Главная / Маданият ва санъат / Хосияти матои пахтагин ва катонӣ зағирӣ

Хосияти матои пахтагин ва катонӣ зағирӣ

Вақте, ки матои пахтагиро кашола мекунем ба барқади ришта тарафҳои муқобили он, аввал ба як тараф, баъд ба дигар тараф (кӯндаланг) бисёртар кашол мешаванд. Аммо дар нахҳои зағирин ин дида намешавад. Матоҳо бо ришта, пуд ва тор, ранг, нақш, ғафсӣ, мустаҳкамӣ, бофишҳо, гармию намигузаронӣ ва ғайра аз ҳамдигар фарқ мкунанд, ки инро хосиятҳои физико механикии матоъ меноманд.

Ҳар як матоъ дорои хосияти физико-механикӣ, гигиенӣ ва технологӣ аст, ки ба нигоҳубинии матоъ далолат мекунад Матоъҳои пахтагин бисёр мустаҳкам, сабук, мулоим, зебо буда, барои истифодабарӣ қулай, гарм ва тез намиро мегузаронад, тез хушк мешавад, ҳаворо нағз мегузаронад, осон шуста ва тез тоза мешаванд, дар ҳарорати баланд тобоваранд.

Матоъҳои пахтагин рӯи ноҳамвории хира бо риштаи ғафсиаш якхелаанд. Ин матоъҳо қобилияти кашишхӯрии калон ба кӯндалангӣ ва камтар дар ин асос матоъҳои пахтагин тит намешаванд.

mato

Матоъҳои зағирин аз матоъҳои пахтагӣ мустаҳкам буда, он кам кашиш мехўрад. Тору пуд як хел шахшӯл буда (жётский) вазни калон дорад, нисбат ба ғафсии матоъи зағирин гиграскопи намиро нағз мегузаронад, гигиенӣ буда, тез шуста мешавад.

Матоъҳои зағирин сатҳи суфта доранд, бо ҷилоҳи на он қадар баланди абрешими ба риштаи ноҳамвор буда, пӯстро хунук мекунонад, ҳискунии хунукро ба амал меорад матои пурра аз зағир буда, тит мешавад ғиҷим мешавад, аммо тез дарзмол мешавад.

Истеҳсолоти бофандагӣ нафақат матоъҳои тозаи пахтагин ва, зағирин, балки бо ҳамроҳ кардани дигар масолеҳ матоъҳои сунъӣ (синтетикӣ), капронҳо, лавсанҳо истеҳсол мекунад. Ин хел матоъҳо намуди берунии зебо доранд, кам тит мешаванд ба хўрдшавиашон суст, бадошт дар вақти шустан кам кашиш мехӯрад.

Матоъҳои пахтагӣ дар истеҳсоли ватанӣ нисбат ба дигар матоъҳо сол аз сол зиёд шуда истодааст.

Анвои матоъҳои пахтагӣ гуногун аст. Аслан онҳо чун матоъи рӯзғорӣ буда, аз он маснуоти дӯзандагӣ, куртаҳо, костюм, палто, риштаҳои пахтагин ва қисми ками онро бо мақсади техникӣ (матои тавқи пойафзолӣ) истифода мебаранд.

Матоъҳои зағирин доимо истеҳсолаш зиёд шуда истодааст. Матоъҳои зағирӣ аз рўи вазифааш рӯзғорӣ ва техникӣ мешавад. Матоъҳои рӯзғорӣ 40%-ро ташкил мекунад, аз он ҷумла аз матоъҳои пахтагин ва зағирӣ лавозимоти ошхонагӣ, либоси таг, куртаи хоб, костюм, сачоқ ва ғайра тайёр мекунанд.

Тавсифи хосиятҳои матои пахтагӣ ва зағирӣ

xususiyati-maot

 

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …