Главная / Ҷамъият / Шартнома оиди хизматрасонии музднок (Намуна)

Шартнома оиди хизматрасонии музднок (Намуна)

НАМУНА (Шаблон)

аз “13” марти соли 2018                                                                                                      ш.Душанбе

Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Душанбе, дар шахсияти директор Мирзораҳим Т., ки  мутобиқи Оиннома амал намуда, минбаъд Иҷрокунанда номида мешавад ва соҳибмулк Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Бонки Алиф, минбаъд Фармоишгар номида, шартнома оиди хизматрасонии музднокро ба имзо расонидаанд:

  1. Мавзӯи шартнома

1.1.Фармоишгар ба иҷрокунанда барои бақайдгирии давлатии хонаи истиқоматӣ (бо суроғаи ш. Душанбе, к. Б.Ғафуров, хонаи 33г, ҳуҷраи 18) ҷудогона маводҳои дахлдорро месупорад.

1.2. Иҷрокунанда дар асоси маводҳо санҷиш  мегузаронад ва ба Фармоишгар шаҳодатномаи дар бораи бақайдгирии давлатии хонаи истиқоматии ҷудогонаро месупорад.

  1. Арзиши кор ва тартиби ҳисоббаробаркунӣ

2.1.Оғози кор аз лаҳзаи ворид шудани маблағ ба суратҳисоби корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Душанбе шурӯъ мешавад. Мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бақайдгирии давлатии хонаи истиқоматии ҷудогона дар муддати то 3  рӯзи корӣ  гузаронида мешавад ва ба Фармоишгар шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии хонаи истиқоматии ҷудогона дастрас карда мешавад.

  1. Тартиби супоридан ва қабули корҳо

3.1.Нархи корҳо аз тарафи пудратчӣ мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ “дар бораи нархҳои асосӣ барои корҳои бақайдгирӣ”, ки аз тарафи мақомоти ваколатдор соли 2017 тасдиқ шудадаст бо нархнома муайян карда мешавад.

Маблағи арзиши кор мувофиқи нархномаи омодагардида барои хонаи истиқоматии ҷудогона 11,2 сомонӣ буда, ки ҳамагӣ аз 1 хонаи истиқоматии ҷудогона 11,2 сомонӣ) ташкил медиҳад.

  1. Ӯҳдадории иҷрокунанда

4.1. Иҷрокунанда ӯҳдадор аст:

-корҳои бақайдгириро анҷом диҳад;

-бақайдгирии давлатии хонаи истиқоматии ҷудогона  дар асоси талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

 анҷом диҳад;

-мӯҳлати иҷрои корро риоя намояд;

-фармоишгарро бо шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии хонаи истиқоматии ҷудогона таъмин

 намояд.

  1. Ӯҳдадории фармоишгар

5.1.Фармоишгар ӯҳдадор аст:

-ба иҷрокунанда дар иҷрои корҳои бақайдгирӣ мусоидат намояд;

-ба талаботи иҷрокунанда ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод намояд;

-барои пешниҳоди ҳуҷҷатҳои шубҳанок (қалбакӣ) дар назди қонун масъул мебошад.

  1. Масъулияти иҷрокунанда

6.1 Иҷрокунанда барои иҷрои корҳои бақайдгирӣ дар мӯҳлатҳои муқараргардида ва дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ масъул аст.

  1. Бекор намудани шартнома

7.1Тарафҳо ҳангоми иҷрои номатлуби бандҳои шартнома ҳуқуқ доранд бо огоҳии тарафи дигар онро бекор намоянд.

 

Фармоишгар:

 

ҶСП «Бонки Алиф»

Суроға: ш.Душанбе куч.М.Турсунзода, 50

РМА 020043201

БИК  350 1011804

ҳ/м: 20402972919538

 

Раиси Бонк

Камолов Р.

 

___________________________

Ҷ.М.

 

 

Иҷрокунанда:

 

КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”

дар шаҳри Душанбе, н.Фирдавсӣ

куч.Н.Қарабоев 65

с/ҳ 20202972500040102000 бо сомонӣ.

Корсчет:20402972316264,

РМА 040047511,

БИК 350101626, Филиали №02 “Амонатбонк”

даршаҳриДушанбе

 

директор Мирзораҳим Т

 

_______________

Ҷ.М.

 

  1. Суроғаи ҳуқуқии тарафҳо
Загрузка...

Дар борамон anvarj63

Инчунин кобед

sabr

Фазилати сабр бар мусибат

Имом Муслим аз Умми Салама (раз) ривоят намуда, ки гуфт: Аз Расули Худо (с) шунидам, …