Главная / Ҷамъият / Йоднокгардонии намак

Йоднокгардонии намак

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 Дар бораи йоднокгардонии намак

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  соли  2002, №11, мод. 738; соли 2007, №5, мод. 369)

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии тадбирҳои вобаста ба йоднокгардонии намакро бо мақсади пешгирӣ аз бемориҳои норасоии йод дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намуда, муносибатҳои дар ин соҳа ба миёнояндаро танзим мекунад.

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои зерин истифода шудаанд:

йоднокгардонии намак – амали бо йод омехтагардонии намак бо мақсади пешгирӣ аз бемориҳои норасоии йод;

бемориҳо вобаста ба норасоии йод-ҳолати номуътадиле, ки аз вайрон шудани фаъолияти ғадуди сипаршакл дар натиҷаи норасоии йод дар ҷисми одам пайдо мешавад (паст рафтани сатҳи тафаккур, бачапартоӣ, тавлиди кӯдаки мурда, камақлӣ ва ғайра);

пешгирии бемориҳо аз норасоии йод – амалҳое, ки барои пешгирӣ аз бемориҳои норасоии йод нигаронида шудаанд.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи йоднокгардонии намак

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи йоднокгардонии намак ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат аст.

 

Моддаи 3. Доираи татбиқи Қонуни мазкур

Қонуни мазкур ба ҳамаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ки дар соҳаи йоднокгардонии намак фаъолият мекунанд, дахл дорад.

 

Моддаи 4. Салоҳияти мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи йоднокгардонии намак

Салоҳияти мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи йоднокгардонии намак бо мақсади пешгирӣаз бемориҳои норасоии йод аз амалҳои зайл иборатанд:

таҳия ва иҷрои барномаҳои мақсадноки давлатӣ вобаста ба пешгирӣ аз бемориҳои норасоии йод;

ҳамоҳангсозии фаъолияти дигар вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ, инчунин мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо дар соҳаи пешгирӣ аз бемориҳои норасоии йод;

назорат, баҳодиҳӣ ва пешгирии дараҷаи паҳншавии бемориҳо вобаста ба норасоии йод дар байни аҳолӣ;

якҷоя бо мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо анҷом додани назорати иҷрои талаботи ҳамин Қонун ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои пешгирӣ аз бемориҳои норасоии йод;

муайян намудани минтақаҳое, ки дар таркиби хокашон йод кам мебошад;

омӯзиш, баҳодиҳӣ ва пешгӯии дараҷаи паҳншавии бемориҳо аз норасоии йод дар байни аҳолӣ;

амалӣ гардонидани чорабиниҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилӣ бо мақсади истеҳсол, фурӯш ва бо намаки йоднокгардондашуда таъмин кардани талаботи аҳолӣ;

ваколатҳои дигаре, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

 

Моддаи 5. Тадбирҳои йоднокгардонии намак

Дар соҳаи йоднокгардонӣ бо мақсади пешгирӣ аз бемориҳои норасоии йод дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зерин амалӣ карда мешаванд:

ташкили муоинаи аҳолӣ, пешгирӣ ва ошкор кардани шахсоне, ки гирифтори бемориҳои норасоии йод гардидаанд;

баҳодиҳии ҳарсола бо мақсади мониторинги ҷараёни паҳншавии бемориҳо аз норасоии йод, самаранокии чораҳои пешгирӣ ва ба мақомоти дахлдор пешниҳод кардани маълумот дар бораи натиҷаҳои он;

ташкили гузаронидани тадқиқоти илмӣ, ки барои пешгирӣ аз бемориҳои норасоии йод равона шудааст;

огоҳ кардани аҳолӣ дар бораи чораҳои пешгирӣ аз бемориҳои норасоии йод ва ташкили воситаҳои маърифати санитарӣ тавассути матбуот, радио, телевизион оид ба масъалаҳои пешгирии бемории мазкур, нашри варақаҳо, маълумотномаҳо ва ғайра;

ҳатмӣ будани риояи стандартҳо, талаботи меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва қоидаҳои (минбаъд стандарт ва талабот) таъмини сифат ва бехатарии намаки йоднокгардондашуда аз ҷониби ҳамаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки дар соҳаи истеҳсол, содирот, воридот ва фурӯши намаки йоднокгардондашуда фаъолият мекунанд.

 

Моддаи 6. Назорати давлатии пешгирӣ аз бемориҳои норасоии йод

Назорати давлатии пешгирӣ аз бемориҳои норасоии йод аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ, амалӣ гардонида мешавад.

Экспертизаи намунаҳои намак ба мақсади муқаррар намудани мутобиқати нишондиҳандаи сифат ва бехатарии намаки йоднокгардондашуда ба стандарт ва талабот аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ гузаронда мешавад.

Назорати ҷамъиятӣ ба риояи стандарт ва талабот, таъмини сифат ва бехатарии намаки йоднокгардонидашуда мутобиқи тартиби муқарраркардаи қонунгузорӣ, амалӣ гардонида мешавад.

 

Моддаи 7. Талабот нисбат ба намаки йоднокгардондашуда

Истеҳсол, фурӯш, воридоту содироти намаки йоднокгардондашуда мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон,   бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тҷчикистон амалӣ мегардад.

Намаке, ки бо таом истеъмол мешавад ва барои хӯрокаи чорво истифода мегардад, бояд йоднокгардондашуда, сифат ва бехатарии он ба стандарт ва талаботи дахлдор ҷавоб дода тавонад. Сифати йоди таркиби намак аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар карда мешавад.

Истеҳсол, тоза, йоднокгардондани намак ва фурӯши он мутобиқи тартиботи меъёру қоидаҳои санитарию гигиенӣ сурат мегирад.

Басту банди намаки йоднокгардондашудаи ба ҷумҳурӣ воридшаванда ва намаки йоднокгардондашудаи дар ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда, реклама, тамғагузорӣ, ҳифз, нигоҳдорӣ, интиқол ва фурӯши он дар асоси риояи стандарт ва талаботи дахлдор, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷомдода мешавад.

Намаки йоднокгардондашуда, ки мӯҳлати истифодааш гузаштааст, танҳо ҳамчун намаки техникӣ истифода бурда мешавад.

Фурӯши намаки йоднокгардонданашуда ва ворид намудани он дар ҷумҳурӣ, манъ аст.

 

Моддаи 8. Сертификатсияи намаки йоднокгардондашуда

Бо мақсади муқаррар намудани мутобиқатии нишондиҳандаи сифат ва бехатарӣ, намаки йоднокгардондашудаи дар ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сертификатсия карда мешавад.

Истеъмолкунандагон мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ дар бораи йоднокгардонӣ ва сертификатсияи намак огоҳ карда мешаванд.

 

Моддаи 9. Ҳавасмандгардонии истеҳсоли намаки йоднокгардондашуда

Бо мақсади таъмин кардани талаботи аҳолӣ бо намаки йоднокгардондашуда дар ҷумҳурӣ сиёсати мақсадноки сармоягузорӣ, нархгузорӣ, қарздиҳӣ дар ин соҳа, амалӣ гардонида мешавад.

 

Моддаи 10. Кафолати сифат ва бехатарии намаки йоднокгардондашуда

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба истеҳсол, содирот, воридот, фурӯш ва рекламаи намаки йоднокгардондашуда машғуланд, бояд ба истеъмолкунандагон   сифат ва бехатарии намаки йоднокгардондашуда ва мутобиқатии ҳатмии онро ба стандартҳои давлатӣ кафолат диҳанд.

 

Моддаи 11. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба истеҳсол ва фурӯши намаки йоднокгардондашуда машғуланд, дар сурати вайрон кардани стандарту талаботи сифат ва бехатарии он, ӯҳдадоранд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ зарари ба саломатии одамон расондашударо ҷуброн намоянд.

Барои вайрон кардани Қонуни мазкур шахсони  воқеӣ ва ҳуқуқӣ мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 12. Мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                    Э. РАҲМОНОВ

ш. Душанбе  2 декабри соли 2002

№85

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

ҚАРОРИ

МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ

МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Оиди қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Дар бораи йоднокгардонии намак»

 

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи йоднокгардонии намак» қабул карда шавад.
  2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба Қонуни мазкур мутобиқ гардонидани қонунгузории ҷорӣ таклифҳо пешниҳод намояд ва қарорҳои худро бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи йоднокгардонии намак» мутобиқ гардонад.

 

Раиси Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                              С. ХАЙРУЛЛОЕВ

ш. Душанбе  9 октябри соли 2002

№703

 

 

 

 

ҚАРОРИ

МАҶЛИСИ МИЛЛИИ

МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Оиди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи йоднокгардонии намак»

 

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи йоднокгардонии намак» баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи йоднокгардонии намак» ҷонибдорӣ карда шавад.

 

 

Раиси Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                       М. УБАЙДУЛЛОЕВ

ш. Душанбе  12 ноябри соли 2002

№ 344                       

 

 

 

Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

Падар ва фарзандон

Шеър дар бораи кӯдакӣ

Тифлию шашсолагӣ дар ёди ман. Чашм пушам волидон дар хоби ман. Шаш соли умри ман …