Главная / Без рубрики / Хонаи Абдусалом Деҳотӣ

Хонаи Абдусалом Деҳотӣ

Абдусалом Деҳотӣ (14 марти 1911, д. Боғимайдони н. Самарқанд — 31 январ, 1962, ш. Душанбе) — шоир, нависанда, дромнавис, луғатшинос, арбоби давлатӣ, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (соли 1934).

Дар сурат Ҳавлие ки дар он  (1950-1962сс) зиндагӣ кардааст акс ёфтааст. Ин дар пойтахти Тоҷикистон Шаҳри Душанбе назди осорхонаи Мирзо Турсунзода мебошад.

Хонаи Абдусалом Деҳотӣ . Кӯчаи Мирзо Турсунзода, 157
Хонаи Абдусалом Деҳотӣ . Кӯчаи Мирзо Турсунзода, 157

Абдусалом Деҳотӣ 14 март, 1911, дар деҳаи Боғимайдони ноҳияи Самарқанд ба дунё омадааст. Мактаби миёнаро соли 1930 хатм кардааст. Аз соли 1931 дар ш. Самарқанд, дар рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» ва шуъбаи Нашриёти давлатии Тоҷикистон кор мекард. Соли 1935 ба Сталинобод ҳозира (Душанбе) омада, дар идораи маҷаллаи «Барои адабиёти сотсиалистӣ» кор кардааст. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941 — 1945) корманди Нашриёти давлатии Тоҷикистон, пас аз ҷанг котиби масъул ва муҳаррири журнали «Шарқи Сурх», муҳаррири маҷаллаи «Тоҷикистон», котиби иҷроияи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, мудири шуъбаи адабиёти бадеӣ ва сармуҳаррири Нашриёти давлатии Тоҷикистон буд ва ба сифати яке аз арбобони барҷастаи матбуоту нашриёти тоҷик шӯҳрат пайдо кард.

МАКОН ДАР ХАРИТА

Солҳои 1946—1949 ходими илмии Институти забон, адабиёт ва таърихи филиали тоҷикистонии АИ СССР буда, бо Н. Н. Ершов «Луғати русӣ — тоҷикӣ» — ро таҳрир намуд (1949). Дар таҳрири чанд ҷилди тарҷумаи тоҷикии асарҳои В. И. Ленин иштирок дошт. Аз соли 1959 то охири умр корманди илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон, яке аз муҳаррирони «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (ҷ. 1 — 2, М., 1969) буд. Яке аз донишмандони забону адабиёти тоҷик ва аввалин муҳаррири асарҳои илмии Садриддин Айнӣ буда, дар таҳияи нахустин маҷмӯаи шеърҳои Рӯдакӣ (с.1940) бо Садриддин Айнӣ ҳамкорӣ кардааст. «Ҳафт пайкар» ва «Лайливу Маҷнун» — и Низомӣ, мухтасари «Куллиёт» — и Саъдӣ, «Латифаҳои тоҷикӣ» — ро ба чоп ҳозир кардааст.

Инчунин кобед

tajhizot

Таҷҳизот барои ошхона

Аз куҷо дар Душанбе таҷҳизот барои ошхона, кафе, ресторан, ки аз пулоди зангногир — металли …