Главная / Гуногун / Воситаҳои мултимедиа

Воситаҳои мултимедиа

Воситаҳои мултимедиа. Мафҳуми «мултимедиа» аз калимаи лотинии media муҳит (барандаи информатсия) гирифта шудааст. Мултимедиа имконияти

бо информатсияи табиати гуногундошта кор карданро фароҳам меоварад. Агар воситаҳои муқаррарии компютер, танҳо бо информатсияи ададӣ имконияти кор карданро фароҳам меоварда бошанд, он гоҳ мултимедиа, пеш аз ҳама, имконияти бо информатсияи садоӣ ва тасвирӣ (аудиова видеоинформатсия) кор карданро фароҳам меоваранд.

multimediaҲамин тариқ, мултимедиаи компютерҳо имконият медиҳанд, ки:

мусиқӣ, сухан ва дигар информатсияи овозию садоӣ айнан ҳосил карда шаванд;

видеороликҳо, филмҳои аниматсионӣ ва дигар видеоинформатсия сохта ва намоиш дода шаванд.

Барои мултимедиакомпютерҳо мултимедиапрограммаҳо сохта шудаанд, ки онҳо воситаҳои овозӣ ва аниматсионии компютерро истифода ва идора менамоянд. Мултимедиапрограммаҳо дар компактдискҳо нигоҳ дошта мешаванд. Барои ҳосил намудани овоз компютер бояд бо системаҳои акустикӣ (колонкаҳо) ё гўшдораки радиоӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда бошад.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …