Главная / Илм / ЁРДАМПУЛӣ БАРОИ НИГОҲУБИНИ КӯДАКИ

ЁРДАМПУЛӣ БАРОИ НИГОҲУБИНИ КӯДАКИ

yordampuliЁРДАМПУЛӣ БАРОИ НИГОҲУБИНИ КӯДАКИ БЕМОР ба коргарон ва хизматчиён дар асоси варақаи беморӣ (чунон ки дар ҳолати бемории дигар аъзои оилаи коргар) бо шартҳои зерин дода мешавад: агар бе нигоҳубин мондан ба ҳаёт ва саломатии бемор хатар дошта бошад; агар барои ба муассисаи табобатӣ ҷойгир кардани бемор имконият набошад; агар дар оила дигар парасторон вуҷуд надошта бошанд (хизматгорзан аъзои оила ҳисоб намеёбад). Дар ҳолати бемории кӯдаки синнаш то дусола ёрдампулӣ ба модар сарфи назар аз будан ё набудани дигар парасторони оила дода мешавад.
Ё.-ро барои на бештар аз 3 рӯзи тақвимӣ мепардозанд. Тамдиди мӯҳлати Ё. барои беш аз 3 рӯзи тақвимӣ фақат дар ҳолатҳои истисно, вобаста ба вазъи бемор ва дараҷаи вазнинии беморӣ пешбинӣ шудааст (он ҳам бошад на бештар аз 7 рӯзи тақвимӣ). Ба модар (падар) ё диг. хешу ақрабои кӯдаки бемор, ки ҳамроҳи ӯ дар беморхона хобидааст, ёрдампулӣ барои ҳама мӯҳлати аз кор ҷавоб додан пардохта мешавад. Аз чунин имтиёз ашхосе, ки дар рухсатии меҳнатӣ мебошанду фарзанди беморашонро нигоҳубин кардаанд, маҳруманд.
Дар ҳолати нигоҳубини кӯдаки сиҳат (мас., ҳангоми бемории модар, карантини муассисаи бачагона ё кӯдак ва ғ.) ба коркун аз тарафи муассисаи табобатӣ справка дода мешавад, ки он барои ба кор нарафтани ӯ ҳуҷҷати ҳуқуқӣ аст. Аммо аз рӯи чунин справка ёрдампулӣ намегиранд.
Ҳаҷми ёрдампулӣ барои парастории кӯдаки бемор мувофиқи ҳамон қоидаҳое муайян карда мешавад, ки барои муайян намудани ҳаҷми ёрдампулӣ барои корношоямии муваққатӣ дар давраи бемориҳои умумӣ, осебҳои меҳнатӣ муқаррар карда шудааст. Мас., дар ҳолати 8 сол ё бештар аз он стажи муттасили меҳнатӣ доштани коркунон, ки аъзои иттифоқи касабаанд, ёрдампулӣ барои парастории бемор ба андозаи 100% музди меҳнат, агар аъзои иттифоқи касаба набошанд, 50% музди меҳнат дода мешавад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …