Главная / Гуногун / ЗАБОНИ МОДАРИРО ПОС ДОРЕД

ЗАБОНИ МОДАРИРО ПОС ДОРЕД

Дар тўли таърих халқи тоҷик фалокату бадбахтӣ ва фоҷиаҳои зиёдеро аз сар гузаронидааст. Аммо забон – арзиши беназири меросии худро ҳифз карда тавонистааст. Ин нуқтаро Бозор Собир дар шеъри “Забони модарӣ” чунин ба қалам додааст:

           Оҷ гум карду забонро гум накард,

           Тоҷ гум карду забонро гум накард,

           Тахт гум карду забонро гум накард,

           Рахт гум карду забонро гум накард,

           Бахт гум карду забонро гум накард.

Президенти кишвар, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ қайд кардаанд: “Таърих гувоҳ аст, ки халқи тоҷик аз қаъри асрҳо то имрўз симои миллии худро пеш аз ҳама тавассути фарҳанг нигаҳ доштааст, забони миллии худро ҳифз кардаву густариш додааст ва дар байни халқу миллатҳои дигар соҳиби нуфузу эътибор гаштааст”. Имрўз бошад забони тоҷикӣ чун забони давлатӣ дар шахсияти Президенти Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бонӣ ва ҳомии худро дарёфтааст.

duxtaroni-tojik-105Боиси хушбахтист, ки муҳаббат ва ҳусни таваҷҷўҳи сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба забони модарӣ бениҳоят калон аст. Худи Ҷаноби Олӣ забони модариашонро хуб медонанд ва ҳатто дар Иҷлосияи Созмони Милали муттаҳид бо он суханронӣ карданд. Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикиро аз ҷону дил дўст медоранд ва аввалин нишонаи миллат ва унсури асосии адабиёт мешуморанд. Ин аст, ки дар мулоқоти худ бо зиёиёни мамлакат 20 марти соли 2004 гуфтанд: “Забон дар ҳақиқат асоси ҳастӣ ва бақои умри миллат аст”. Дар Маҷлиси тантанавии Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон бошад сухан карда, ҷое чунин изҳор намуданд: “Ман ҳамон қадар забони модариамро дўст медорам, ки агар шабонарўзӣ ҳарф занам ҳам, хаста намешавам”.

Ин суханони Президент аз қаъри қалб ва чунон самимӣ буданд, ки ҳозирон ба ифтихори он аз ҷой бархоста, қарсаки бардавом заданд.

Оре, забони тоҷикӣ бо фасоҳату балоғати худ асрҳо оламиёнро ба ҳайрат гузоштааст. Ҳатто бегонаҳо ин забонро арҷ гузоштаву тавассуташ ба адабиёти оламшумули тоҷикон шиносоӣ пайдо карда, аз он баҳра бардошта, ниёзҳои худро ба он мутобиқ сохтаанд.

Шоири намоёни қазоқ Олжас Сулаймонов гуфтааст: “Нутқи шифоҳии тоҷикон ба забони адабии форсӣ ба лафзи дарист. Забоне, ки дар кўраи шеъри Рўдакӣ гудохта, дар байтҳои Фирдавсӣ обутоб ёфта, дар ёқути кабуди Ҳофиз ва лаъли Хайём ҷило ёфтааст”.

“Надонистани забони форсӣ бадбахтист” – навишта буд Ф. Энгелс ва К. Маркс.

Сазовори таъкид аст, ки дар давраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аҳли адаб нисбат ба забон масъулияти калон ҳис карда, дар роҳи баланд бардоштани маданияти сухан, сайқал додани сабки эҷодӣ ва ғанӣ кардани таркиби луғавии худ бисёр заҳмат кашиданд. Ва ба дастовардҳои назаррас ноил гаштанд.

Вале имрўз моро боз хатар таҳдид мекунад. Ин ҳам бошад бо суръат ҳаракат сўи ҷаҳонпайвандӣ. Ва аз ин раванд ҷойи гурез нест, ба он омода бояд шуд. Яъне мо бояд забонамонро, фарҳангамонро ҳифз намоем. Дар акси ҳол гумном хоҳем шуд.

Решаи илм, адабиёт ва санъат забон аст. Чӣ ҷои тааҷҷуб, ки ба қавли Сайидалӣ Маъмур имрўз “Бедорчашм сад лаку бедордил кам аст”. Чашми дил пеш аз ҳама бо забон кушода мешавад.

Оё имрўз кам аст камбудӣ? Зиёд, аз ҳад зиёд! Ва ин ташвишовар аст. Баъзеҳо забонро чунон хор кардаанд, ки гиребон медорию тавба мегўӣ. Онҳо аз оқибати имрўзу фардои кишвар андешае надоранд. Шиорашон: “Як рўз бошу хурўс бош!”

Танҳо як мисоли хеле машҳур.

“Казнить нельзя, помиловать”.

Телеграмма чунин навишта шуда буд. Аммо бо айби ходими почта вергул пас аз калимаи “Казнит” гузошта мешавад.

“Казнить, нельзя помиловать”.

Чунон ки мебинем истифодаи нодурусти танҳо як вергул инсонро қурбон кард.

Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватаниеро медонам, ки дар набардҳои хунин аз захми тири душманон намурд, вале аз захми забони ҳамдиёр дар ватани худ ҷон дод.

Суоле ба миён меояд, ки чаро забоне, ки тўли ҳазор сол аз баҳри Хазар то уқёнуси Ҳиндро фаро гирифта, дар Ҳиндустону Туркистону Қошғару Миср давлатӣ буд, имрўз наметавонад ба боғчаи бачаҳо, мактаб, хона, кўча ва маҷлису минбар роҳ ёбад? Ва чаро мо соҳибони ин забони ҷаҳонгир ба қадри он намерасем, онро хор мекунем?! Ва мисраи Соиб ба ёд меояд: “Ин нокасон, ки фахр ба аҷдод мекунанд”. Устод Лоиқ ҳам – рўҳашон шод бод! – дар шеъри “Забонгумкарда” то кадом андоза нафрат доштанашро нисбати одамоне, ки ба қадри забони модарӣ намерасанд ва онро хор мекунанд, возеҳу равшан ба қалам додааст:

          … Бок не, гар доварӣ гум кардааст,

          Ё уммеди сарварӣ гум кардааст.

          Заҳр бодо шири модар бар касе,

          К-ў забони модарӣ гум кардааст.

Устод Гулназар ба истилоҳи устод Лоиқ “дар ғами номуси миллат” месўзад ва аз хории забону фарҳанг дилаш ба дард меояд:

          Агар як лаҳза хории забон бинам,

          Суханҳои равонро норавон бинам.

          Ба дасти нотавоне нотавон бинам,

          Дилам бар Рўдакӣ сўзад, ба ҳоли зиндагӣ сўзад.

          Чу бинам “Шашмақом” имрўз ноҷўр аст,

          Чу бинам оина дар хизмати кўр аст,

          Ба лавҳи хотири мо лавҳаи гўр аст,

          Дилам бар Рўдакӣ сўзад, ба ҳоли зиндагӣ сўзад.

Мутаассифона бояд гуфт, ки барои харобии забон ягон вақт ин қадар шароити мусоид фароҳам наомада буд.

Ба наздикӣ ду ҷавони тахминан бистучорсола ба духтараке ҳар гуна суханҳои ба таври худ маҳрамона мегуфтанд.

– Бухурумшае, хушрў будай!

Дигарӣ илова намуд:

– Рост мегӣ, ништяк!

– Духтари хола номут чияй?

Духтар ҳатто ба онҳо наменигарист.

– Гунгай чӣ бало?

– Не, мўйҳои буридааш дар хок, мора писанд намекуна.

Ман тоқат накарда ба онҳо гуфтам:

– Наход, ки ба духтар ҳамин хел муомила кунанд?

Ҳарду якбора сўям теғи нигоҳ кашиданд:

– Э, кори худата дон, дядка!

Ҳама ба сухани хуш эҳтиёҷ доранд. Зеро сухани хуш тавони дил аст, ғаму андўҳро аз он берун мекунад. Сухани хуш ҳатто морро аз хонааш берун меорад, филро бо ҳамон бузургӣ аз по мефитонад. Пас чаро сухани хушро дареғ медорем? Қайсин Қулиев гуфтааст:

            Агарчи ҳарфи хуш эъҷозкор аст

            Вале каҳт аст гоҳ андар забонҳо.

Зеро ки агар ҷавонони мо дар ғуруру кару фари ноҷо паланг бошанд, дар донистани забони модарӣ гўспанданд. Ин ҷо мисраҳои Мўҳтарам Ҳотам ба ёдам мерасанд:

             Соли ман гарчи паланг аст,

             Гўспанд аст

             Моҳи ман.

             З-ин палангу гўспандӣ

             Мерасад то осмонҳо

             Оҳи ман…

Ин ҷо ҳоҷат ба шарҳи ин мисраҳо нест.

Дар хор кардани забони тоҷикӣ матбуоти даврӣ, хусусан ҳафтаномаву маҷаллаҳои шахсӣ “саҳм”-и калон мебозанд. Ин ҷо метавонем ҳазорҳо мисол биёрем. Аммо ҳоҷат ба овардани онҳо нест. Танҳо ба ояти 6-уми сураи Луқмон назар меафканем: “Баъзе аз мардум харидори суханони беҳудаанд, то ба нодонӣ мардумро аз роҳи Худо гумроҳ кунанд ва Қуръонро ба масхара мегиранд. Насиби инон азобе аст хоркунанда”. Ин ҷо “суханони беҳуда” – суханони бегонаву ғайр ва ҳодисаҳои фаҳш буда, “роҳи Худо” – роҳи ҳақиқат ва рост аст. Муҳим он аст, ки биандешем чаро чунин ҳолат рух медиҳад. Ба ақидаи ман сабабаш бемасъулиятӣ ва боз ҳам бемасъулиятӣ мебошад. Бемасъулиятӣ бошад аз беназоратӣ, набудани талабот сар мезанад. Дар замони Шўравӣ барои як ҳарфи хато гунаҳгорро аз кор сабукдўш мекарданд. Ҳоло чӣ? – касеро ба касе кор нест!

Аз додситоне пурсидам, ки дар муддати ҳаждаҳ соле, ки Қонуни забон амал мекунад ягон касро ба ҷавобгарӣ кашидаед.

– Не, ёд надорам.

– Чаро?

– Эҳе, фалак дар чӣ хаёлу ту дар чӣ хаёл…

– Дилам ба забон месўзад, мефаҳмед. Дар шаҳре ки маркази илму фарҳанг аст, забони давлатӣ вазъияти нохуш ва ҳатто раҳмовар дорад. Гуш кунед, ки ҳафтаномаи “Нигоҳ” чӣ менависад: “Чанде пеш “Навои дил”-ро ки дастандаркори он “Азия плюс” буд, тариқи телевизиони “Сафина” тамошо кардам. Гумон кардам, ки дар воқеъ ҳам наво навои дил аст, аммо гумонам хато баромад. Зеро “Навои дил” сурату сирати тоҷикона надошт, забон бегона буд. Ҳини тақдими тўҳфа ба яке аз сарояндагон ҳамсари шодравон Мирсаид Миршакар ба сухан баромад ва аз барандаи намоиш суол кард, ки “Тоҷикӣ гап занам, мамкин-ми?”

Бинед, ки дар Ватани худ, дар зоту буми худ хоҳишу дархост мекунем, ки мумкин аст, бо забони тоҷикӣ сухан гўем? Чанд сол муқаддам чунин ҳодисаро дар Қайроқум, дар семинаре, ки бо ширкати рўзноманигорон доир гашта буд, мушоҳида карда будам. Чун забони семинар русӣ буд, рўзноманигоре ба сухан баромада узромез гуфта буд: “Мебахшед, ки ман ба забони русӣ гап мезанам”. Ва аҷобат он аст, ки ҳама ширкаткунандагони семинар тоҷик буданд, ҷуз як нафар меҳмон…”

– Э мухбир навиштан мегирад, – гуфт ў. – Ту ғами худатро хур.

– Моро беғамӣ мекушад…

– Зиндаем-ку?!

– Зинда будан аз зиндагӣ кардан басо фарқ дорад. Мефаҳмед? Барҳақ, инсоф мебояд.

Ва беихтиёр ин мисраҳо ба забон меоянд:

    На дигар замзамаи шеър,

    На дигар шаршараи шеър,

    Чӣ қадар шеъри сафедам ба замин рехт чу шир,

    Шоири гумшудаам, гумшуда шоир,

    На ба моҳам, на ба чоҳам, таҳи коҳам,

    Тирамоҳам, тирамоҳам, тирамоҳам, тирамоҳам.

    Ҳама зардам, ҳама гардам, ҳама дардам, ҳама сардам.

Ин чизро ёдрас шудан ба маврид аст, ки бисёриҳо ҳаракат мекунанд забонҳои хориҷиро биомўзанд. Ҳарчанд, ки имрўз омўхтани забонҳои хориҷӣ муҳим аст, вале бояд тазаккур дод, ки барои осон аз худ намудани ин забонҳо мо аввал забони модарии худамонро ба хубӣ донем. Тавре шоир фармудааст:

       Ҳар кӣ ба забони худ сухандон гардад,

       Донистани сад забон осон гардад.

Мутаассифона, ин ҷаҳати масъаларо бисёриҳо ба инобат намегиранд. Ман дар навбати аввал онҳоеро дар назар дорам, ки бо як бемасъулиятӣ мегўянд – забони тоҷикӣ дар ҳеҷ куҷо ба кор намеравад. Бешубҳа чунин одамон як рўз не як рўз аз ин мондаву аз он ронда мешаванд. Чунон ки Сайидалӣ Маъмур гуфтааст:

           Забони хориҷиро то биёмўхт,

           Забони модарияш шуд фаромўш.

Ҷои таассуф аст, ки роҳбарони ташкилоту муассисаҳо дар ҷорӣ намудани Қонуни забон натавонистанд кори шоистаеро анҷом диҳанд. Гузашта аз ин бисёре аз роҳбарон ақида доранд, ки ба онҳо донистани забони давлатӣ шарту зарур нест. Ин ақида бемаънӣ ва бемавқеъ менамояд. Бо яке аз роҳбари сатҳи боло оиди забону адабиёт сўҳбате оростан хостам. Вай аз сўҳбат сар печида гуфт:

– Эй бародар! Охир, ман филолог нестам.

Барҳақ, дарро задам, девор кафид!

Роҳбароне ҳастанд, ки як рубоии Хайёмро қориазёд карда, дар маъракаҳо худнамоӣ мекунанд. Тоифае ҳам ҳастанд, ки: “Лоиқ! Лоиқ!” мегўянд, вале як сатр аз ашъори ў намедонанд. Роҳбарони гўлзан ҳам кам нестанд. Дар ин бора Саттор Турсун чи хуб менависад: “Ё ин ки, масалан, достонҳои “Шоҳнома”-ро ақалан варақ нагардонда, “Фирдавсӣ аҷаб марди бузург, а!” – гуфта, одамонро гўл задан мехоҳанд.

Забонро надониста!

Нахонда!

Ана ҳамин тавр, додари азиз. Ёбеду гиред…”

Ҳатто суханронии хароби баъзе вазирон дар ҷаласаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси тамасхур мегардад.

Вобаста ба ҳамин хуб мешуд агар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми таъин кардани роҳбарон донистан забон ва адабиётро ба инобат мегирифт.

Мавриди қайд аст, ки шинохти феълии арзишҳои маънавӣ низ ҳунар аст. Аммо дар бештари маврид оби дари хона қадр надорад. Мо дар шинохт ва қадр кардани заҳмати адибони асил аксаран бефарқем, ки ин ҳақиқат боиси таассуф аст. Сайидалӣ Маъмур мегўяд:

              Хомпаз, хомхўр, ки шуд бисёр,

              Ман ба ашъори пухта гаштаам хор.

Бале, ба қавли Ворис адибони мо “Мисли гурмҳои дарахт захмҳо дар ҷон доранд”.

Ва боз мисраҳои Бозор Собир ба забон меоянд:

           Дар ҳаду сарҳадшиносии ҷаҳон,

           Сарҳади тоҷик

           Забони тоҷик аст,

           То забон дорад, ватандор аст ў,

           То забондор аст, бисёр аст ў,

           Бешумор аст,

           Беҳисоб аст,

           Беҳад аст.

Ва Президенти Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чи барҳақ гуфтаанд: “Забон дар ҳақиқат асоси ҳастӣ ва бақои умри миллат аст”.

Қадр накардани забони модарӣ магар зери по шудани ору номуси мо нест?! Пас биёед, даст ба даст дода, арзиши беназири меросии худро эҳтиёт кунем, азиз донем!

              Забони модариро пос доред,

              Ки аз модар варо мерос доред.

5 октябри соли 2007

 

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …