Главная / Маданият ва санъат / Хусусиятҳои бадеии ашъори Шамсуддин Шоҳин

Хусусиятҳои бадеии ашъори Шамсуддин Шоҳин

Ҳарифи табъи расои ту кас нашуд,
Шоҳин, Зи бас ягонаи офоҳ дар сухандонист.

Шамсуддин Шоҳин дар адабиёти нимаи дуюми асри XIX яке аз он шоиронест, ки дар ҳамаи навъҳои шеър эҷод кардааст. Тозакриҳои Шоҳин дар қасида, ғазал, қитъа, рубоӣ, тарҷеот, мусаммати мухаммас, маснавӣ ва ғайра хеле устодона аст. Шоҳин аз тарафи дигар, ба бузургтарин шоирон: Анварӣ, Саъдӣ, Камол, Ҳофиз, Нозим, Низомӣ, Бедил пайравиҳо кардааст. Ӯ дар қасида бештар ба Хоқониву Анварӣ, дар ғазал ба Саъдию Ҳофиз ва Бедил, дар маснавӣ ба Низомӣ бештар таваҷҷӯҳ зоҳир намудааст. Шоҳин, ба хусус, дар ғазал табъи басо баланд дорад, зеро Туғрал барин шоир ӯро устоди хеш медонад. Шоҳин дар мазмунсозӣ ва маъниофарӣ соҳибҳунар буда, санъати нозуки баён дорад:

Қурбони лаби лаъли шакархои ту гардам, Мафтуни хати ғолияпирои ту гардам. Лаб мегазӣ, ай шӯх, надонам, ки чӣ гӯӣ, Аз нозукии тарзи адоҳои ту гардам.

Аз сабаби он ки маҳбуба дар ғояти нафосату зебоӣ ба тасвир омадааст, бинобар он ҷузъиёти тасвири образҳои лирикӣ низ хеле ҳунармандона аст: лаби лаъли шакархо, хати ғолияпиро, нозукии тарзи адоҳо ва ғайра тавсифҳо, истиораҳо, ташбеҳот, кинояву маҷоз ва махсусан, таносуби сухан ҷолибу қобили қабул истифода шудаанд. Чунин тарзи мазмунсозиву маъниофарӣ ба хусус, дар лирикаи ишқии Шоҳин хеле зиёд мушоҳида карда мешавад. Мавзӯъҳои ишқӣ якҷоя бо тасвири ҷузъиёти баҳор, гулу лола, насими атрогин, садои паррандаҳои хушилҳон, навои обшорону гоҳ-гоҳе резиши борони найсон, лаҳзаҳои тобиши офтоби тобон дар тасвирсозиҳои Шоҳин ҳунари хосанд.

Ай ҳарифон, вақти гул дар гулситон маҷлис кунед, Лоларӯе иттифоқ афтад, ба худ мӯнис кунед.

Ин мавзӯъҳо бо ҳамовозии мусиқиву суруд ва маю бодагусорӣ тасвирҳои хеле хотирмону таъсирбахши лирикаи Шоҳин мебошад. Хусусияти ҷудогонаи лирикаи шоир ба хусус ғазалиёти вай дар он аст, ки он то андозае тобиши зарофатомез дорад, ки қаблан дар ашъори шоирони дигар дучор намешавад. Ин тарзи маъниофариву мазмунсозӣ аз ҳадди камолоти маънавии Шоҳин башорат медиҳад.

Дар лирикаи Шоҳин мавзӯъҳои ахлоқӣ, панду андарзӣ, таълимӣ- тарбиявӣ низ мавқеъ доранд.

Инчунин шикояту танқид, оҳангҳои яъсу навмедӣ дар лирикаи шоир хеле ҳунармандона баён шудаанд.

Санъати шоирӣ, ҳунари эҷод, пояи сухангустарӣ, хаёлбофиву мазмунсозӣ, маъниофарӣ ва ҳадафнокӣ дар лирикаи Шоҳин хеле дилкашанд.

Сабки сухан, тарзи баён, шеваи эҷод, ҳунари таълифи шоир низ ҷолиб аст. Ӯ аз калимаю таъбирҳо, мақолу зарбулмасалҳо, ифодаҳои халқӣ, инъикоси урфу одатҳои мардумӣ, расму русум ва ғайра ба ҳунармандии ба худ хос кор мегирад. Ҳадафро ҳунармандонаву ӯҳдабароёна баён карда метавонад:

Дамаке аз рухи худ парда барандоз, ки ман

Аз рухат об диҳам чашми тамошоиро.

Ё худ:

Гӯ наварзад ишқ ҳар касс, барнатобад ҷаври ёр, Ҳар ки аз гунҷишк тарсад, бояд аз арзан гузашт.

Дар ин абёт: «Чашмро об додан» ба маънии лаззат бурдан аз тамошо ва дар байти дуюм мақоли «Аз гунҷишк тарсӣ, арзан макор» хеле ҳунармандона кор гирифта шудаанд.

Аз ин рӯ, нақши эҷодиёти Шоҳин барои соддаву оммафаҳм намудани забони адабии асримиёнагӣ ва ба зиндагии халқ боз ҳам наздик намудани адабиёти бадеӣ хеле бузург аст.

Савол ва супоришҳо:

  1. Оид ба овони ҷавонии Шоҳин маълумот диҳед.
  2. Таҳсили ибтидоӣ ва мадрасавии Шоҳин дар куҷо гузаштааст?
  3. Сабабҳои ба дарбор роҳ ёфтани шоирро нақл кунед.
  4. Мероси адабии Шоҳин аз чиҳо иборат аст?
  5. Саҳми Шоҳинро дар рушди ғазали адабиёти нимаи дуюми асри XIX баён намоед.
  6. Мавзӯъ ва мундариҷаи ғазалиёти Шоҳинро нақл кунед.
  7. Ғазали «Ай, ки аз қадди расо ғояти сарви чаманӣ»-ро таҳлил намоед.
  8. Мавзӯъ ва мундариҷаи ғазали «Ҳама аҷзои ту хубу ҳама аъзои ту хуш»-ро шарҳ диҳед.
  9. Фаъолияти достонсароии Шоҳин аз кай оғоз шудааст?
  10. Мазмуни мухтасари достони «Лайлӣ ва Маҷнун»-ро нақл кунед.
  11. Образҳои асосии мусбату манфӣ, лаҳзагӣ ва доимии «Лайлӣ ва Маҷнун»-ро таҳлил намоед.
  12. Умумият ва тавофути «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Шоҳин аз асарҳои ҳамном аз чӣ иборат аст?
  13. Мазмуну мӯҳтавои асари «Бадоеъ-ус-саноеъ»- и Шоҳинро нақл кунед.
  14. Дар «Бадоеъ-ус-саноеъ» Шоҳин бештар кадом масъалаҳои иҷтимоиро баён кардааст?
  15. Мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявии маснавии «Тӯҳфаи дӯстон»-ро баён кунед.
  16. Дар таълифи «Тӯҳфаи дӯстон» Шоҳин ба кадом асари асримиёнагӣ пайравӣ кардааст?
  17. Мазмуни ду се ҳикоятро аз «Тӯҳфаи дӯстон» нақл кунед.
  18. Арзиши адабии маснавии «Тӯҳфаи дӯстон» аз чӣ иборат аст?
  19. Оид ба санъати эҷод ва ҳунари шоирии Шоҳин чӣ медонед?
  20. Мақоми Шамсуддин Шоҳин дар адабиёти нимаи дуюми асри XIX аз чӣ иборат аст?

 

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …