Главная / Гуногун / Яҳё-пайғамбар – ҲИКОЯТ

Яҳё-пайғамбар – ҲИКОЯТ

Бар болини турбати Яҳё-пайғамбар, алайҳисалом, мўътақиф будам дар ҷомеи Димишқ, ки яке аз мулуки Араб, ки ба беинсофӣ мансуб буд, иттифоқан ба зиёрат омад ва намоз карду ҳоҷат хост.

Дарвешу ғанӣ бандаи ин хоки даранд
В-онон, ки ганиматаранд, муҳтоҷтаранд.

Он гаҳ маро гуфт:
– Аз он ҷо, ки ҳиммати дарвешон аст ва сидқи муомилаи эшон хотире ҳамроҳи ман кунед, ки аз душмане андешаноком.

unnamed
Гуфтамаш:
Бар раъияти заиф раҳмат кун, то аз душмани қавӣ заҳмат набинӣ.

Ба бозувони тавоною қуввати сари даст
Хатост, панҷаи мискини нотавон бишкаст.
Натарсад он, ки бар афтодагон набахшояд,
Ки гар зи пой дарояд, касаш нагирад даст.
Ҳар он кӣ тухми бадӣ кишту чашми некӣ дошт,
Димоғи беҳуда пухту хаёли ботил баст.
Зи гўш пунба бурун ору доди халқ бидеҳ
В-агар ту менадиҳӣ дод, рўзе доде ҳаст.

Банӣ одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд,
Чу узве ба дард оварад рўзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.
Ту, к-аз меҳнати дигарон боғамӣ,
Нашояд, ки номат ниҳанд одамӣ.

Рабство

Дар борамон admin

Инчунин кобед

хасибхои Точики

Ҳасибҳои болаззаттарини тоҷикӣ – ҳасибҳо

Ҳасибҳои болаззат дар шаҳри Душанбе- пойтахти Тоҷикистон, бо тамғаи “Хасибчаи Дидор” дар комбинати шири Душанбе …