Главная / Биология / ХАЗАНДАГОН: ПАЙДОИШ ВА ЭВОЛЮТСИЯИ

ХАЗАНДАГОН: ПАЙДОИШ ВА ЭВОЛЮТСИЯИ

Қариб 300 миллион сол пеш дар об моҳиён, дар ҷойҳои камобу хушкӣ обхокиҳо, дар ҷойҳои хушки камборон хазандагон зиндагӣ мекарданд.

Хазандагон авлоди шаклдигаркардаи обхокиҳо буда, дар айни замон васеъ паҳн нашудаанд. Дар мамлакатҳои хунук хазандагон қариб, ки нестанд. Дар ҷойҳои иқлимашон мӯътадил онҳо камтар буда, дар минтақахои гарм хеле зиёд дучор мешаванд. Аммо на ҳама вақт ин тавр буд. Дар замонҳои хеле кадим (пеш аз саршавии давраи яхбандӣ) хазандагон намудҳои гуногун дошта, қариб ки дар ҳама ҷо фаровон будаанд. Аз пайдо шудани пӯсти хушк, мураккаб шудани шуш ва дигар тағйироти бадани хазандаҳои ҳозира қариб 70 миллион сол вақт гузашт. Дар баробари инкишофи хазандагон Обхокиҳои қадима нест шуданд.

mor

Омӯзиши ҳайвонҳои қадим нишон медиҳанд, ки олами ҳайвонот дар рӯйи замин ҳамеша дар як ҳолат набуд. Дар замонҳои хеле кадим дар рӯйи замин ҳайвоноте сокин буданд, ки онҳо дар муддати садсолаҳо мунқариз гаштанд ва ҷояшонро ҳайвонҳои дигар гирифтаанд.

Эраи қадимтарин тахминан 3500 миллион сол, эраи қадим қариб 325 миллион сол, эраи миёна қариб 120 миллион сол давом кард ва эраи нав бошад 75 миллион сол инҷониб давом дорад. Ҳамин тариқ аз замони пайдоиши ҳаёт дар сайёраи замин зиёда аз 2 миллиард сол гузаштааст.

Ҳоло зоопалеонтологҳо боқимондаи ҳайвоноти мӯҳрадорро аз қабатҳои замини ба эраи қадим мансуб ёфта, ба чунин хулоса омадаанд, ки аз мӯҳрадорон аввал моҳиён ва пас обхокиҳо пайдо шудаанд. Дар охири эраи кадим дар бисёр ҷойҳоӣ кураи замин иқлими гарми сернам оҳиста-оҳиста ба иқлими бебориш иваз шуда, барои обхокиҳои бараҳнапӯст шароити муҳиташон номусоид ба вуҷуд омадааст. Дар натиҷа пӯсти Обхокиҳо шахшӯл шуда, барои дар хушкӣ зиндагӣ кардани онҳо шароит ба амал омад. Намуди берунии ҳайвонҳо тағйир, шушашон барои оксигени атмосфераро гирифтан такмил ёфта, мағзи сарашон мураккаб гардид ва дар онҳо тухми ҷилди оҳакидошта ба вуҷуд омад. Ҳамин тариқ дар охири эраи қадим аз обхокиҳо аҷдоди хазандаҳои ҳозира инкишоф ёфтаанд. Аз ҳама зиёдтар миқдори хазандагон дар эраи миёна зиёд шуда буд. Дар он замон баъзе Намудҳои паррандаю ширхурҳо акнун пайдо шуда истода буданд. Бинобар ин дар таърих эраи миёнаро замоии хазандаҳо меноманд.

Дар вақти кофтуковхои бостоншиносӣ устухони ҳайвонҳои ниҳоят калонро пайдо карданд, ки онҳо ба хазандагон мансуб буда, онҳоро динозавр-сусморҳои бадҳайбат номидаанд. Вазни баъзеи онҳо тахминан 40-50 тонна. дарозиашон то 26 м будааст. Ин ҳайвонҳон азимҷусса дар аввал растаӣ мехӯрданд ва оҳиста- оҳиста баъзеи онҳо ба ҳаёти даррандагӣ гузаштаанд. Дар онҳо рафта-рафта барҷастагиҳои хормонанд, бехҳои шохмонанди махсус, думи боқувват, сипар ва дигар воситаҳои муҳофизатӣ пайдо щудаанд. Вале дар ҳамон замон динозаврҳои хурде низ будаанд, ки ҳаҷмашон ба гурбаи хонагии ҳозира баробар будааст.

Мо дар хазандагони дарранда дандонҳои пеш ашк ва курсиро мебинем, ки ҳар кадомашон вазифаи худро доранд. Дертар аз хазандагони дарранда ҳайвонҳои ширхӯр пайдо шудаанд.

Як гурӯҳи хазандагони қадимро, ки қобилияти парвоз кардан пайдо карда буданд, птеродактилҳо (сусморхои паррон) меномиданд. Онҳо дар байни ангуштони дарози пойҳои пеш ва тан пардаи пӯстмонанд доштанд. Ҳаҷмашон аз гунҷишк то сусморҳои азимҷуссае буданд, ки бо паҳнии ҳар ду чини пӯстӣ 10 метрро ташкил мекарданд. Онҳо дар ибтидо суст парвоз карда, аз болои харсангҳои соҳил парида мегузаштанд. Ҳангоми парвоз бол намезаданд, аз паси моҳӣ ба об ғӯта хӯрда, ба болои харсангҳо (бо ёрии ангуштони дарози пояшон) часпида мебаромаданд. Аз сабаби яклухт фурӯ бурдани тӯъма дандонашон торафт нолозим шуда, аз тезҳаракатӣ нағз парвоз мекардагӣ шуданд. Дар пӯстпардаи баъзеашон пату мӯй ҳосил шуд. Аз ҳамин шохаи гурӯҳӣ хазандагон паррандаҳои қадимаю ҳозира ба вуҷуд омадаанд.

Дар эраи миёна аз хазандагони қадимӣ паррандаю ширхӯрхои аввалини ба дараҷаи баландтар инкишоф ёфта ва ҳарорати бадани доимидошта пайдо шудаанд.

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …