Главная / Гуногун / ХОМПАЗҲО

ХОМПАЗҲО

Ба як мард чил ҳунар кам бошад, пас чаро чил зан бисёр будааст?!

Замонҳои пеш мардҳо бисёрзана буданд. Ҳоло занҳо бисёршавҳараанд.

Гов гуфтааст: “Мудири ферма медонад, ки мо забони гўё надорем, бинобар ин дар пеши чашмамон медуздад”.

Дар замони рукуд: “Ваъда медиҳем!” – мегуфтанд. Дар давраи бозсозҷ: “Ваъда медиҳем, ки ваъда намедиҳем!” – мегўянд.

kulchaАз қаҳру рашк бадафт бишавҷ.

Хоҳb, ки рўзат сиёҳ шавад, аз занат: “Куҷо будҷ?” – гуфта, пурс.

Аз нархҳои озод мушҳо ҳам ба дод омаданд.

Намак тухми анқо шуда бошад ҳам, ба захмҳоям намак мепошанд.

Демократҳо онҳоеанд, ки ҳатто барои бо худ гап задан микрофону минбар меҷўянд.

Муҳити зист рўз ба рўз, “яроқнок” мешавад.

Агар аз даруни мантуву самбўсаҳои шаҳри Душанбе гўшт ёфтанӣ шавед, бо худ микроскоп гиред.

Эълон дар ҳаммом: “Якҷоя шустани зану мард қатъиян манъ аст!”

Марде дар митинги дафн гуфт:

– То боздид, дўсти азиз!

Ба зан дилатро накушо, ки ба рўят ҳама дарҳоро мепўшӣ.

Аз байнашон гурбаи ало гузашт, чун саг ба ҳам дарафтоданд.

Урра! Мо дар нарху наво аз Амрико гузаштем!

Мир шудан мехост, вале пир шуд!

Хушомадхўҷа акси худро дар оина дида, дуқад шуда гуфт: “Хуш омадед, нури дида, тоҷи сар!”

Бевазан занест, ки аз хўрдани майнаи сари мард маҳрум шудааст!

Орзуи паси рули мошин нишастан карду паси панҷара нишаст.

Аз паси аробаи пурбор давида, ба аробаи холӣ зор шуд.

Аҷаб замоне! Ҳеӣ кас харидор шудан намехоҳад, ҳама мехоҳанд фурўшанда бошанд.

“Бародарӣ – баробарӣ!” – мегуфт доро ба камбағал. – Қонун аз мо, ҷазо аз шумо!”

Кўтоҳтарин қисса: “Тавлид шуд – зист – мурд!”

Шўй, ки латта шуд, зан шатта мешавад!

Кисабуре ба кисабур панд медод: “Ҳар киса гумон мабар, ки холист!”

Масташ намекардам, магар мегуфт, ки ман кистам?!

Пул надорҷ, саодат маҷўй!

Кўтоҳтарин ва беҳтарин нўшбод ин аст: “Менўшем, ки боз нўшем!”

Занҳо пеш гулдастаро дўст медоштанд, ҳоло бошад, пулдастаро!

Ронанда наметавонад аз дўстӣ бо милиса нафъ бибарад.

Майзадаҳо: “Барои саломатҷ!” – гуфта, менўшанду саломатӣ надоранд.

Пеш аз он ки ягон касро заданӣ шавед, аввал то ҳазор шуморед, ана баъд занед.

“Нозиданоша бинед!…” – гуфта буд, ки як мушти обдор хўрда, афтид ва шунид: “Афтиданоша бинед!”.

Аҷабо! Вазъи зимистонгузаронии чорворо дар Девони Вазирон мебинанду вазъи зимистонгузаронии одамонро дар ҳеӣ куҷо.

Ба ў гуфтанд, ки: “Обро лой кун” – кард. Вале кӣ моҳӣ дошт, ў надид.

Эълон: «Забони гўё ба гўши шунаво эҳтиёғ дорад».

М Е Г Ў Я Н Д,  К И …

… баъзан ба саҳифаи таърих даромадан осонтар аст, нисбат аз он ки ба кабинети сардор дароҷ.

… байни одамони “зиндагӣ карда метавонистагҷ” дарозумрон ками дар каманд.

… ба одами “боло” домод шавҷ, чун пуфак ба боло мехезҷ.

… фурўшандае тавассути симо аз ҳаққи мардумхўрӣ даст кашидааст.

… “ҳақиқат талху мевааш ширин”. Наход аз дарахти талх меваи ширин рўяд?

… дар гўристон чунин лавҳа овезон: “Хуш омадед!”

… дар ошхона бо ҳарфҳои калон навиштаанд: “У нас самообслуживание. Поел, убирайся сам!”

… сарвари бригадаи заводи механикӣ назди роҳбарон рўбоҳ мешудаасту назди зердастонаш паланг.

… сарошпаз аз таомҳои ошхонаи худ хўрдааст.

… яке аз ҳукамо гуфтааст: “Хайрият, кооперативҳо пайдо шуданду хару сагу пишаки дайду аз шаҳр ғайб зад”.

… дарвозаи шаҳрро баста мешаваду кооперативҳоро не.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

ruza_ramadan

Дуоҳои ният ва ифтори рӯзаи моҳи  шарифи рамазон

Нияти рӯза гирифтан: «Ва ли савми ғаддим-мин шаҳри рамазона-л-лазӣ фаризатан навайту». Тарҷума: Рӯзаи фардоро аз …