Главная / Илм / ЁРИИ АВВАЛИН

ЁРИИ АВВАЛИН

yorii-avvalinЁРИИ АВВАЛИН, тадбирҳои оддитарин ва таъҷилиеро гӯянд, ки барои наҷот додани ҳаёти одам ва пешгирии оқибати ногувори фалокат ва бемории ногаҳонӣ то омадани корманди тиб ё то ба муассисаи табобатӣ бурдан ба зарардида расонда мешаванд. Ё. а.-е, ки худи зарардида мегузаронад (агар он имконпазир бошад), худёрирасонӣ ном дорад, мас., гузоштани бандина ҳангоми захм бардоштан ё шустани меъда бо роҳи қай овардан ва ғ.
Ё. а.-и таъҷилӣ махсусан ҳангоми рух додани ҳолатҳои барои ҳаёт хатарнок (иғмо, хунравӣ, заҳролудӣ, ғарқ шудан, шок, осеби электрӣ ва ғ.) зарур аст. Натиҷаи минбаъдаи ёрии тиббӣ ба дуруст расондани Ё. а. вобастагӣ дорад. Чунончи зуд ва дуруст бастани захм ва ҷабира ҳангоми шикастани устухон аксар вақт оризаи хатарнок (шок, сироят ва ғ.)-ро пешгирӣ мекунад; барои ҷилавгирии буғӣ гаштан ва ба роҳи нафас наафтодани моддаи қай ва хун бемори беҳушро ба паҳлӯ мехобонанд.
Ё. а. се гурӯҳи тадбирҳоро дарбар мегирад. 1) Фавран қатъ кардани таъсири омили зараррасон (ҷараёни электр, пахш кардани чизи вазнин) ё баровардани зарардида аз шароити ногувор (аз об, бинои оташгирифта ва ғ.). 2) Расондани ёрӣ вобаста ба хусусияти осеб: беҷо шудани устухон, шикасти устухон, заҳролудӣ, беҳушӣ, захм, сӯхтагӣ, сармозанӣ ва ғ. 3) Дарҳол ба беморхона, дармонгоҳ, пункти фелдшерӣ, ҳатто ба дорухонаи наздик муроҷиат намудан (корманди ин муассисаҳо метавонад ёрии аввалини тиббӣ расонад). Дар баъзе соҳаҳои саноат (мас., ҷангалбурӣ), ки одамон аз муассисаи тиббӣ дур мебошанд, аз байни коргарон инструктори санитарӣ интихоб мекунанд. ӯ оид ба расондани Ё. а. тайёрии махсусро мегузарад.
Дар сурати ногаҳон бемор гаштан ё бинобар фалокатҳои гуногун сахт осеб дидан (мас., дар нақлиёт, ҳангоми сӯхтор ва ғ.), фавран даъват намудани духтури ёрии таъҷилӣ зарур аст. Дар ин ҳолатҳо нафақат дар ҷои фалокат, балки ҳангоми ба муассисаи табобатӣ бурдани ҷабрдида низ вазъияти барои ҳаёт хатарнок метавонад рух намояд. Барои рафъ сохтани он фақат духтури ёрии таъҷилӣ, ки дар ихтиёр мошини махсус дорад, қодир аст. Дар мавридҳои зарурӣ аз диг. намуди нақлиёт низ метавон истифода бурд. Бо ин мақсад, мас., ба кузови мошини боркаш шохаҳои хушк ё хасбеда тунук карда, ба он занбар мегузоранд ё бистар мепартоянд. Осебдидаро бо занбар ё ба даст, стул ва ғ. шинонда мебаранд.
Барои расондани ёрии дуруст такмили донишу малакаҳо зарур аст. Доруқуттиҳо бояд ҳамеша дар ҳолати даркорӣ нигоҳ дошта шаванд. Дуруст ва сари вақт расондани Ё. а. хатари фалокатро кам мекунад. Ба мураббиҳои макотиби варзишии кӯдакон омӯзондани Ё. а. аҳамияти калон дошта, ба осеб бардоштани бачагон роҳ намедиҳад; ба ронандагон ва кормандони БДА таълим додани он бошад, натиҷаи табобати осеби нақлиётиро беҳтар мегардонад.
Ҳамеша омода будан ба ёрии ҳамдигарӣ хислати одами солимақл аст. Бояд дар хотир дошт, ки Ё. а.-и ноӯҳдабароёна аксар вақт натиҷаи дилхоҳ ба бор намеорад.
Ҷабрдида низ метавонад ба худ Ё. а. расонад, мас., ҳангоми хуруҷи зиқи дил ба зери забон валидол ё нитроглитсерин партояд, дар мавриди заҳролудии сабук меъдаро шӯяд (қариб 1 л об нӯшида, сонӣ ангуштро ба ҳалқ андохта, қай кунад; ниг. Заҳролудӣ, Заҳролудӣ аз хӯрок), ҷои захмдорро шӯяд ва ба он дору молад ва ғ.
Ҳангоми рӯй додани ягон фалокат, захм бардоштан, хунравӣ, аз ҳуш рафтан ва ғ. ёрии шахси дигар ҳатмист. Дар чунин мавридҳо аввалан таъсири омили зарарнокро бартараф кардан лозим аст, мас., ба соя бурдани шахси офтобзада, ба ҳавои тоза баровардани одаме, ки аз гази ғубори ангишт заҳролуд гаштааст, наҷот додани каси ғарқшуда (ниг. Ғарқ шудан), аз манбаи ҷараён ҷудо кардани одаме, ки ӯро барқ задааст, хомӯш кардани оташи либоси шахси сӯхтаистода ва ғ. Натиҷаи кӯмаки минбаъдаи тиббӣ, муолиҷа ва баъзан ҳаёти зарардида ба чӣ гуна иҷро шудани ин вазифаҳо вобаста аст. Хусусияти беморӣ ё осеб ва ҳолати бемор (зарардида)-ро ба назар гирифта, сипас воситаю тадбирҳои ёрии аввалинро муайян бояд кард. Хунравии шахси захмдорро боздоштан вазифаи аввалин аст. Бо ин мақсад захмро мебанданд ё рагҳоро бо ангушт сахт зер мекунанд (болотари ҷароҳатро тофтабандӣ кардан низ мумкин). Сипас зарардидаро ба муассисаи тиббии наздиктарин бояд бурд.
Ҳангоми баромадан ва шикастани устухон, ёзидан ва кандани пайҳо аввал ба узви осебдида тахтача, пӯстлохи дарахт, картон гузошта, бо чизҳои дастрас (мас., тасма, рӯймол, дока, пораи матоъ) мебанданд. Сонӣ зарардидаро барои тадқиқи рентгенологӣ ва расондани ёрии тиббӣ ба духтурхона мебаранд. Дар вақти сармо задан ва аз моддаҳои химиявӣ сӯхтан, пеш аз бастани ҷои зарардида, пӯстро бо пероксиди гидроген ё оби ҷӯшида мешӯянд; ҳангоми аз чизҳои тасфон сӯхтан, ҷои сӯхтаро бо латтаи дар спирт (арақ) таркарда бастан лозим аст. Дар вақти ба чашм ягон чиз афтодан ё лат хӯрдан бо рӯймолча ва дасти ифлос молидани он ҷоиз нест.
Бемори ногаҳон аз ҳуш рафтаро ба паҳлӯ ё пушт хобонда, сарашро яктарафа мекунанд (то ки вақти қай роҳи нафас руст нашавад), либосҳояшро мекашанд (дар ё тирезаро бояд кушод, ки ҳавои тоза дарояд). Дар мавриди бемориҳои шадиди узвҳои ҷавфи шикам (аз он шикам сахт дард мекунад), беморро ором ва ба шикамаш ягон чизи хунук гузоштан лозим; ба ӯ додани доруҳои мусҳил ё меъдаашро шустан манъ аст.
Дар хона, мошин ё кӯлвори сайёҳӣ мавҷуд будани доруқуттӣ (он бояд барои ҳар беморӣ дору дошта бошад) аҳамияти калон дорад.
Бо мақсади расондани Ё. а. иҷрои баъзе тадбирҳои оддитарин муҳим аст. Маълум аст, ки баъди фавти одам узву бофтаҳо на якбора, балки тадриҷан мемиранд. Аз ин рӯ баъзе вазифаҳои он (аз ҷумла гардиши хун ва нафаскашӣ)-ро барқарор кардан имконпазир аст. Организмро, одатан, баъди қатъи нафаскашӣ ва гардиши хун, яъне пас аз 4 – 6 дақиқаи марги клиникӣ метавон зинда кард. Пас аз марги клиникӣ марги биологӣ фаро мерасад. Баъди он пурра барқарор кардани ҳаёт, аз ҷумла фаъолияти рӯҳӣ, номумкин аст (ғайри шахсони сармозада ё дар оби хунук ғарқшуда). Зарбу лат, заҳролудӣ, сармою гармо задан, ғарқ гаштан, варами гулӯ, ба роҳи нафас афтодани ҷисми бегона, қатъ шудани нафас (дар натиҷаи задани ҷараёни электр), маризиҳои ногаҳонӣ (сактаи дил, ихтилоли хунгардиши майна ва ғ.) метавонанд боиси марги клиникӣ шаванд. Ҳангоми қатъ гаштани нафас ва фаъолияти дил намуди зоҳирӣ, тарзи ҷойгиршавии сар, дасту пой, бадан тағйир меёбанд (ин ҳолат ба одами хобида ҳеҷ монандӣ надорад); қафаси сина беҳаракат шуда, ранги рӯй ва гардан мепарад; гавҳарак васеъ шуда, набз намезанад; гӯшро ба сари дил монем ҳам, таппиши он ношунавост. Дар ин ҳолат аз паи аниқ кардани беморӣ нашуда, ёрии таъҷилӣ расондан лозим.
Барои барқарор кардани нафасгирӣ аввал либосҳои танг (галстук, тасма, куртаи таг ва ғ.)-ро кашида, гиребонро кушодан лозим аст. Агар дар даҳони зарардида ягон монеаи нафасгирӣ (луоб, луқмаи хӯрок, лахтаи хун, дандони сунъӣ ва ғ.) бошад, бо ангушт бояд берун кард.
То солҳои наздик нафасдиҳии сунъие (усули Силвестр ва диг.), ки бо роҳи ҳаракат додани мушакҳои даст, чанбари китф ва қафаси сина (мушакҳои нафасгирӣ) амалӣ мегашт, маъмул буд. Вале бо ин тарзи нафасдиҳӣ ба шуш ҳамагӣ 300 см3 ҳаво медарояд, ҳоло он ки барои зинда гардондани организм 800 см3 ҳаво лозим аст (одами солим оромона 600 – 700 см3 ҳаво нафас мегирад). Бинобар ин (агар асбобҳои тиббӣ набошанд) бо усули «даҳон ба даҳон» ё «даҳон ба бинӣ» нафаси сунъӣ медиҳанд. Ҳавое, ки бо ин усул ба роҳи нафас меравад, барои зинда гардондани организм кифоя аст (зеро 16% оксиген дорад).
Сари зарардидаро ҳатталимкон ба ақиб хам кардан лозим (бо ин мақсад ба зери китф болин ё либосашро таҳ карда мегузоранд), то ки ҳавои мефиристода ба меъда наравад. Мададгор аз як паҳлӯи зарардида истода, бо як даст бинии ӯро медорад ва бо дасти дигар манаҳро зер карда, даҳонашро мекушояд; сипас нафаси чуқур гирифта, даҳонашро аз болои дока ба даҳони зарардида мегузорад ва сахт пуф мекунад; баъд рост шуда, нафасбарории зарардидаро (бисёр суст аст) интизор мешавад (ҳангоми аз бинӣ нафас додан, даҳони зарардидаро бо кафи даст руст кардан лозим аст). Дар 1 дақ. 12 – 15 маротиба бояд нафас дод. Дар аввал ҳавои ҳар «пуф»-и мададгор зуд ба шуши зарардида меравад, вале баъдтар (чун шуш пур мешавад) ҳаво мушкил ва кам ворид мегардад. Агар нафаси сунъӣ асар кунад, қафаси синаи зарардида васеъ шудан мегирад.
Дар сурати аз таппиш мондани дил қафаси синаро масҳ кардан лозим. Аз нафаси сунъӣ хун оксигеннок шуда, аз масҳ кардан дил ба кор медарояд ва оксигенро ба узвҳои муҳими инсон мебарад. Дар натиҷаи масҳ кори дил ва нафаскашӣ метавонад барқарор шавад.
Дилро чунин масҳ мекунанд: бо кафи даст сари дили зарардидаро сахт-сахт зер кардан лозим; аз фишорхӯрии сари дил хун ба шоҳраг ва шараёнҳои шуш ҷорӣ мешавад. То дафъаи дуюм фишор додан, дил боз ҳаҷми аввалаашро гирифта, бо хун пур мешавад. Баъди зер кардани сандуқи сина хунро боз ба шоҳраг ва шараёнҳои шуш равон мекунад. Ҳамин тавр, дилро ба таври сунъӣ ба ҳаракат медароранд.
Зарардидаро ба ягон ҷои сахт (фарш, замин ва ғ.) хобондан лозим. Аз якбора ва вазнро партофта зер кардан, сандуқи дил (як дастро рӯи дасти дигар мондан лозим) чанд сантиметр фишор меёбад ва дар натиҷа дил дар байни сандуқи сина ва сутунмӯҳра тазиқ мехӯрад. Агар зарардида ба замин дароз кашида бошад, аз паҳлӯ сари зону истода, сандуқи дилро фишор медиҳанд (дар рӯи кат бошад, болои курсие баромадан лозим). Дар 1 дақ. бояд 50 – 60 маротиба сандуқи дилро фишор дод.
Фишор додани сандуқи дил ва баъди ҳар 4 – 5 сон. 1 маротиба нафаси сунъӣ додан (аз даҳон пуф кардан), бисёр вақт натиҷаи хуб медиҳад (гавҳараки чашм хурд шуда, шараёни хоб ба таппиш медарояд, кабудии пӯст кам мешавад). Ин амалиётро то мустақилона нафас гирифтани зарардида ва задани набз бояд давом дод. Ин кор қувваи зиёди ҷисмонӣ ва рӯҳӣ металабад, бинобар ин 3 наф. машғул шаванд, беҳтар аст. Якбора ҳам аз даҳон пуф кардану ҳам фишор додани сандуқи дил ҷоиз нест, зеро шуш мекафад.
Азбаски устухони пиронсолон нисбатан мӯрд мебошад, барои нашикастани қабурғаҳо сандуқи дилро бояд боэҳтиёт зер кард.
Ба ҳаракат даровардани хун ва додани нафаси сунъӣ боиси мустақил нафас гирифтану кор кардани дил нашаванд ҳам, то омадани духтур ҳолати беморро беҳтар мегардонанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …