Главная / Ҷамъият / ТАХОРАТ – ВУЗУ ЧИСТ

ТАХОРАТ – ВУЗУ ЧИСТ

ТАҲОРАТИ ХУРД (ШУСТУШЎ) – ВУЗЎ

Вузў аз шустани рўй, дастҳо то оринҷ, пойҳо то шитоланг, масҳ кашидани чаҳоряк қисмати сар бо об иборат аст.

Тартиби вузў гирифтан:

Агар имконият бошад рўй ба сўи Каъба оварад.

image026-273x300Бо худ гуфтан: «Ният кардам таҳорат (вузў) созам, аъузу би-л-Лоҳи мина-ш-шайтони-р-раҷим, бисми-л-Лоҳи-р-Раҳ-мони-р-Раҳим». (Дар матн минбаъд Таъвиз-Басмала).

Сипас ҳар ду дасташро то банди даст се бор бишўяд. Дар байни ангуштонаш набояд ҷое хушк боқӣ бимонад. Агар дар даст ангуштарӣ бошад, онро чархонида пасу пеш кунад.

Се бор бо дасти рост ба даҳон об гирифта, се бор ғарғара кунад ва берун андозад. Дандонҳоро бо мисвок, ё бо чўтка, ё бо ангуштони калону ишоратӣ тоза намояд

Се бор бо дасти рост ба бини об кашида бо дасти чап онро афшонад.

Се бор рўйро аз ҷои дамидани мўй то зери занахдон (манаҳ) бишўяд.

Се бор дасти рост ва баъди он дасти чапро то оринҷ бишўяд.

Як бор оби тоза ба дасти рост гирифта чаҳоряк ҳиссаи сарро масҳ кашад.

Як бор бо лелаи ангуштони хурд қисми дарунии гўшро тоза кунад ва бо ангуштони калон пушти ҳар ду гўшро молиш диҳад.

Як бор бо пушти ангуштони ҳар ду даст гарданро масҳ кашад.

Аз ангушти хурд сар карда се бор пои рост ва баъди он пои чапро то шитоланг бишўяд.

Ба дасти рост обро гирифтан ва онро рост истода нўшидан суннат аст.

Баъди вузў «калимаи шаҳодат» гуфтан ва се маротиба сураи «ал-Қадр»-ро хондан мукофоти чандинкарата дорад.

 Фарзҳои таҳорати хурд – вузў:

  1. Як бор шустани рўй.
  2. Як бор шустани дастҳо то оринҷ.
  3. Чаҳоряки ҳиссаи сарро бо оби тоза масҳ кашидан. 4 – Як бор шустани пойҳо то шитоланг.

Суннатҳои таҳорати хурд – вузў:

  1.  Нияти анҷом додани вузў.
  2. Аз талаффуз кардани «Аъузу би-л-Лоҳи мина-ш-шайтони-р-раҷим, бисми-л-Лоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим» оғоз кардан.
  3. Нахуст панҷаи дастонро шустан.
  4. Дандонҳоро бо мисвок ё бо чўтка тоза намудан, ё онҳоро бо ангуштони калону ишоратӣ молиш додан.
  5.  Ончунон шустан, ки ҷое хушк боқӣ намонад. 6 – Кафи дастонро молида шустан.
  6. Се бор ба даҳон об гирифта, ғарғара кардан ва берун андохтан.
  7. Дар ҳолати рўзадор набудан даҳонро пур аз об кардан.
  8. Се бор бо дасти рост ба бинӣ об кашидан ва бо дасти чап афшонидан; дар ҳолати рўзадор набудан обро бештар кашидан.
  9. Тартиби паиҳам шустани узвҳои баданро риоя намудан.
  10. Ҳар узви баданро се бор шустан.
  11. Шустани панҷаи дастон ва пойҳоро аз нўги ангуштон оғоз намудан.
  12. Фосилаи байни ангуштонро шустан.
  13. Бо ангуштони тар ришро хилол кардан.
  14. Агар дар даст ангуштарӣ бошад, онро чархонидан.
  15. Бо панҷаҳои тар молидани гўшҳо.

Амалҳои шиканандаи таҳорати хурд – вузў:

  1.  Бо роҳи табиӣ аз пасу пеш берун омадани чизе, аз қабили бод.
  2. Аз бадан ҷорӣ шудани хун, зардоб, зарда ва рим (хуноба).
  3. Даҳонро пур карда қай намудан.
  4. Рехтани оби даҳон, ки дар он миқдори хун аз нисф бештар бошад.
  5. Дароз кашида ё ба чизе такя намуда хобидан.
  6. Беҳуш шудан, маст будан.
  7. Ҳангоми адои намоз ончунон хандидан, ки атрофиён бишунаванд.
  8. Дар бадан мавҷуд будани чизҳои часпанда, ки обро намегузаронанд (лак барои нохунҳо, хамира ва ғ.), барои анҷом додани вузў ва ғусл монеъ мешаванд.

 Ҳангоми вузў надоштан чӣ корҳоро иҷро кардан манъ аст:

  1. Намоз гузоридан.
  2. Ба Қуръони карим даст расонидан.
  3. Тавофи Хонаи Каъба кардан.
  4. Дар замин саҷда кардан: саҷдаи тиловат, саҷдаи шукр, саҷдаи саҳв ва ғ.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …