Главная / Маданият ва санъат / Хаҳонбинӣ ва акидаҳои иҷтимоӣ – ахлоқии Бедил

Хаҳонбинӣ ва акидаҳои иҷтимоӣ – ахлоқии Бедил

Маълум аст, ки зери мафҳуми ҷаҳонбинӣ системаи фалсафии таълимоти адиби мутафаккир фаҳмида мешавад. Аз ин нигоҳ, эҷодиёти Бедил ва системаи ҷаҳонбинии ӯ бо таълимоти исломи шариф муқобил нест. Зеро ӯ ҷонибдори таълимоти фалсафаи ваҳдати вуҷуд буда, ҳадди ниҳоии он Холиқ-ҳастии мутлақ ва азалӣ ва сунъи ӯ махлуқ-одам ҷӯён асли хеш аст.

Аз ин рӯ, Бедил инсонро ҳамаҷониба дар маркази эҷод мегузорад. Онро ҳамчун асрори олами сағир ба тасвир мегирад: «Ай шамъи базми қудс, надонам чӣ маҳзарӣ»… Қиёсҳое, ки барои маърифати инсон ба кор гирифта мешавад, ғолибан ба олами моддӣ тааллуқ дошта, таҷрибагоҳи он зиндагӣ, ҳаёт, рӯзгор ва табиат аст. Ин аст, ки инсони тасвиркардаи Бедил пайваста дар гиру дор, раду бадал буда, доираи амалиёту фаъолияташ пур аз низоъ, тазод, мухолифат, бархурд аст. Нерӯи тафаккур, қудрати ақлонӣ, зеҳну заковати ин инсон ҷӯё, кӯшо ва фаъол мебошад. Илму тадқиқ, қиёсу тарҷеҳ, созандагию ихтироъ муҳимтарин сифатҳои фаъолияти инсони тасвиркардаи Бедил аст. Ҳадафи ин инсон:

«Оламеро барорам аз ғафлат.»

Ғафлат хоси ҷаҳони инсонист ва душмани ҳушёриву зиракии инсон аст. Аз сабаби он ки ин инсон оламеро (ҷомеъаро) аз ғафлат азми наҷотдиҳӣ дорад, пас тибқи таълимот ва ҷаҳонбинии Бедил, бархурдҳои мафкуравӣ, зиддиятҳои ботинӣ, низоъҳои сиратӣ ихтилофҳои маънавии ниҳоят аҷоиб ва бозёфти шоири мутафаккир аст, ки боиси кашфи ҷузъиёти афкори ахлоқию фалсафӣ ва адабию зебошиносии мутафаккир аст. Бинобар он, инҳитоту инқирози маънавӣ ва ё рушду таҳаввули он ба огоҳӣ ё ғофилии инсон сахт вобастагӣ дорад.

Бедил ҳам мисли кулли адибони асримиёнагӣ ҷонибдори ахлоқи ҳамида ва барҳамзанандаи ахлоқи разила аст. Зеро ахлоқи разила: ришва, зино, дурӯғ, кибр, қатл, фиреб, ҷаҳл, ғазаб, таносонӣ, муфтхӯрӣ, хабаркашӣ, одамбезорӣ ва ғайра боиси завволи ҷомеа аст. Ахлоқи ҳамида: инсондӯстӣ, ростқавлӣ, вафодорӣ, сабӯрӣ, меҳнатқаринӣ, ҳалолкорӣ, хоксорӣ, шикастанафсӣ, покдоманӣ, саховатмандӣ, софдилӣ ва ғайра сабаби болоравии маънавиёти инсон ва ҷомеа мебошад.

Дар таълимоти ахлоқии Бедил эҷоди бадеъ ҳамчун ифодагари тафаккури инсон – маънавиёти ӯ ва то ба ҳадди баланди фикрӣ расидани он дониста мешавад. Ба назари Бедил, донишу илм ирсӣ нест ва на ҳар кас барои идроки маънӣ омода мебошад. Ба ин маънӣ шоир мегӯяд:

Рамзошнои маънӣ ҳар хирасар набошад, Табъи салими фазлат ирси падар набошад.

Ҳадафи эҷодкор аз қазовати мазкур пеш аз ҳама саъй, ҷиду ҷаҳд ва кӯшишу ҳаракат низ ҳаст. Бедил чун абулмаъонӣ офариниши маъниро дар эҷоди бадеъ дар ҷои аввал мегузорад. Аз ин хотир, ҳунари эҷодкору тахайюли эҷодӣ ҷанбаи марказии шеърро таъмин менамояд.

Аз ин рӯ, ӯ ашъори мадҳиро хуш надорад ва ҳатто сахт накӯҳиш ҳам мекунад:

Ай басо маънии равшан, ки зи ҳирси шуаро,

Хоки ҷавлонгаҳи аспу хари аҳли ҷоҳ аст.

В-ай басо нусха, ки дар мактаби ташвиши тамаъ,

Рӯсиёҳи адаб аз мадҳи амиру шоҳ аст.

Марҷаи маънии ин сустхаёлон дарёб,

То бидонӣ чӣ қадар фитраташон кӯтоҳ аст.

Сила муштоқи гадотабъ зи мазмуни баланд,

Гар ҳама пой бар афлок ниҳад, дар чоҳ аст.

Бедили Деҳлавӣ адибонеро, ки истеъдодро хор кардаанд ва ҳунарро тобеи зар донистаанд, сахт танқид менамояд. Асоси эҷодиёти онҳоро ҳирсу тамаъ фароҳам меораду ҳадафи онҳо аз эҷоди бадеъ ба ҷуз тамаъ ва чоплусӣ чизи дигаре нест, носазо мегӯяд:

Дар лафзи туст маънии кавнайн мундариҷ,

Баҳри чӣ бар ҳақиқат худ пай намебарӣ?

Оби ҳаёт аз нафасат мавҷ мезанад,

Аммо чӣ суд, к-аз арақи мову ман тарӣ.

Ғофил зи худ мабош, ки чун шамъи офтоб

Иқболи ҳафт маҳфилу нӯҳ қасри ахзарӣ.

Кавну макон гулест ба домони ҳимматат,

Худро агар иҳота кунӣ, чархи дигарӣ.

Олам ҳама мусаххари амри замири туст,

Ай бехабар, ту аз чӣ ҳаворо мусаххарӣ,

Аз ҳеч кас наям силаандеши бешу кам,

Маддоҳи фитратам на Заҳирам, на Анварӣ.

Албатта, панду ахлоқ, андарзу насиҳат дар таърихи адабиёти форс- тоҷик яке аз мавзӯъҳои ҷовидона аст. Ҳатто адибе нест, ки ба ин масъала даст назада бошад. Ба фармудаи Саъдии Шерозӣ:

Муроди мо насиҳат буду гуфтем,

Ҳаволат бо Худо кардему рафтем.

Аз ин рӯ, ҳадаф қарор додани мавзӯъ нав нест, яъне интихоби мавзӯъ суннатӣ бошад ҳам, маърифат ва роҳи ҳалли масъала тозаву нав мебошад. Ӯ ба масъалаи ахлоқу тарбия назари тоза дорад. Воқеан эҷодиёти Бедил инъикоси марҳалаи нави эҳёгарии адабиёти тоҷик аст, ки ба қонунмандии ҳолати сиёсӣ-таърихӣ, иҷтимоӣ-ахлоқӣ, фарҳангӣ- адабӣ, фалсафӣ-эстетикӣ сахт вобастагӣ дорад. Равандҳои мазкур сараввал ҷаҳонбинию маърифати мартабаи инсонро муайян мекард. Ин нахустин асре буд, ки Ғарб сиёсати худро мехост дар қаламрави Ҳиндустон ҷорӣ созад. Яъне бархурдҳои мафкуравӣ низ дар ин давра хеле тезутунд гардида буд. Ғарб барои пойдор сохтани сиёсати худ ҷонибдори хурӯҷи низоъҳои мазҳабӣ миёни халқҳои ин қаламрав буд. Аз ин рӯ, Бедил ба мақому мартабаи инсон, маънавиёту шуури ӯ, ҳиссу дарку маърифати шахс таваҷҷӯҳи махсус дорад. Бедил ҷонибдори низоъҳои мазҳабӣ нест. Дар таълимоте фалсафии ӯ, ки сарчашмааш ислом аст, Холиқ офаранда ва махлуқ офаридашуда аст. Холиқ азалӣ ва ҷовид буда, махлуқ фонист. Вале дар ҷанби махлуқ аъмолу афъоли мутазод ниҳон аст. Ин аст, ки махлуқ дорои сифатҳои ноқису комил, каму зиёд, мавзуниву номавзунӣ, шайтониву раҳмонӣ ва ғайра аст. Бедил дар робита ба интихоби ҷанбаҳои ахлоқи ҳамида ва амали хайр инсонро мухтор медонад. Инсон метавонад бо роҳи нек рафта зиндагии худро беҳтар намояд. Ҳадаф аз омӯзиши нек сайқал додани шууру тафаккур аст, то инсон тағофул наварзад, ғофил намонад. Ба ин мънӣ мегӯяд:

Ман ҳам аз касби илм хурсандам,

Лек бо мақсадест пайвандам.

К-аз усули мадорики ҳикмат

Оламеро барорам аз ғайлат.

Аз ин нигоҳ, бурду бохти ҷамъият натиҷаи зиракӣ ё ғофилии инсон дониста мешавад. Ӯ ҷонибдори инсони кӯшо, закӣ, ҷӯё, соҳибмаърифат мебошад, зеро чунин инсон соҳиби истиқлоли фикру андеша аст ва метавонад ба мақсад бирасад:

Кавну макон гулест ба домони ҳимматат,

Худро агар иҳота кунӣ, чархи дигарӣ!

Бедил хамчун адиби мутафиккир қасидае дорад, ки дар он инсон ҳамчун махлуқи муқаддас васф гардида, худшиносии он сахт таъкид карда мешавад.

Умуман дар ин масъала афкори фалсафӣ – иҷтимоии ӯ хилофи шариати исломӣ нест ва Бедил қазовати худро дар ҳамин замина асоснок мекунад. Танҳо мутафаккир зоҳирпарастиро сахт маҳкум месозад. Масалан, риши аз эътидол берун, саллаи калон, либоси фохирона ва ғайра, ки онҳо ифодагари маънавиёту дониш нестанд.

Аҳамияти илм. Бедил илмро яке аз роҳҳои халосӣ аз ғафлату ҷаҳолат медонад. Беш аз ин илм, шахсро соҳиби бахту иқбол месозад:

То фазлу ҳунар оинапардоз нашуд,

З-иқбол даре ба рӯи кас боз нашуд.

Фӯлод ба оҳан шараф аз ҷавҳар ёфт,

Беилм зи ҷинси хеш мумтоз нашуд.

Аммо Бедил дар омӯзиши илм дар ҷои аввал мақсадро мегузорад, ки ҳадаф аз чунин шакл гирифтани қазоват мухторияти инсон мебошад.

Зиёни бекорӣ. Кор омили асосии пешрафт дониста мешавад ва Бедил таъкид мекунад, ки он чи инсон пас аз худ боқӣ мегузорад, самараи кору бори ӯст. Бинобар он, одамон бояд ба корҳои барои умум фоиданоку нафърасон машғул шаванд. Ба шуғли беҳуда даст назананд ва ба хар коре, ки даст мезананд, натиҷаи онро андеша кунанд. Зеро дар дунё танҳо натиҷаи фаъолияти инсон мақому мартабаи ӯро муайян намуда, чиз дигаре дар ин дунё наметавонад баҳои сазовори шахсияти инсон бошад. Бедил маҳз бо назардошти кору бори инсон нозу неъматҳои дигари дунёро муваққатӣ меҳисобад:

Аввалу охир он чӣ шуд маълум,

Кору бор аст, мобақӣ[1] – маъдум[2].

Тарғиби хислатҳои ҳамида. Бедил инсони некӯкор, хайрхоҳ, илмдӯст, ватанпараст, халқдӯст, соҳибмаърифат, ҳалим, фурӯтану хоксор, ширинсухану нармгуфтор, ростқавлу ростгӯ, вафодору устуворро дар эҷодиёташ васф мекунад. Чунончи, инсон набояд фирефтаи дониши худ шавад ва ба кибру ғурур рӯй биёрад:

Ҳарчанд ба дониш аз ҷаҳон афзунӣ,

Ё дар пирӣ муаллими гардунӣ.

Ҳар гоҳ ба пеши кас бари ҳоҷати хеш,

Тифлӣ ба ту зебад, на афлотунӣ.

Бедил ҷонибдори ҳамбастагию иттифоқӣ, якдилию муттаҳидӣ буда, парокандагию нифоқ, парешониву хусуматро танқид мекунад:

Ёрон ба тифоқ агар қадам мешикананд,

Чдйши арабу аҷам ба ҳам мешикананд.

Аз қудрати иттифоқ ғофил нашавӣ,

Дандонҳо сангро ба ҳам мешикананд.

Ба назари Бедил, ҳимматбаландӣ ҷолибтарину накӯтарин сифати инсон аст. Агар шахс ҳиммати баланд дошта бошад, ҳеҷ душворие наметавонад сади роҳи ӯ гардад. Ӯ нақши ҳамматро аз таҷрибаҳои ҳаёту зиндагӣ ҳосил кардааст. Аз ин рӯ, дар ин бора басо дилпурона ва бо боварии том қазоват менамояд.

Чунончи:

Ҳиммат ҳар ҷо беш кунад кореро,

Душворӣ нест ҳеҷ душвореро.

Якчанд фалоҳате[3] ба кӯшиш беҳад

Холӣ созад зи санг кӯҳсореро.

Дар таълимоти ахлоқии Бедил ба ҳимматбаландӣ, шуҷоат, мардонагӣ, диловарӣ, нотарсӣ, устуворӣ, далерӣ, ҷасурӣ, таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда мешавад:

Дар таҷрибагоҳи одамӣ сулҳу набард,

Ҳиммат ҳалли кадом мушкил, ки накард.

Бедил хислатҳои разилаи инсониро сахт маҳкум мекунад. Ӯ ба хусус мардумозорӣ, чоплусӣ, золимӣ, бераҳмӣ, ҷаҳлу нодонӣ, ҳарзагӯӣ, танбалӣ, серхобӣ, пурхӯрӣ, сарватпарастӣ, кибру ғурур ва ғайраро танқид мекунад:

Золим пӯшад либоси хунбофтаро,

То зер кунад хасми занбунёфтаро.

Бо сангдилон шиори худ сахтӣ кун,

Бардор ба оҳан оҳани тофтаро.

Тазодҳои рӯзгор, ноадолатиҳои зимомдорон боиси харобии халқ ва мулк дониста мешавад:

Ай нони ту гарм, аз тафи дилҳои кабоб,

Аз хиҷлати зулм боядат гаштан об.

То коми ту молида як ангушт асал,

Бунёди ҳазор хона гаштаст хароб.

Арзи чунин оҳангҳои сохти эътирозӣ низ яке аз хизматҳои Бедил аст, ки аз ҳақгӯиву ҳақҷӯӣ ва ҳақбинии мутафаккир гувоҳӣ медиҳанд.

Дигар аз хидматҳои таърихии Бедил дар таърихи эҷоди бадеъ аз он иборат аст, ки ӯ ба дифои каломи бадеъ мехезад. Шоир роҳ намедиҳад, ки баъзе шуарои тамаъкор суханро хору беқадр кунанд. Мамдӯҳони нолоиқро ситоиш кунанду силаву инъом ба даст биёваранд. Ҳунару кирдори онҳоро пешаи шайтонӣ ва ҳамкорӣ бо иблис меҳисобад:

Ай, ки таърифи салотин кардаӣ,

Машқи таълими шаётин кардаӣ.

Чист таълими шаётин? -Ҳубби ҷоҳ[4]

Ай шаётин муршидат[5], рӯят сиёҳ.

Дар афкори адабӣ – эстетикии Бедил ба сухан, суханвар ва суханшунав таваҷҷӯҳи махсус ба мушоҳида мерасад. Ӯ шоирони маддоҳ – сила муштоқонро хоркунандагони калом – гадотаъбон ном мебарад. Онҳо имрӯз соҳиби молу сарват ва ганҷу неъматанд ва албатта, ин рӯзаке чанд аст, вале фардо рӯсиёҳу дар чоҳи зулмонианд. Чунончи:

Ай басо маънии равшан, ки зи ҳирси шуаро,

Хоки ҷавлонгаҳи аспу хари аҳли чоҳ аст.

В-ай басо нусха, ки дар мактаби ташвиши тамаъ, Рӯси

ёҳи абад аз мадҳи амиру шоҳ аст.

Сила муштоқи гадотабъ зи мазмуни баланд,

Гар ҳама пой бар афлок ниҳад, дар чоҳ аст.

Ин аст, ки ӯ эҷодиёти хешро дар муқобили ҳамин гуна суханварон мегузорад ва аз эҷодиёташ, ки умре хираду дониш, ақлу заковатро сутудааст, ифтихор менамояд. Ӯ ҳушдор медиҳад, ки аз касе тамаъ накардааст ва нахоҳад кард ва санги маломатро ҷониби Анвариву Заҳири Форёбӣ ҳаво медиҳад ва мегӯяд:

Аз ҳеҷ кас наям силаандеши бешу кам,

Маддоҳи фитратам, на Заҳирам, на Анварӣ…

Дӯстии халқҳои қаламрави Хиндустон ва умуман парастиши инсон низ яке аз мавзӯъҳои марказии эҷодиёти Бедил мебошад. Махсусан, дар ҳолате ки аҷнабиён ба сарзамини Ҳиндустон роҳ ёфта буданд ва онҳо ҷонибдори низоъҳои мазҳабӣ, нооромии авзои ин кишвар буданд. Аз ин ҷост, ки мутафаккир ҳушдор медиҳад, ки дӯстӣ ва ҳамбастагии мардум воситаи наҷоти халқ ва кишвар ба шумор меравад. Зеро дасисакорон баҳри амалӣ гардонидани дасисаҳои хешу ғаразҳои ниҳонӣ ба ҳар коре қодиранд:

Умрест, ки дар арсаи найранги ғараз,

Дорад баду нек сулҳ ё ҷанги ғараз.

Гар рабти[6] каломи куфру дин дарёбӣ, Соз

и ҳама кӯк[7]аст ба оҳанги ғараз.

Дар ҷои дигар шоир ҳолати халқҳои кишварро ба дасте шабеҳ медонад, ки зери санг мондааст. Яъне ҳадаф ноилоҷӣ буда, чораандеширо ногузир меҳисобад:

Домони тааллуқе ба чанг омадааст,

К-ин халқ ба зиндони фаранг омадааст.

Осон натавон кашид монанди нафас,

Дасте, ки зи дил дар таги санг омадааст.

[1]     Мобақӣ – он чи боқӣ мемонад.

[2]     Маъдум – адам, нестӣ.

[3]     Фалоҳат – кишоварз.

[4]     Ҳубби ҷоҳ – мансабпарастӣ, шӯҳратпарастӣ.

[5]     Муршид – пир, шайх.

[6]     Рабт – пайвастагӣ, робита.

[7]     Кӯк-мувофиқ намудани овозҳо дар мусиқӣ, ҳамоҳангӣ,; ҷӯр.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

taom

КОНИ ЛАЗЗАТ ВА ХОНИ НЕЪМАТ

Ин асарро Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ солҳои 1880-81 таълиф кардааст. Асар аз ду ҷилд иборат буда, …