Хуроки шом

Хуроки шом – (25% вояи (рацион) хӯроки шабонарӯз) аз ду таом – творог, тухм, сабзавот, шавла ё таоми макаронӣ, шир, кефир, ҷурғот, нӯшокии ширин (молочный кисель) иборат аст. Хӯроки шом 2 соат пеш аз хоб истеъмол карда мешавад.

Таомҳои гӯштӣ, моҳӣ, хӯрокҳои серравған ва равғани маскаро чун хӯроки шом истифода бурдан номатлуб аст. Баро он ки онҳо дар организм суст ҳазм мешаванд, дар меваҳо бисёр тӯл мекашанд, шабона дар вақти хоб бад ҳазм мешавад.

ujin

Fайр аз он сафедаи гӯшти ҳайвон (гӯсфанд, гов) ба асаб таъмири манфӣ мерасонад, аз ин сабаб хоби шабона ноором мекунанд.

Хӯрокро дуруст ва дар сари вақт хӯрдан лозим аст. Шарти асосии дуруст хӯрдани хӯрокворӣ қатъиян риоя намудан ба реҷаи хӯрокхӯрӣ ва тақсими дурусти озуқа дар давоми рӯз аст.

Дар як рӯз вобаста ба синну сол ва иштиҳо одамон бояд якчанд маротиба хӯрок хӯранд. Аз ҷумла, калонсолон 3-4 маротиба кӯдакон ва наврасон 4-5 маротиба хӯрок тановул мекунанд. Вақти хӯрок хӯрдан асосан ба саҳар (соати 8-9), чоштгоҳ (соати 12.30-13) ва шом (соати 20-20.30) рост меояд. Ба илова ин соати 10.30-11 нонуштаи дуюм ва соати

17-17.30 хӯроки гашти пешинро бояд истеъмол кард. Ҳаҷми ё ки миқдору хӯроки шабонарӯз – (бо ҳамроҳии нӯшокӣ аз 2,5-3 кг (бе нон) иборат аст. Аз ин миқдор:

600 г – наҳорӣ (400 г ба таомҳои асосӣ 200 г бо нӯшоки гарм – як стакон чой, қаҳва, шир.

900 г – хӯроки нисфирӯзӣ (пешин) (300-400 г – хӯроки якум, 300 г хӯроки дуюм ва 200 г – хӯроки сеюм) мешавад.

300 г – хӯроки сабуки баъд аз пешин (полдник).

500 г – хӯроки шом (300 г ба хӯроки асосӣ ва нӯшокӣ). 

? Савол ва супориш:

  1. Ба таоми нисфирўзи чиҳо дохил мешаванд.
  2. Бо хоҳиши табъи худ таоми якумро интихоб намуда, тарзи пухтани онро иҷро кунед ва мизро оро диҳед интихоби.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …