Главная / Маданият ва санъат / ХАЛИФАҲОИ РОШИДИН

ХАЛИФАҲОИ РОШИДИН

Баъд аз фатҳи Макка, баъзе қабилаҳои араб, ки ҳанўз дини исломро қабул накарда буданд, мехостанд мутаҳид шуда, ба лашкари ислом ҳуҷум намоянд. Аммо Муҳаммад /с/ аз мақсади онҳо огоҳ, шуда ба муқобили онҳо лашкар кашид ва дар мавзеи Хунайн байни ин ду лашкар муҳорибаи шадид ба амал омад. Дар ин муҳориба муқобилони ислом шикаст хурда, таслим гаштанд. Ҳамим тариқ, тамоми Арабистон дини исломро пазируфт.

Муҳаммад /с/ аввалин сарвари рўҳи ва сиёсии ин давлати тозабунёд интихоб гардид. Баъд аз вафоти пайғамбар /с/ кори ўро ҷаҳор дўсти наздику ёри бовафо, чаҳор ҷонишин – халифае, ки сиёсату васиятҳои ўро содиқона ва собитқадамона иҷро менамуданд, Абўбакр, Умар, Усмон ва Алӣ буданд. Ин чаҳор халифаро, ки баъд аз Муҳаммад сарварии Арабистонро ба ўҳда доштанд, халифаҳои рошидин, яъне росткор номиданд. Дар байни мардум онҳоро ҳамчун “чор ёрон” низ ном мегиранд.

Онҳо аз рўзҳои аввали фаъолияти Муҳаммад /с/ ба ў ҳамроҳ шуда, аз ҷумлаи аввалин ашхосанд, ки дини исломро қабул кардаанд. Тамоми мушкилиҳои муборизаро, таҳдиду таҳқирро аз сар гузаронидаанд. Ҳамроҳи пайғамбар ба Мадина ҳиҷрат намуданд, дар тамоми задухўрдҳо фаъолона иштирок варзида, садоқату меҳри беканори хешро ба Муҳаммад пайғамбар ва дини ислом собит намуданд. Аз ин хотир мардуми Арабистон ба ин чаҳор боварию эҳтироми махсус доштанд.

Ҳанўз дар вақти бемориашон пайғамбар /с/ васият карда буданд,, ки баъди аз дунё гузаштанашон, Абўбакр халифа интихоб гардад. Ҳамин тариқ, баъд аз фавти пайғамбар /с/ Абўбакр халифаи Арабистон гашт. Вай ду солу се моҳ ин вазифаро иҷро намуда, дар синни шасту се солаги аз дунё гузашт.

Баъд аз вай Умар ба вазифаи халифаги ва сарварии Арабистон интихоб гардид. Умар барои паҳн гаштани дини ислом бисёр мубориза бурдааст. Дар замони хилофати Умар лашкари ислом ба Эрон ҳуҷум намуда, онро тасарруф намудаанд. Дини ислом дар сарзамини Эрон ҷорӣ гардид. Дар замони Умар ислом ба бисёр кишварҳо паҳн гардид. Умар даҳ солу шаш моҳ вазифаи халифагиро адо намуд. Дар синни 63-солагӣ аз тарафи як ғуломи насронӣ ба шаҳодат расонида шуд.

Дар вақти зиндагиаш Умар гуфта буд, ки “Шумоён, баъд аз ман аз миёни худатон кадомеро, ки лоиқ, бинед, халифа кунед!” Баъд аз дафнии Умар, мардум ба масҷид ҷамъ шуда, Усмонро халифа интихоб намуданд.

Дар замони хилофати Усмон тамоми кишвари Эрон забт гардид ва лашкари арабҳо ба сарҳади Мовароуннаҳр расиданд.

Воқеаи ҷолибе, ки дар давраи Усмон ба вуқуъ пайваст, ин сохтани киштиҳои ҷангии бахрӣ мебошад. Тавассути киштиҳо лашкари араб ҷазираҳои Родос ва Кипрро забт намуданд. Он гоҳ императори Рим ба муқобили қувваҳои баҳрии арабҳо киштиҳои ҷангиашро равон кард, аммо дар ин ҷанг лашкари баҳрии арабҳо ба лашкари римҳо шикасти сахт ворид намуда, ғалаба ба даст овард.

Дар охирҳои ҳукмронии Усмон, дар мамлакат низоъҳо бархостанд. Баъзе вилоятҳо аз сиёсати пешгирифтаи халифа норизо буданд. Онҳо талаб мекарданд, ки халифа вазифаашро тарк кунад, аммо ҳазрати Усмон ба таҳдидҳои онҳо эътибор намедод. Ниҳоят як гурўҳ мухолифин ба хонаи халифа ҳуҷум намуда, ўро ба шаҳодат расониданд. Муддати хилофти Усмон даҳу ним солро дар бар мегирад.

Баъди кушта шудани Усмон мардум Алиро халифа таъин карданд, лекин тарафдорони Усмон хилофоти Алиро қабул накарданд. Онҳо тарафдорони худро ҷамъ намуда, ба Алӣ муқобил баромаданд. Ҳамин тариқ, давраи хилофати Алӣ ба ҷангҳои дохили барои хилофат оғоз ёфта, дар тўли сарварии вай давом дошт. Оқибат соли 661 Алӣ дар вақти намоз дар масҷиди Куфа кушта шуд.

Ҳамин тариқ бо шаҳид гаштани Алӣ ҳукмронии охирини намояндаи халифаҳои рошидин е чорёрон ба охир мерасад. Ба ҷои онҳо халифагии Муъовия оғоз гардид. Дар давраи хилофати Муҳаммад (с) ва пайравони вай халифагӣ ҳаққи махсуси ҳеҷ кас набуд. Мусулмонон касеро, ки мехостанд, халифа интихоб мекарданд. Аз давраи Муъовия халифаги меросӣ қарор дода шуд.

Супориш ва саволҳо.

1.Аз бобоятон ё аз падару модаратон дар бораи халифаҳои рошидин (чор ёрон)

пурсед. Агар надонанд, ин порчаро барояшон хонед.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …