу пайкон, хадангу синон ва гулўлаҳои нафтбор размида, душманро саркўб намуда, ба мушоҳидаи ў хасм (Ба гази найза қади хасми ту мепаймоянд, — То бибурранд ба шамшеру бидўзанд ба тир), адў (Ҳамекуштӣ, то дар адў намонд шуҷоъ, — Ҳамебидодӣ, то дар вало намонд фақир) ва бадхоҳонро дар дил бим меафканд (Хайли разми ту гар дар дили адў гузарад, — Зи бими теғи ту бандаш ҷудо шавад аз банд). Дар ин корзор гурдони ҷангҷў (настўҳ) бо миғфар, ки хўд аст ва хафтон- сипар (Сипар ба пеш кашидам ханданги қаҳри туро, — Чу тир бар ҷигар ояд, сипар чӣ суд кунад?) ва ҷавшан худрову кишварро ҳимоят мекунанд.

Ҷанг (Он кас, ки туро диду туро бинад дар ҷанг, — Донад, ки ту бо шер ба шамшер даройӣ), фитнаву ғавғо (Ҳама ниюшаи хоҷа ба некиву сулҳ аст, — Ҳама ниюшаи нодон ба ҷангу фитнаву ғавғост) хоси ашхоси нодон буда, агар ба қабзаи камон дасти амири Хуросон расад, аз тарси  тири ў, ки Рўдакӣ онро «нисол» гуфтааст, замину замон меҳаросад (Равон зи дидаи афлокиён шавад Ҷайхун, — Нисоли тират агар қабзаи камол лесад) ва душман мисли аждаҳо бошад ҳам, дар шамшери ў чун мум об мегардад (Душман ар аждаҳост, пеши синонаш, — Гардад чу мум пеши оташи сўзон). Канизак, банда, раҳӣ, чокар, ғулом, ридак, пешкору пешёр ҳама хизматгори кишвар буда, дар ободӣ ва нигоҳбонии он саҳмгузор ҳастанд. Ба ин мумосибат, Устод Рўдакӣ аспсаварӣ ва навъҳои аспро ситоиш менамояд. Аспи нуҳоз (пешрави гала), аспи арабӣ, хинг, наванд, якрон, рахш дар назари Рўдакӣ зеби кишвар аст. Чун асли Рўдакӣ аз деҳқону деҳнишинон буд, ў ба хубӣ медонист, ки дар зиндагии деҳотиён буз, меш, гўспанд, барра, нахчир, рама, шот, ғуҷ, гов, уштур ва шутур, ки номи дигарашро шоъир «сор» мегўяд, ҳар як ба чӣ арзише соҳиб буданд. Вале ў нерўмандии амири мамлакатро ба фили маст (пили даманда) ташбеҳ медиҳад. Таъбири «уштури маст» ва таркиби «курраи навзин» символҳое ҳастанд, ки саркашу нерўманд, зудҳаракату сарнафуроранда ва навнумў будани давлатро таъвил мекунанд. Шер, зайғам, паланг, гург, юз (Он малики Нимрўзу хусрави пирўз — Давлати ў юзу душман оҳуи нолон), оҳубарра ва рўбаҳ (Кард рўбаҳ юзворӣ як зағанд,— Хештанро з-он миён берун фиканд), гурба, харгўш, мор (Мор аст ин ҷаҳону ҷаҳонҷуй моргир, — Аз моргир мор барорад ҳаме димор), гурза, афъӣ, каппӣ, ки бўзина аст, муш, каждум, карбоша ва карпоша, ки калтакалоси заҳрнок аст (Чоҳ пуркарбошаву пуркаждумон, — Хўрди эшон пўсти рўйи мардумон) бо наҳангу моҳӣ ба Устод Рўдакӣ имкон медиҳад, ки образҳои зарурӣ офарад:

Он саҳни чаман, ки аз дами дай,

Гуфтӣ, дами гург ё паланг  аст,

Акнун зи баҳори монивитабъ

Пурнақшу  нигор  ҳамчу «Жанг»  аст!

Бар  киштии умр такя  кам  кун,

К-ин Нил нишемани наҳанг аст!

Ҳусни баҳор ва зебоиҳои табиъати  афсунгарро бо гулу  лола,  савсану  арғувон,   бунафша,   пилгўшу  садбарг, ёсамину барғаст, райҳону наргис, насрину настаран,  нилуфару суман,  сен  ва  саму,  сунбул,  боғу  роғ, бўстону чаман  ва кўҳу даманро хуррам ҷилва медиҳад. Масалан, мардуми ҳунарманди кишвар аз ғеша-гиёҳе бурёву ҷувол мебофанд, ки ин ҳусни табиъат фақат барои дидан нест, он эҳтиёҷи мардумро мебарорад. Ғешаро акнун дар кўҳистони Панҷакент ғўш мегўянд, ки банди борик ба андозаи сарангушти марди ҳузарбтан дошта, дар сояи дарахтони азимҷусса то 3—3.5 метр мерўяд.  Аз пўстлохи он бўрё, сабад ва пойафзол мебофанд. Навъи дигари ҳамин дарахт, ки онро мушша меноманд, дар алоҳидагӣ мерўяд ва шоху барги зиёд дорад. Вале аз пўсти он намешавад истифода кард. Гулу сабза ва раёҳину себарга ба шеъри Рўдакӣ рангу бўйи тоза, тариву нармӣ ва ҳусни гуворо ато фармуда, боридани шабнам, ки онро шоъир жола мегўяд, накҳату таровати дилрабое мебахшад.

Устод Рўдакӣ қишрҳои аҳолии мамлакатро хуб медонад. Дар байни сойири табақоти мардуми ҷомеъа деҳқонро, ки ашрофзодаи эронӣ ва деҳхудост, кадеварро, ки ба боғбонию кишоварзӣ машғул аст, зеби мамлакат медонад. Аммо ангашба, ки деҳқони молдори муфтхўр аст, худпарасту худхоҳ аст, ба мамлакат зиён меоварад. Кадевар бошад, бо белу каланд, ки дар шеъри Рўдакӣ шакли «кананд»-ро дорад, досу доскола кишварро обод, хирманҳоро пур, заминро шудгор мекунад; марди муздур бо гирифтани ҳаққи заҳмати худ ба кори деҳқону косиб кўмак мерасонад. Инҳо ҳама тобеъи амиру вазир ва ҳокиманд. Себу биҳӣ, сунҷиду челон, пиставу бодом, беду нашк, сарву парварда, бо дастрас намудани уду бон ва сандал сарвати ватанро меафзояд. Ангуру анҷиру анор (нор) зеби дастархон (суфра) аст. Аммо нон чизи асосист. Доранда нони ғафси калон ва гандуми сафед мехоҳад, ки онро «шамаз» мегўянд (Нонаки кашкинт раво нест низ, — Нони шамаз хоҳӣ гирду калон). Нони ҷавин (кашкин)-ро бисёриҳо орзуманданд, ҳарчанд онҳое, ки нони гандуми ҷаззадор, ки мағзи бодом, чормағз ва шираи қанд омехта мепазанд, дар суфра доранд, кам нестанд. Ин навъи нонро дар замони Рўдакӣ «фарахша» мегуфтанд. Майли Устод ба тарафи бенавоёни муҳтоҷи нони ҷав аст:

Басо касо, ки бара асту фарахша бар хонаш,

Басо касо, ки ҷавин нон ҳаме наёбад сер.

Мубодират куну хомуш мабош чандино,

Агар-т бадра расонад ҳаме ба бадри мунир!

Аммо Устод Рўдакӣ бо тамоми ҳастӣ ба тарғиби ғанимат шумурдан, хуш гузаронидани вақт ва ҳедонизм мепардозад, айшу нўшро талқин мекунад. Бо ин мақсад, ў бо ҳаяҷони шоъирона малоҳӣ, яъне асбоби айшу ишратро меситояд (Шуд рўзаву тасбеҳу таровеҳ ба як ҷой, — Ид омаду омад маю маъшуқу малоҳӣ) ва маю бодапоймоиро чун воситаи шодмонибахш дар самоъ, базмҳои айшу тараб, ҷамъомадҳои дўстона, зиёфатҳои шоҳона ва амсоли инҳо тасвир намуда, навъҳои гуногуни майро чун секӣ, яъне мусаллас, соф, яъне шароби ноби зулол, дурд, яъне таҳнишини май ё шаробе, ки ҳанўз тоза карда нашудааст, шароби рахшон, майи рахшон, бодаи сайёл, набиз, яъне шаробе, ки аз хурмо месозанд, бо хусусиятҳои хосашон тавсиф менамояд. Ба фикри Рўдакӣ, май меъёрест, ки дараҷаи одамгарӣ, озоду банда, ғуломи зархарид ва инсони шарафманд будани каси бодапайморо ба ҳамагон намоиш медиҳад.

Рўдакӣ надими хоси шоҳ буд. Аз ин ҷиҳат қоидаҳои майнўшӣ, шаробхорӣ ва бодапаймоиро нағз медонад. Дўстгонӣ — пиёлаи пуропури шаробе, ки касе бенавбат ба шарафи дўсти содиқаш менўшад, ғориҷӣ — майнўшии субҳона барои дафъу рафъи хумори шабона. Айшу тарабро ў «куруз» меномад:

Бо курузу хуррамӣ оҳу ба дашт

Мехиромад чун касе, к-ў маст гашт.

Шаробро то навбаҳор (рўзҳои Наврўз) ва нимаи найсон (ҷўши баҳор) нигоҳ дошта (Ҳам ба хум-андар ҳамегудозанд чунин — То ба гаҳи навбаҳору нимаи найсон), ҳангоми Наврўзу Меҳргону Сада дар базмхона бодадиҳанда (Бодадиҳанда буте бадеъ зи хубон — Баччаи хотуни турку бачаи хокон) аз майи лаълфом ба кадунима, ки як навъ зарфи махсуси шароббарист (Лаъли майро зи дурҷи хум баркаш, — Дар кадунима кун, пеши ман ор) онро андохта, пеши аҳли маҷлис мебурданд, ки онҳо ба айшу тараб бипардозанд. Аҳли зиёфат ҷомҳои лаболаб, соғарҳои булўрин ва паймонаҳои саршор, яъне ратлро пур карда (Буданӣ буд, май биёр акнун, — Ратл пур кун, беш магўй сахун), дар такуки шоҳвор, ки ҷоми тиллойӣ, нуқрагин ва гилинест, ки дар шакли сари гов, шер ва тула сохта шуда бошад (Хур ба шодӣ рўзгори навбаҳор — Май гусор андар такуки шоҳвор), май нўшида, бо фароғати хотир дар зери нағмаи руд ва ҳидояти соқӣ (Соқӣ, ту бидеҳ бодаву мутриб, ту бизан руд, — То май хурем имрўз, ки вақти тараби мост) тарабу шодмонӣ меварзанд. Қасидаи «Модари май» гўётарин намунаи тарғибу талқини ҳедонизм аст. Абёти зайл низ аз намунаҳои олии тасвири май дар осори боқимондаи Рўдакист:

Биёр он май, ки, пиндорӣ, равон ёқути ноб астӣ,

Ва ё чун баркашида теғ пеши офтоб астӣ!

Ба покӣ, гўйӣ, андар ҷом монанди гулоб астӣ,

Ба хашшӣ, гўйӣ, андар дидаи бехоб хоб астӣ!

Саҳоб астӣ, қадаҳ, гўйиву май қатри саҳоб астӣ,

Тараб, гўйӣ, ки андар дил дуъои мустаҷоб астӣ!

Агар май нестӣ, яксар ҳама дилҳо хароб астӣ,

Агар дар колбад ҷонро надидастӣ, шароб астӣ!

Агар ин май ба абр—андар ба чанголи уқоб астӣ,

Аз он то нокасон ҳаргиз   нахўрдандӣ, савоб астӣ!

Ба қавли Устод Рўдакӣ, вижагии май он аст, ки баъди нўшидан кӣ будани одамро, ки ашрофзодаест ё ғуломи зархарид аст, нишон медиҳад. Махсусан, дар баҳорон майгусорӣ хушу тарабфазост. Ҳатто, агар шахси мумсик шароб нўшад, дар асари он саховатманд мегардад:

Май орад  шарафи мардумӣ падид,

Озоданажод аз дирамхарид!

Май озода падид орад аз бадасл,

Фаровон ҳунар аст андар ин набид!

Ҳар он гаҳ, ки хурӣ май, хуш он гаҳ аст,

Хоса чу гулу ёсаман дамид.

Басо ҳисни  баландо, ки май кушод,

Басо курраи навзин, ки  бишканид.

Басо дуни бахило, ки май бихўрд,

Каримӣ ба ҷаҳон – дар пароканид.

Ин навъи шаробро Устод Рўдакӣ бо муболиға офтобе меномад, ки бинўшӣ, акси он аз рухон намоён мешавад:

Биёру ҳон бидиҳ он офтоб, к-аш бихурӣ,

Зи лаб фурў шаваду аз рухон барояд зуд!

Чунин май оҳуро ба шер мубаддал мегардонад ва, ҳатто, наҳангро маст мекунад:

З-он май, ки гар сиришке аз он барчакад ба Нил,

Сад сол маст бошад аз бўйи ў наҳанг.

Оҳу ба дашт гар бихурад қатрае аз ў,

Ғурранда шер гардаду н-андешад аз паланг.

Зеғол — пиёлаи калони шаробхўрӣ ва бодапайморо дар фасли гул аз майи суп-сурхи чун лаъли гудохта лабрез кардан лаззати махсус дорад. Рўдакӣ панд медиҳад:

Шукуфт лола, ту зеғол бишкуфон, ки ҳаме

Ба даври лола ба каф барниҳода биҳ зеғол!

Ба рўйи каф ниҳодани ҷоми май одоби хоси ашрофзодагон ва болонишинон дар анҷуману маҷлисҳои зиёфати шоҳона буд. Дар ҳамин навъ гирдиҳамоиҳои онҳо ашхоси номатлуб масмум карда мешуданд. Рўдакӣ ба хонанда ва шунавандаҳои худ ҳушдор медиҳад, ки эҳтиёт бояд ба кор бурд, ки мумкин аст дар ҷоми булўрин «талқ», яъне шароби заҳролуд бошад:

Лаб тар макун ба об, ки талқ аст дар қадаҳ,

Даст аз кабоб дор, ки заҳр аст тавъамон!

Рўдакӣ дар байте аз доруеро барои илоҷи шоҳ фармудани пизишке сухан меронад, ки ба яке аз маснавиҳои баҳри рамали ў («Калилаву Димна», «Синбоднома» ва «Даврони Офтоб») марбут бояд бошад:

Назди он шоҳи замин кардаш паём,

Доруе фармуд зомаҳрон ба ном.

«Зомаҳрон» ин тарёк ё позаҳр аст, ки бар зидди заҳр ба кор мебурданд.

Бисёр ашъори боқимондаи Устод Рўдакӣ далели он аст, ки ў шароити зиндагии ақшори гуногуни ҷомеъаи давраш, хусусан рўзгору  маъишати рустоиёнро хеле  амиқ  медонистааст. Истеъмоли   вожаҳои   «пажованд»   (ғалақа ё танба), «фалҷ» (занҷир), «офрўша» (ҳалвои орду асалу равған), «касима» (хори уштур, янтоқ),   «ғовшанг»  (халачўб), «куном» (чарогоҳ),   «канна»   (фатила  ё  пилтаи чароғ), «канур» (сандуқи  ғаллагирӣ),   «сипор»   (юғ),  «дашт», «роғ», «мағок», «ханба» (чордевори тахтагин ва ё гилини рўкушода, ки дар  анборҳо барои нигоҳ доштани ғалла месозанд), «ғеша», ки ҳоло «ғуш» мегўянд, «тарфанҷ» (роҳи кўҳӣ, овринг), «ғунда» (ҳашароти машҳури заҳрноки одамкуш), «ованг» (ресмон барои овехтани ангур ва меваҳои дигари думчадор) ва амсоли инҳо исботи ин даъвост. Ё ин ки Устод Рўдакӣ чандин намунаи пойафзолро ба кор мебарад: «Пойдон», ки дар ҷойи дигаре онро надидаам (Чун бигардад пойи ў аз пойдон — Худ шукўхидан намояд ҳамчунон), «полик», ки ҳанўз дар бачагиҳои мо одамони камбизоъат мепўшиданд ва аз пўсти хоми гов нодўхта бо риштаҳо ба по мепечонидаду «хомакӣ» мегуфтанд, «мўза» ва «мўзаи чинӣ», «кафш», «кашкала» (навъе пойафзол, ки шотирон мепўшанд), «сур», ки мувофиқи шарҳи Амон Нуров, «кафшест, ки дар деҳаҳои Хуросон рўйи онро аз ресмони сиёҳ мебофтанд» (Мутрибонро рикоб заррогин, — Пойи озодагон наёбад сур) аз ин қабиланд.

Устод Рўдакӣ анвоъи мухталифи либосҳо, пўстинҳо, чангафзорҳо, шаробҳо, қадаҳҳо, порчаҳо ва амсоли инҳоро чунон бо вижагиҳои хосашон ба қалам медиҳад, ки аз рўйи навиштаҳои ў роҷеъ ба зисту зиндагӣ, маъишат, табақот ва одоби он гурўҳҳо метавон асари мукаммале офарид.

Боз онро хотирнишон карданиям, ки дар фасли корҳои саҳро мардумон бошишгоҳҳои муваққатӣ месозанд, ки ҳар замон ба манзил барнагарданд. Одатан ағлаби суханварон навъи чунин сарпаноҳҳоро ташхис намедиҳанд ва чодару хайма мегўянду мемонанд. Бинобар гуфти Устод Рўдакӣ, «хайма» бошишгоҳи муваққатии лашкару сипоҳ аст (Расиданд зӣ шаҳри Чиндон бароз, — Сипаҳ хайма зад дар нишебу фароз). Баръакс, «чодар» хиргоҳи гирди туркӣ ва саҳронишинон мебошад, ки хеле зебу оро дода мешавад. «Коза» бошад, каппаест, ки бо чиғу пағоз устувор гардида, бо намади коза пўшонда мешавад (Ҷой кард ў баҳри будан козае, — З-он ки карда будашон андозае). Боз истилоҳи «бачкам»-ро ба кор мебарад, ки ба маънои боргоҳ меояд (Аз ту ҳолӣ нигорхонаи чам — Фарши зебо фиканда бар бачкам). Шакли дигари ин истилоҳ «башкам» ҳам маъноро возеҳ ифода мегардонад (Аз шабистон ба башкам омад шоҳ — Гашт башкам зи дилбарон чун моҳ). «Куён» дар тасвири Устод Рўдакӣ хаймаи арабҳои бодиянишин аст (Ин рахти куёни худ ман рафтаму пардахтам, — Чун курд бимондастам: танҳо ману ин боҳу). Аммо «насар» соябоне мебошад, ки онро аз шоху алаф дар айлоқҳо (чарогоҳҳои тобистона) месозанд (Дур монд аз саройи хешу табор,— Насаре сохт бар сари кўҳсор).

Дар ашъори Рўдакӣ калима, истилоҳ ва таъбирҳое дучор меоянд, ки акнун аз истеъмол баромадаанд, вале зебову хушоянд буда, қобили истифода мебошанд. Таваҷҷуҳ фармоед ба ин вожаҳо: дафнук — ҷулли асп, ки ҳангоми дам додан ўро ба он мепўшонанд; бахнав—раъд; баштар— абр; хабок—қутан; нағил ҳам қутан ва ғайра.

Вожаҳое чун олуғда, ки ҳоло алағда мегўянд, устура, хик, базмхона, базеб, бедистон, чағбут, челон, хусур, дош (худмон), завлона, фартут, дос, кафк, ки эрониҳо каф мегўянд, гурунҷ, зағора, хархаша, иёл ва амсоли он алфозе мебошад, ки имрўз ҳам дар забони гуфтугўйи сокинони болооби Зарафшон хеле серистеъмоланд.

 Рўдакӣ байте дорад:

Пеши теғи ту рўзи саф душман

Ҳаст чун пеши доси нав курпо!

Саъид Нафисӣ калимаи охирро «Кўрпо — ҳаландуз, ки навъе аз ревос бошад» (с. 563) тафсир мекунад. Аз тафсири Амон Нуров чи будани он гиёҳе, ки ў дар назар дорад, маълум нест. Маълум аст, ки ҳар дуйи ин шарҳу тафсир нодурустанд, зеро ревосро бо дос намедараванду он кўрпо намешавад. Дар асл, ин «кўрпо»-ро, ки Устод Рўдакӣ кор фармудааст, ба тоҷикӣ «юнучқа» ва ба форсӣ «шабдар» ва бо забони русӣ «клевер» мегўянд, ки ҳамин алафро ҳангоми қад афрохта ҳанўз напухтанаш «кўрпо» мегўянд, ки бо доси нав даравидани он айнан тасвири Устод Рўдакиро дар зеҳн эҳё мегардонад.

Шигифташ он аст, ки тарҷумони русии ҳамин шеъри Рўдакӣ Семён Липкин онро «клевер» тарҷума кардааст, аммо «доси навро» фақат дос гуфтааст, ки айни муддаъост:

Враг перед твоим мечом на поле боевом

Подобен клеверу на поле перед серпом.

Ҳамин тариқ,  дар   ашъори  устоди  панҷрўдӣ  олами  ҳастӣ, дунёи мавҷудот ва ҷаҳони пиндор ҳама бо ҳам пайваст, якҷоя ва ба тарзи воҳид шинохта шуда, шоъир ҳамаи ашёи маҳсусро дар ягонагӣ тасаввур мекунад.

Рўдакӣ олами парандагонро ҳам некў медонад ва бо тарзи зиндагӣ, рафтору хониш, хислатҳои нағзу зишт, ҷиҳатҳои нафъоварӣ ва одатҳои зарарноки онҳо ошност. Инъикоси олами рангини парандаҳо шеъри Рўдакиро басе гуворо гардонидааст. Аз тавсифи хурдтарин парандаи хушовоз, ки шахиш ном дорад (Гургро кай расад салобати шот — Бозро кай расад ниҳеби шахиш), то тасвири уқоб (Агар ин май ба абр-андар ба чанголи уқобастӣ, — Аз он то нокасон ҳаргиз нахўрдандӣ, савоб астӣ) ба шеъри Рўдакӣ ҳусни тоза бахшидааст. Ифодаи тарзи хирому рафтор, сахтчанголу заъифи беозор ва тазоди бисёр мурғон ҷанбаи пандомўзӣ ва ибратбахшии гуфтори Рўдакиро пурқувваттар мегардонад.

Дар ашъори Рўдакӣ зикри саъва, заған (Ҷумла сайди ин ҷаҳонем, ай писар, — Мо чу саъва, марг бар сони заған), сору :булбул (Булбул ҳаме бихандад дар шохсори бед, — Сор аз дарахти сарв мар ўро шуда муҷиб), ҳазор, ҳазордастону зандвоф, ки низ маҷозан номҳои булбул мебошанд, андалеб, пўпак, чаковак, таз, кабк (Чун латиф ояд ба гоҳи навбаҳор — Бонги рўду бонги кабку бонги таз), сулсул, чарз, фохта, парасту, шоҳин, каргас (Чарост умри каргас дусад сол, вайҳак — Намонад фузунтар зи соле парасту?), зоғ, моғ, бум, ҷуғз, боз, куланг (Ҷуғз, ки бо бозу бо кулангон паррад, — Бишканадаш парру болу гардад лат-лат), титу ё тӣтав, ғуроб, усфур, товус, симурғ, самандар ва ғайраҳо низ ҷанбаҳои маънавӣ, аёнӣ, пандомўзӣ, фалсафӣ ва маърифатбахшии онҳоро меафзод. Корбасти вожаҳои «мурғ» (Мурғ дидӣ, ки бачча з-ў бибаранд. — Чов-човон—дар асту ҷўён аст), «мурғак» (Бад-он мурғак монам, ки ҳаме дўш, — Ба зор аз бари шохак ҳамефунуд) ва «мурғобӣ» (Бувад зудо, ки бо он нек хомўш — Чу мурғобӣ зани дар об поғўш) тобишҳои гуногуни шеърро ҳувайдо мегардонад. Кабўтар, кабўдар (Моҳӣ, дидӣ куҷо кабўдар гирад? — Теғат моҳисту душманон  кабўдар), калоғ, ки зоғи алост, ҳар кадоме бори маъниеро кашида, ҳодисаву матлабро хеле назаррас ифода мегардонад.

Рўдакӣ дар ҳаҷви аспи лоғаре, ки бар он нишастааст, саворро ба калоғ ташбеҳ медиҳад:

Бувад аъвару кўсаҷу лангу пас ман

Нишаста бар ў чун калоғе бар аъвар.

Бинобар эътиқодоти мардумони форсу тоҷик ва кулли эронинажодон, самандар мурғест, ки аз оташ пайдо шуда, аз оташ берун барояд, хокистар мегардад. Устод Рўдакӣ мустағрақи об бар мисоли наҳанг ва монанди самандар дар оташ гудохта шудани каҳрамони лирикии худро бо ин ташбеҳ муҷассам менамояд:

Ба оташ дарун— бар мисоли самандар,

Ба об андарун— бар мисоли наҳангон.

Оламн ҳашарот бо дунёи парандагону мурғон пайваста, ба паҳнои он густариш мебахшад ва доираи ҷавлони фикри шоъирро басо тавсиъа медиҳад, ки парвона (Чу ораз барфурўзӣ, мебисўзад — Чу ман парвона бар гирдат ҳазоро), ҷиллаи имрўза, ки Рўдакӣ онро чун зилла ба кор мебарад (Бонги зилла кар хоҳад кард гўш, —Ҳеч н-осояд ба гармо аз хурўш), ғунда ва кабт, ки занбўри асал аст (Ҳамчу он кабте, ки дорад ангабин, — Чун бимонад достони ман бар ин), магас (Ёри ту зери хок мўру магас — Чашм бикшо, бибин, кунун пайдост) ва ғайра аз он қабиланд.

Аммо Рўдакӣ, беш аз ҳама, образҳои халқӣ ва ошкороро корбаст менамояд, мисли:

Манам хў карда бар бўсаш, чунон чун боз бар миста,

Чунон бонг орам аз бўсаш, чунон чун бишканӣ писта!

Ё:

Ба ҷумла хоҳам якмоҳа бўса аз ту, буто,

Ба кеч-кеч нахоҳам, ки фоли ман тўзӣ!

Ва:

Кори бўса чу об хўрдан шўр,

Бихўрӣ беш, ташнатар гардӣ!

Ҳамин навъ абёту ашъори Устод Рўдакӣ буд, ки дилҳои сангинро об мекард:

Басо дило, ки ба сони ҳарир карда ба шеър,

Аз он сипас, ки ба кирдори сангу сандон буд.

Баробари  шоъири  бузург будан, Устод Рўдакӣ ромишгаре сутург низ буд. Дар ин шуғл ў чунон ном бароварда буд, ки муъосиронаш ўро баробари Борбади Марвазӣ медонистанд. Рўдакӣ чун суханвар дар ағлаби абёти худ кеши хушбошӣ, ғанимат шумурдани вақт, аз ҷавонӣ, баҳор, аз гулу раёҳин баҳра бурдан ва, умуман, ҳедонизмро талқин мекунад. Самоъу шароб, суруду мусиқӣ ва мувосилат бо дилбарони моҳҷабин василаи чунин айшанд:

Самоъу бодаи гулгуну лўъбатони чу моҳ

Агар фаришта бубинад, даруфтад аз ҷоҳ.

Чангнавози моҳир будан ва дар маҷлисҳои амир ромишгарӣ, сурудхонӣ ва бодапаймойӣ кардани Рўдакиро худи шоъир ва ҳамъасронаш такрор ба такрор хабар медиҳанд:

Рўдакӣ чанг баргирифту навохт,

Бода  андоз, к-ў суруд андохт!

В-он ақиқин мае, ки ҳар ки бидид,

Аз ақиқи гудохта нашинохт,

Ҳар ду як гавҳаранд, лек ба табъ

Ин бияфсурду он дигар бигдохт.

Нобисуда ду даст рангин  кард,

Ночашида ба торак — андар тохт!

Аз асбобҳои мусиқӣ дар ашъори Рўдакӣ чанг (Майи лаъл ору пеши ман ой, — Ба як даст ҷому ба як даст чанг), барбат (Дўсто, он хурўши барбати ту — Хуштар ояд ба гўшам аз такбир), руд (Чун латиф ояд ба гоҳи навбаҳор -— Бонги руду бонги кабку бонги сор), шоҳруду танбўр (Фохта ба сарв шоҳруд баровард, — Захма фурў ҳишт зандвоф ба танбўр), даф (Он харпадарат ба дашт хошок задӣ, — Момот дафу дурўя чолок задӣ), най (Боз ту беранҷ бошу ҷони ту хуррам — Бо наю бо руду бо набизи Фанорўз), дурўя, ки ҳам як навъ табл аст, кўс (Алам абру тундар бувад кўси ў, — Камон одиянда шавад, жола тир) табир ва табира (Пас табира дид наздики дарахт, — Ҳар гаҳе бонге биҷастӣ тунду сахт), табуррок зикр мегардад. Аз гуфтаҳояш пайдост, ки Устод Рўдакӣ дар базмхонаҳо (Баҳори Чин кун аз он рўй базмхонаи хеш, — Агарчи хонаи ту навбаҳори барҳаман аст) бо маю мусиқӣ базмҳои айшу тараб  ороста, бо ромишгарон ба маҷлисҳои   хуррамӣ пардохта     (Яке базми    хуррам биёростанд,    — Маю руду ромишгарон хостанд), аз    савту наво    (Ба савту навою ба сити маъонӣ — Тараббахши рўҳам, фараҳзойи ҷонам) ва оҳанги маҳбубаи навозанда, ки шоъир ўро «бути навойӣ» ном мебарад  (Фархор бузургу   нек ҷоест, — Гар маъдани он бути навойист), пайваста ҳаззи  вофир  мебарад,  нағмаи  булбулу  оҳанги  сулсул (фохта)  бар нишоти аҳли тараб меафзояд  (Сулсул ба сарбун-бар бо нағмаи куҳан, — Булбул ба шохи гул бо лаҳнаки ғариб), ғуломони мутриб, яъне ридакони ромишгар   (Дидӣ ту рижу ком бад-ў андарун басо — Бо ридакони мутриб будӣ ба фарру зеб)  базмро зеб медиҳад. Пас Рўдакӣ ба соқӣ ва мутриб хитоб мекунад:

Соқӣ, ту бидиҳ бодаву мутриб, ту бизан руд,

То май хурем имрўз, ки вақти тараби мост!

Лафзи хунёгарро Устод Рўдакӣ ба маънойи мутрибу навозанда ва созандаву сароянда ба кор мебарад ва ба ў хеле эҳтиром меварзад:

Ба хунёгаре нағз овард рўй,

Ки чизе, ки дил хуш кунад, он бигўй!

Вале Рўдакӣ мартабаи суханварро аз мартабаи чангнавоз боло мегузорад:

Агарчи чангнавозон латифдаст буванд,

Фидои дасти қалам бод дасти чангнавоз!

Мутрибоне низ мешаванд, ки захма (мизроб)-и онҳо ба ҷуз дарди сар асари дигаре намебахшад. Рўдакӣ инро низ мебинад:

Ҳеч роҳат менабинам дар суруду руди ту,

Ҷуз, ки аз фарёду захмат ҳалқро котура хост!

Бонг, нола, зер (бонги зер), лаҳн, лаҳнак, суруд, нағма, сурудгўён, савт, наво, таблзан, фиғон ва дигар истилоҳоти мусиқӣ дар порашеърҳои боқимондаи Рўдакӣ бурҳони онанд, ки устод аз нозукиҳои илми мусиқӣ амиқ огоҳ буда, дар илму ҳунари мусиқӣ низ устоди устодон будааст. Аз ромишгарони замони худ ў барбати Исову хондаҳои Муродӣ ва чанги Мудакниру нойи Чобуки Ҷононро меписандидааст:

Барбати Исову қавлҳои Муродӣ,

Чанги Мудакниру нойи Чобуки Ҷонон.

Дар ашъори Устод Рўдакӣ «бача» чун «бачча» ва «турш» ба тарзи «туруш»   истеъмол   мегарданд.  «Хурд»-ро   эрониён  «кўчак»   мегўянд.

Аҳолии зодгоҳи Рўдакӣ ин вожаро «хучек» мегўянд.

Забони ашъори Устод Рўдакӣ аз лиҳози захираи луғавӣ ва калимасозӣ низ ҷолиби диққат аст. Аввалан, шоъир вожаҳои ноби форсиро ба кор мебарад, ки кўтоҳ, хушоҳанг ва барои бисёри мардум фаҳмо мебошанд. Байтҳои зиёди Устод Рўдакӣ бе истифодан ягон вожаи арабӣ сохта шудаанд. Мисли:

Ҳар ки    н-омўхт аз гузашти рўзгор,

Ҳеч  н-омўзад зи  ҳеч  омўзгор!

Ё:

Яке олудае бошад, ки шаҳреро биолояд,

Чу аз говон яке бошад, ки говонро кунад рихин.

Або, абр, боз, бом, бат, вом, нек, бад, дом, ангубин, ангишт, анбон, ангез, зебо, бода, биҳ, арзан, ангур, арғувон, варғ, ашк, бароз, буруз, ғирев, ғуч, ҳама, ҳомун, ҷав, чоҳ, ҷўй, ҷўшиш ва монанди ин дар ашъори Устод Рўдакӣ серистеъмоланд.

Ғайр аз ин, вожаҳое, ки бо пасояндҳои «нок» (бимнок), «истон» (шабистон, бедистон, бўстон, гулистон), «гар» (кафшгар, ромишгар, хунёгар, тавонгар) ва монанди инҳо сохта шудаанд, оҳанги марғуби шеърро ба вуҷуд меоранд.

Калимаҳои мураккаби корбурдаи Устод Рўдакӣ ҳам сангин нестанд, чун обгир, обдон, обдор, гулрух, гулранг, гулоб, гулбун, гулшакар, кишваргир, бадомўз, баддил, бадасл, бадандеш, хубдидор, оташкада, базмхона, гармоба, таблзан, чангнавоз, дирамхарид, фарохмайдон ва ғайра. Бештарини ин вожаҳои мураккаб барои нишон додани зебоӣ ва ҳусни дилбар ба кор рафтаанд: нористон, зулфчавгон, мушкинмўй, савсанбаногўш, борикмиён ва монанди инҳо. Гоҳо чунин калимаҳои мураккаб сифатҳои хуби мамдўҳ (олиҳиммат, набисират, давлатшиор), ҷилваҳои табиати зебои диёр (монавитабъ, биҳиштойин, зарринварақ, қатраборон, бўстонсарой, гирдмоҳ), ашёи дигари гуногун (жандапил, пуштчавгон, гўспандкушон, бутпарастӣ, пушткўз, ҷаҳонсўз, озарфазо, гандапир, покнажод) ва монанди  инҳоро ифода  мекунанд.  Барои  намуна  вожаи «палолактеғ» дар байти зайл:

Чӣ чиз аст он раванда тираки хурд?!

Чӣ чиз аст он палолактеғи буррон?!

Вожаҳои «бебуд» ба маънии «нотавон» ва «лоғар» (Чунон ки уштури бебуд суви куном шуда — Зи марги рўбаҳу зоғу зи гург бехабаро)   ва «беханда», ки маъниаш «ошкор» аст (Аз меҳри ў надорам беханда кому лаб, — То сарви сабз бошаду барн-оварад пада) имрўз қобили зинда будан мебошанд. Калимаҳои «пойдон», ки ба маънии «пойафзол» ва  «кафш» аст  (Чун бигардад пойи ў аз пойдон — Худ шукўхидан намояд ҳамчунон)   ва   «таншўй»,   ки   «тахтаи   мурдашўй»-ро дар замони Рўдакӣ мегуфтаанд (Ёд кун зерат- андарун таншўй —   Ту бар  ў хор хобанидастӣ)   акнун    ҳам лоиқи истифодаанд.

Дар забони тоҷикӣ ва форсӣ вожаи «гоҳ» ва шакли кўтоҳшудаи он «гаҳ» ду мафҳумро ифода мекунад: аввал, замон ва вақт, баъд, ҷою макон. Дар ашъори Устод Рўдакӣ байте ба назар мерасад,  ки дар он ҷо вожаи «гоҳӣ»  ба  маънии «тахтнишин», ки мақсад «подшоҳ»    аст, омадааст:

Миҳтар  нашавад, гарчи қавӣ гардад, киҳтар,

 Гоҳӣ нашавад, гарчи ҳунар дорад, моҳӣ!

Дар мавриди ҷою маконро ифода намудани вожаи «гоҳ» Устод Рўдакӣ чунин калимаҳои мураккабро ба кор андохтааст: дастгоҳ, даргоҳ, гузаргоҳ, ҷойгоҳ, пешгоҳ. Барои ифодаи вақту замон чунин вожаҳои мураккабро ба кор бурдааст: баҳоргоҳ, саҳаргоҳ, субҳгоҳ ва гоҳ-гоҳ. Вале таркиби «гоҳ-гоҳ» маънии «баъзан» ва «гоҳо»-ро ҳам ба хубӣ ифода менамояд:

Хуршедро зи абр дамад рўй гоҳ-гоҳ,

Чунон  ҳисорие, ки гузар дорад аз рақиб!

Ҳамин гуна вожаҳое, ки аз такрори якхелаи таркибҳо пайдо мешаванд, хоси гуфтугўйи мардум буда, гуфтори Устод Рўдакиро ба лаҳни суханронии мардуми маҳаллӣ боз ҳам наздиктар мегардонанд: печ-печ, чок-чок, чов-чов, ҷоф-ҷоф, хайр-хайр, ков-ков, гоҳ-гоҳ, як-як ва ғайра.

Ҳарчанд аз осори адабии Устод Рўдакӣ хеле кам боқӣ мондааст, аз ҳамин чанд байту шеърҳои тасодуфан комилу пурра маҳфузмондаи ў забони басо ғанӣ ва аз ҷиҳати вожасозӣ рангини он мушоҳида мегардад. Аз ин рў, мавзўъи ғановату хусусиёти забони осори Устод Рўдакӣ таҳлил ва пажўҳиши доманадорро мехоҳад. Вале ин ҷо боз ба ду паҳлўйи он иҷмолан ишора менамоем: аввал, он ки Устод Рўдакӣ ба кор бурдани шакли пасванди — «ак»-ро дўст медорад. Дар бисёр вожаҳои форсӣ ва ҳатто калимаҳои арабӣ ин пасвандро фаровон истифода мебарад. Дар осори дастраси ў чунин шаклҳо дида мешаванд: мурғак, шохак, дилбарак, канизак, зулфак, сияҳчашмак, чодарак, таомак, миёнак, лолак, торак, пололак, ки ҳама ашёи муҷассам ҳастанд. Аммо дар ҳамин шакл баъзе исмҳои маънӣ ва мавҳумҳои беҷон низ дида мешаванд, ки хусусияти услубӣ доранд, аз қабили: бонгак, камтарак, ранҷак (Дил гусаста дорӣ аз бонги баланд — Ранҷаке бошад – ту озору газанд), андак, нозукак (Аз гесўйи ў насимаки мушк ояд — В-аз зулфаки ў насимаки настарван), дастак ва амсоли инҳо. Ба ин байт таваҷҷуҳ фармоед:

Ҷаъд ҳамчун наварди об ба бод,

Гўйиё,  ончунон  шикастастӣ.

М-ёнакаш нозукак, чу шонаи мў,

Гўйӣ, аз якдигар гусастастӣ!

Оҳанги  навозиш дар порашеъри    поён    марғубтар садо медиҳад:

Зулфи туро «ҷим» кӣ кард?! Он ки ў

Холи туро нуқтаи он «ҷим» кард!

В-он даҳани танги ту, гўйӣ, касе

Донакаке нор ба ду ним кард!

Масъалаи дигаре, ки ин ҷо зикраш зарур аст, он аст, ки устоди бузурги сухан калимаҳои арабиро чӣ навъ истифода мебарад. Дар осори боқимондаи адабии Устод Рўдакӣ аз захираи луғавии забони арабӣ фаровон ва бамаврид истифода шудааст. Вале он калимаҳо кайҳо аз забони арабӣ ба забони форсии тоҷикӣ гузашта, дар ин забон ҳазм шуда, чун ҷузъи ҷудонашавандаи захираи луғавии забони адабии форсии дарӣ, ки дар он даврон чун забони тоҷикӣ роиҷ буд, маҳсуб мегарданд. Инҳо калимаҳое мебошанд монанди: одам, оят, асар, адаб, лаҳн, авлиё, боб, баҳр, тавба, сано, самар, амир, ҷафо, ҷамол, ҷаҳд, ҳол, ҳусн, хотир, ҳаз, дахл, давлат, дин, завқ, зил(л), раъд, саҷда, сиҳр, мазҳаб, малик, малак, самоъ, савол, шубоб, шеър,  садр, тоъат, толеъ, табъ, тифл, олам, ошик, адл, ато, ақл, умр, ид, афв, илм, фахр, фарақ, фурқон, фалак, ниқоб, воҷиб, юмн ва монанди инҳо, ки дар забони тоҷикӣ бегонагии онҳо асосан ва абадан ҳис карда намешавад, монанди рубоъии зерин, ки дар он нўҳ (9) вожаи арабӣ ҳаст:

Аз Каъба калисиёнишинам кардӣ,

Охир дар куфр беқаринам кардӣ!

Баъд аз ду ҳазор саҷда бар даргаҳи дўст,

Ай ишқ, чӣ бегона зи динам кардӣ!

Чунин аст бархе аз мулоҳизаҳои мо дар бораи забони осори боқимондаи Устод Рўдакӣ, ки таҳқиқу тадқиқи амиқу дақиқи он кори ояндагон аст.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …