Главная / Илм / Хайру баракат дар чаҳор чиз аст

Хайру баракат дар чаҳор чиз аст

Дар китоби Ибни Ҷарир ин фармони Ҳазрати Алӣ (раз) мавҷуд аст, ки: Ҳар касе аз шумо хостгори шифо мебошад, ояте аз Каломуллоҳи маҷидро бар рӯи коғазе навишта ва онро бо оби борон шуста ва аз маблағи маҳрияи ҳамсараш бо ризогияш асал бихарад ва онҳоро бинӯшад ва ба баракати он аз чанд ҷиҳат шифо ҳосил мегардад. Чунончи дар Қуръон ворид шудааст:

kori-nek«Ва нуназзилу мина-л-Қуръони мо ҳува шифоу-в-ва раҳмату-л-ли-л-муъминин».[1]

Тарҷума: Мо аз Қуръон нозил намудаем, он чиро ки муҷиби шифо ва раҳмат аст барои муъминон.

«Ва наззално мина-с-самои моа-м-муборако».[2] Тарҷума: Аз осмон оби бобаракат фурӯд меоварем.

«Фа ин тибна лакум ан шайъи-м-минҳу нафсан фа кулуҳу ҳаниа-м-марио».[3]

Тарҷума: Агар занон бо тайиби хотир аз маҳрияи хеш ба шумо чизе бибахшанд, онро бидуни камтарин шакку шубҳае бо камоли майлу хушгувории комил бихӯред.

Дар иртибот бо асал дар Қуръони маҷид омадааст:

«Фихи шифоу-л-ли-н-нос».[4]

Тарҷума: Дар асал барои мардум шифо аст.

Дар китоби Ибни Моҷа дар зимни ривояте Расулуллоҳ (с) мефармояд: «Ҳар шахсе дар ҳар моҳе се рӯз асал бихӯрад ба ӯ балои бузурге осеб намерасонад».

Фоида. Дар чаҳор чиз хайру баракат ва шифо аст:

  1. Дар Қуръони маҷид.
  2. Дар оби борон.
  3. Дар асал.
  4. Аз он миқдор маҳрияе, ки зан ҳамсарашро бо

хотири хуш иноят мекунад.

Аз уламо манқул аст, ки вақте шахсе машғули тиҷорат мешавад, миқдоре аз маблағи маҳрияи ҳамсараш дар маблағҳои тиҷораташ афзояд, иншоаллоҳ дар он тиҷорат хайру баракат хоҳад буд.

[1] Сураи Банӣ Исроил, ояти 82.

[2] Сураи Қоф, ояти 9.

[3] Сураи Нисо, ояти 4.

[4] Сураи Наҳл, ояти 69.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …