Главная / Биология / Ёрии аввалин ҳангоми қатъ гардидани нафасгирӣ

Ёрии аввалин ҳангоми қатъ гардидани нафасгирӣ

Рефлексҳои нафасгирӣ. Вобаста ба ҳолати организм (хоб, кори ҷисмонӣ, тағйирёбии ҳарорат ва ғайра) нафасгирии чуқури одам ба таври рефлексӣ тағйир меёбад. Камонаки рефлексҳои нафасгирӣ ба воситаи маркази нафасгирӣ мегузарад. Чунин рефлексҳо, ба монанди атса ва сулфа ба амал меоянд.

Гард ё ягон моддаи тундбўй ба ковокии бинӣ даромада, ретсепторҳои пардаи луобии онро ба ҳаяҷон меорад. Он гоҳ рефлекси муҳофизат – атса ба вуҷуд меояд, ки он нафасбарориисахт ва тези рефлексӣ ба воситаи бинӣ мебошад. Ба туфайли он аз ковокии бинӣ моддаҳои ангезанда дур мешавад. Ҳангоми зуком луоби дар ковокии бинӣ ҷамъ шуда, низ ҳамин гуна ангезаро ба вуҷуд меорад.  Сулфа ин тавассути даҳон баровардани нафаси тези рефлекторӣ буда, ҳангоми ангезиши роҳи гулў ба вуҷуд меояд.

utonuvshemu_pomosch-1

Нафаси сунъӣ. Нафаси сунъӣ ҳангоми ёрии аввалин ба одамони ғарқшуда, аз ҷараёни барқ, раъду барқ, гази ангиштсанг ва дигар ҳодисаҳои ногувор зарардида истифода бурда мешавад.

Ҳангоми ёрӣ расонидан ба шахси ғарқшуда пеш аз ҳама роҳи нафас ва шуши ўро аз об фавран холӣ кардан зарур аст. Барои ин шахси ёрирасон якзону нишаста, ҷабрдидаро болои зону чунон мехобонад, ки сар ва қисми болои бадани ў ба поён овезон бошад (расми 61). Сипас даҳони ғарқшударо кушода, ба тахтапушташ мезананд ва аз роҳи нафасаш обро мебароранд. Баъд ҷабрдидаро  рўболо хобонда, гардан, қафаси сина ва шикамашро аз қисми танги либос халос мекунанд (тугмаи гиребон, галстук ва камарбандашро мекушоянд). Зери шонаҳояш ягон лулаи нарм гузошта, сарашро ба қафо хам ва ҷоғи поёнашро ба пеш кашидан лозим аст.

Баъд ба даҳон ва бинии бо дастрўмол пўшонда ба ҷабрдида ҳаво додан лозим аст. Дар як дақиқа тахминан 16 маротиба ҳамин тавр ҳаво медиҳанд. Ба он назорат кардан лозим аст, ки баъд аз ҳар як «нафас»-и сунъӣ қафаси синаи ҷабрдида поён шавад. Бояд давомияти ин хел «нафасбарорӣ» нисбат ба «нафасгирӣ» тахминан ду маротиба зиёд бошад (расми 62). Агар дил кор накунад, ин усулро якҷоя бо молиш додани мавзеи дил давом додан зарур аст: баъди ба шуш як бор ҳаво фиристодан ба сеяки поёни сари сина ба муқобили сутунмўҳра 4-5 фишори таконмонанд медиҳанд. Сари синаи калонсолонро дар масофаи 4-5см ва бачагони хурдсолро дар масофаи 1,5-2см дар ҳар дақиқа 7-9 маротиба фишор медиҳанд. Пас аз 4-5 маротиба фишордиҳӣ боз ба даҳон ё бинии ҷабрдида ҳаво фиристодан лозим аст. Агар гавҳараки чашмони ҷабрдида хурд, пўсти баданаш сурхчатоб ва набзаш пайдо шавад, пас ин натиҷаи хуби додани ёрӣ аст. Ба ғарқшуда то мустақилона нафас гирифтан ва ба ҳуш омаданаш ёрии аввалин расондан лозим аст. Ва ниҳоят, ба бемор чойи гарм дода, ба ягон матоъ печонида, ба беморхона мебаранд.

Саволҳо:

  1. Чаро ҳангоми кори фаъоли мушакҳо одам тез-тез ва чуқур нафас мегирад?
  2. Чаро дар хонаи дуруст шамолдодашудаи серодам нисбат ба ҳарвақта одам тез-тез ва чуқур нафас мегирад?
  3. Нафаси сунъӣ чист?
  4. Чӣ тавр ба ҷабрдида ёрии зарурӣ расонидан лозим аст?
Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

dandon-pizishk

Ҳомиладорон читавр дандонҳоро нигоҳубин намоянд

Ташрифи дандонпизишк ҳар ним сол, як маротиба тавсия карда мешавад. Бо фаро расидани давраи ҳомиладорӣ …