Главная / Ҷамъият / Хатарҳои азиме, ки дар пеши майит оянд

Хатарҳои азиме, ки дар пеши майит оянд

Хатарҳои азиме, ки дар пеши майит оянд

Бечора одами чаҳор хатари бузург дар пеш дорад, хар яке аз дигаре сахттару мушкилтар аст. Агар назари таҳқиқ ба вай кунем ва тафаккур намоем дар вай, на парвои хурдану нӯшидан монад ва на хоҳиши гуфтану шунидан, аммо чӣ кунем, ки ғафлат бар дилҳо фаро гирифта, магар Ҳақ таьоло огоҳӣ ва хушёрӣ дихад. Аввал хатари марг. Дуюм хатари гӯр. Сеюм хатари қисмат. Чаҳорум хатари оташи дӯзах.

Расули акрам (с) фармуданд, хар рӯз ду фаришта аз осмон нидо мекунад, ки зӣ аҳли дунё, шумо таваллуд шудаед аз барои мурдан ва иморатҳо мекунед аз барои хароб шудан, яъне иморат мекунед чизеро, ки рӯй дар вайронӣ дорад ва он чӣ ҷамъ мекунед, насиби душманом хоҳад шуд. Ҳол он ки шумо ҳисоб ва азоб карда мешавед назди Парвардигори худ.

Эй бародар ва хоҳари азиз, назар кун, ки чӣ мекунӣ? Биандешу ҳушёр шав.

Расули акрам (с) ҳаргиз дар кори дунё сангеро бор болои санге наниҳод, то он замон, ки аз олам сафар кард.

Хонаи гилро чанд иморат мекунӣ, як бор хонан дилро иморат кун.

Хона ҳap чанд кунӣ маҳкаму пурнақшу нигор,

Малакулавт дар он хона дарояд рӯзе.

* * *

Эй бародар ва хоҳари азиз, агар дар деворҳои оҳанин бошӣ,  маргро аз худ дур карда натавонӣ.

Расули акрам (с) ба гурӯҳе аз одамон гузашт, ки ба пурии даҳон механдиданд. Фармуд, ки агар шумо маргро ёд кунед, шуморо ханда наёяд.

Маргро бисёр ёд кунед, ки гӯр шуморо хонае аст. Ва он равзаеаз равзаҳои биҳишт ё кандае аз кандаҳои дӯзах мебошад.

Эй мардумон, гӯрро бисёр ёд кунед, ки охирин хонаи шумо аст. Ва кафани худро ёд кунед, ки охирин ҷомаву либоси шумо аст.

Гӯр хонае аст, ки калидаш дар дасти Исрофил аст, то ӯ сурро надамад, аз он хона берун омадан нест.

Эй бечора, аз хоби ғафлат бедор шав, ки то чашм бикушоӣ, худро дар гӯр бинӣ.

♦ *

Ногоҳ бувад, к-аз ин ҷаҳонат бибаранд,

Аз ҳалқаи ҷамъи дӯстонат бибаранд.

Ғофил манишин замон, замонат бибаранд,

Гар ту наравӣ, кашон-кашонат бибаранд.

Ҳаш вақт он набошад, ки ту ба ҷанозаи дигарои ҳозир шавӣ,  рӯзе хоҳад расид, ки ҷамъе ба ҷанозаи ту низ ҳозир шаванд.

Ёд кун аз он соат, ки салоти ҷанозаи ту барояд.

Ёд кун он замоне, ки боғу бӯстонро бигузорӣ ва рӯй ба  гӯристон орӣ.

Ёд ор он лаҳзаро, ки туро ба хоки тира бисупоранд ва дӯстон аз сари хоки ту боз гарданд ва туро дар он мақоми пурваҳшат бигузоранд.

Ёд кун из он соат, ки хурӯши мусибат аз хонаводам ту  барояд, аҳл ва фарзандони ту оху воҳеро бароранд. Агар ҳазор сол умр ёбӣ на ҳама лаззоти ҷаҳон туро бошад, ҳосили он чӣ хоҳад буд, ҷуз он ки шарбати марг мебояд чашид ва сахтии ҷон кандан мебояд дид?

Умри азидро дар талаби чизи дунё беҳуда сарф кунӣ ва ба машаккати тамом дирам ва динор ҷамъ  кунӣ ва ба хавф нигоҳ дорӣ ва ба ҳасрат бигзорӣ, балки аз ӯ фоида ногирифга ба ворис бигзорӣ ва худ бигзарӣ.

Амирулмӯъминин Усмон (р) анҳу чун бар сари гӯре биистод, чандон бигирист, ки ришааш тар шуд. Аз вай пурсиданд, ки барои чӣ қиёмату дӯзахро ёд мекунӣ, чандон намегирйӣ ва чун гӯрро мебинӣ, чандин мегирйӣ?

Гуфт: – Агар қиёмат бошад, халоиқ ҳама ҷамъ хоханд буд ва агар дӯзах acт, он ҷо низ гурӯҳе хоҳанд буд, ҳеҷ ҷои  мушкилтар ва пурваҳшаттар аз гӯр нест, ки дар ин ҷо танҳо мемонӣ то рӯзи қиёмат.

Азизи ман, марги ҳама кас мушкил аст, аммо марги ҷавонон ва ғарибон мушкилтар аст. Он ғариби бечора дур аз ватану ёру дӯстон дар масҷиде ё гӯшае бемор афтода, бар сари болинаш на падару на модар, на касе аз фарзандону хешони вай. Сар ба санге ё кулухе ниҳода бо ранги зард бар  гӯшае афтода. Ногоҳ Малакулмавт бар вай зоҳир шавад, он бечора чун вайро бинад, аз хешони худ ёд кунад ва охи сард аз сина барорад. Дар он ҳол Ҳақ таъоло фариштае бифиристад, то саломи Ҳақ ба вай расонад ва гӯяд: – Эй бандаи ғариб, Худои таъоло салом мерасонад ва мефармояд, ки бандаи ман агар чӣ туро аз ватану дӯстони ту ҷудо кардам, валекин раҳмати худро қарини ҳоли ту гардонидам.

Эй банда, матарс ва андӯҳгин мабош, ки биҳиштро барои ту омода кардаам ва ҳурҳо дар интизори дидори туанд ва бо ин ҳама туро дараҷаи шаҳиди каромат кардам. Ин банда чун ин ташриф биёбад, шоду хурсанд гардад ва ҷони вай ба раҳмат ва ризвони Ҳақ барояд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …