Хислати нек

Хислати нек

Расули акрам (с) фармуданд: Битарс аз Худованди бузург ҳар ҷо ки бошӣ ва чанг ба тақво куну парҳезкориро шиъори худ соз. Зеро ки тақво ҷомеъи кулли мақомот аст. Аз паси ҳар бадӣ некӯӣ кун, то дур кунад он бадии туро, яъне аз паси гуноҳ тавба кун, то он ҳангоме ки гунохи ту омурзида шавад ва хулқи некӯ кун, бо мардумон, ки некӯӣ аз хислатҳои пайғамбарон аст.

Аз Расули акрам (с) савол карданд: – Аз хулқи некӯ, кӣ чӣ гуна аст?

Ҷавоб доданд, ки ҳусни хулқ (хислати нек) он аст, ки чизе диҳӣ касеро, ки туро чизе надода аст ва бипайвандӣ, бо он ки аз ту бибурад ва авф кунӣ аз касе, ки бар ту зулм кунад.

Ҳикоят. Султон Абӯязиди Бастомӣ ҳамеша дар гуристон мегашт. Як шаб Боязид ба роҳе мерафт, давоне аз маъруфони вилоят аз тарафи дигар меомад ва танбуре бар даст дошту мезад.

Боязид гуфт: “Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ”.

Ҷавон танбӯр бар сари Боязид заду танбӯр бишкаст. Боязид ба хона омада яке аз муридонашро ба наздаш хонда гуфт:  Танбӯрро ба чанд маблағ мехаранд?

Қимати танбӯрро муайян кард ва маблағҳоро ба дасти шогирдаш дод ва чанд миқдор ҳалво бо он ҳамроҳ карда ба он ҷавон фиристод ва гуфт: – Ҷавонро бигӯ, ки Боязид мегӯяд: дирӯз танбур бар сари мо заду танбӯр бишкаст. Бигзор, ин маблағҳоро гирифта танбур бихарад ва ин ҳалворо бихӯрад, то ғами шикастани он аз дилаш биравад.

Ҷавон чун ин сухан бишунид, бисёр мутаъассир шуд ва ба назди Боязид омада, узрхоҳӣ намуду тавба кард. Аз воқеа огоҳ гардида, чанд ҷавони дигар низ ҳамроҳи ӯ тавба карда аз ҷумлаи солиҳон гардиданд.

Ин ҳама аз баракоги хулқи некӯ буд.

Чанд ахлоқе аз ахлоқи Расули акрам (с):

Расули акрам (с) хайвонотро алаф медоданд, хона меруфтанд, гӯсфанд меҷӯшиданд. Агар зердастони вай монда мешуданд, ба онхо ёрӣ мерасониданд, бо дарвеш ва тавонгар, хурду калон ибтидо ба салом мекарданд. Байни ғулом ва озод. сиёҳу сафед фарқ намегузоштанд, бо ҳама як буданд.

Ҳама одамони калонсолу хурдсол, бойю камбағал чун ӯро I даъват мекарданд, бетафовут ба хонаи онҳо мерафтанд. Некӯхислату каримтабъ, кушодачеҳраву нармсухан буданд. Хулоса тамоми хислатҳои некӣ дар вай мавҷуд буд.

Касе, ки некбахтӣ хоҳад, пайравии ӯро кунад. Дар кори дунё касе, ки бо вай мӯҳтоҷ мешуд, албатта, кори ӯро иҷро мекард. Ҳеҷ гоҳ касеро не нагуфта аст. Дар хар ҳам савор мешуданд ва ҳеҷ гоҳ кибру ҳавобаландӣ намекарданд.

Ҳикоят. Овардаанд, ки пиразане буд дар хамсояии Расули акрам (с) ва ӯ духтаре дошт. Ӯро ба назди Расули акрам (с) фиристода гуфт: – Ба ӯ бигӯ: модарам мегӯяд, ки ҷома надорам, бароям ҷомае фиристонад, ки бо вай намоз хонам.

Расули акрам (с) чун ғайр аз ҷомаи баданаш ҷомаи дигар надошт, пас ҳамон ҷомаи худашро бароварда ба пиразан фиристод. Чун вақти намоз шуд, ба масҷид рафта натавонист ва аз ҷамоат боз монд, ёрони Пайғамбар гуфганд: – Расули акрам (с) чандон саховат мекунад, ки худаш бараҳна мемонад ва ба намози ҷамоат омада наметавонад.

Он гоҳ Худои таъоло гуфт: Эй Муҳаммад алайхи-с-салом, бахил мабош, ки чизе ба касе надиҳӣ ва саховатро низ ба андозае макун, ки маломаткарда ва ҳасратзада нашавӣ, ба қазо шудани намози баҷамоат, яъне дар саховат миёнарав бош.

Чун ёрон намоз бигузориданд, амиралмуьминин Алӣ каррамаллоҳу ваҷхаҳу назди Расули акрам (с) омада гуфт – Ё Расулаллоҳ, ҳашт дирам қарз гирифтаам, ки дар нафақа сарф кунам, чаҳор дирамашро Шумо гиред ва ҷома барои худ, бихаред.

Расули акрам (с) ба бозор рафта ба ду дирам ҷома харид ва , ду дирами дигар дар даст дошт, ки дар нафақа сарф кунад. Дар роҳ нобиноеро дид, ки нишаста буду мегуфт: – Кист аз барои ризои Ҳақ таъоло ва бо умеди либосҳои биҳиштӣ маро ҷомае диҳад?

Расули акрам (с) он ҷомаро ба вай дод, чун аз ҷома бӯи атр ба димоғи нобино расид, донист, ки ҷомаи Расули акрам (с) аст, зеро аз ҷомаи як соат пӯшидаи Расули акрам (с) то як порае аз он боқӣ мондан бӯи атр меомад.

Нобино дуъо карда гуфт: – Илоҳӣ ба ҳурмати ин ҷома чашми маро бино гардон.

Дар ҳол ба қудрати Илоҳӣ ду чашми вай бино шуд.

Расули акрам (с) бо худ гуфт: – Ба як дирам ҷома харам, ва як дирамро бидоду ҷома харида пӯшид. Боз як дирами дигар  дар даст дошт, мехост дар нафақа сарф кунад. Ногоҳ дар роҳ1 канизакеро дид, ки мегирист. Пурсид, ки эй канизак, барои чӣ мегирйи?

Гуфт: – Ҳӯҷаини ҷуҳуд дорам, як дирам ба ман дода буд, ки ба ним дирам шиша харам ва ба ним дирами дигар равған, шиша, аз дасти ман афтода равғану шиша ҳарду бекор шуданд.

Расули акрам (с) он дирам ба вай дод, то равған ва шиша харид.

Канизак гуфт: – Чанд соат шуд, ки ман аз хона баромадаам, дер кардаам, метарсам, ки хоҷаи ҷуҳуд маро мезанад.

Расули акрам (с) гуфт: – Ман ҳамроҳи ту меравам, то ба ту зараре нарасонад.

Пас ӯ ба дари хонаи чуҳуд рафта дарро бизад. Чуҳуд берун омада, Ҳазрати Мустафо (с)-ро дида, ҳайрон шуд.

Расули акрам (с) қиссаро бо вай нақл карду гуфт, ки ман барои он ба назди ту омадам, ки канизакро чизе нагӯӣ.

Ҷуҳуд дар қадами мубораки вай афтода гуфт: – Ё Расулаллоҳ, ин канизакро озод кардам. Ислом арза кун, то мусулмон шавам.

Расули акрам (с) ислом арза карданд, ҷуҳуд мусулмон шуд. Пас ба хона даромада аҳлу байти худро аз он ҳол хабар дод, ҳама ба якҷоягӣ мусулмон шуданд ва ин маънӣ аз баракати хулқи некӯи Ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) буд.

Пас, эй бародар ва хоҳари азиз, дар хислата некӯ пайравӣ ба Ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) кунӣ.

Илоҳо, мо мискинонро пайравӣ кардан ба ахлоқи Расули акрам (с) насибу рӯзӣ гардон, омин.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …