Главная / Илм / ЁРДАМПУЛӣ ДАР ДАВРАИ ҲОМИЛАГӣ ВА БАЪДИ ТАВАЛЛУД

ЁРДАМПУЛӣ ДАР ДАВРАИ ҲОМИЛАГӣ ВА БАЪДИ ТАВАЛЛУД

yordampuliЁРДАМПУЛӣ ДАР ДАВРАИ ҲОМИЛАГӣ ВА БАЪДИ ТАВАЛЛУД ба коргарзанон, хизматчиён ва ғ. дар рухсатии давраи ҳомилагӣ ва баъди таваллуд қатъи назар аз стажи меҳнатӣ дар ҳаҷми пурраи музди кор дода мешавад. Давомнокии рухсатии давраи ҳомилагӣ ва баъди таваллуд мутаносибан барои 140 рӯзи тақвимӣ пардохта мешавад. Дар мавриди таваллуди душвор, кӯмакпулӣ барои 156 рӯзи тақвимӣ ва ҳангоми таваллуди ду кӯдак ё аз он бештар барои 180 рӯзи тақвимӣ пардохта мешавад.
Дар ҳолати таваллуди бармаҳал ё мурда ба дунё омадани тифл ёрдампулӣ барои ҳомилагӣ ва таваллуд дар асосҳои умумӣ пардохта мешаванд. Дар баробари ин кӯмакпулӣ дар ҳамаи давраи корношоямӣ, ки муассисаҳои тандурустӣ мутобиқи Кодекси меҳнати ҶТ ва Қонуни ҶТ «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ» муайян намудаанд, пардохта мешаванд. Асос барои Ё. варақаи корношоямӣ аст. Ё. дар ҳаҷми 100% музди миёнаи корманд пардохта хоҳад шуд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …