Главная / Илм / Воситаҳои техникии нигаҳдории информатсия

Воситаҳои техникии нигаҳдории информатсия

Бояд қайд намуд, ки информатсияи дар ягон баранда маҳфузбуда, ҳатман дар он осори (пай, асар, нақш) худро мегузорад. Намуди баранда аҳамият надорад. Вай метавонад санг, дарахт, коғаз, лента ё диски магнитӣ, ё оптикӣ ва ё фотоплёнка бошад. Агар осори информатсия дар шакли ягон аломат дар рўи санг, танаи дарахт ё коғаз гузошта шуда бошад, он гоҳ гуфтан метавон, ки вай бо ёрии дасти инсон ва ягон асбоб – искана, қалам ё мўқалам иҷро карда шудааст. Чунин осорро бо чашми оддӣ низ дидан мумкин аст. Вале агар ба сифати барандаи информатсия фотоплёнка, лентаи магнитӣ ё диски лазерӣ истифода шавад, он гоҳ барои дар онҳо нигаҳдории информатсия таҷҳизоти махсус –табдилдиҳандагони информатсия лозиманд.

slide-0Масалан, барои сабти информатсия дар фотоплёнка фотоаппарат ва дар лентаи магнитӣ – магнитофон заруранд. Хусусияти фарқкунандаи ин намуд барандагон он аст, ки ҳам барои сабти информатсия дар онҳо ва ҳам аз онҳо хондани информатсия воситаҳои махсуси техникӣ заруранд. Ин дар навбати худ, новобаста аз иштироки инсон, имконияти механизатсия ва автоматизатсиякунонии раванди хондану навиштани информатсияро фароҳам меоварад.

Имрўз мукаммалгардонии компютер, ҳамчун воситаи универсалии (ҳамакораи) коркарди информатсия, ба ихтирои як қатор таҷҳизоте сабаб гаштааст, ки онҳо барои дар шакли махсуси электронӣ нигаҳ доштани информатсия хизмат мерасонанд.

Гарчанде фотоплёнка ва лентаи магнитӣ бисёр эҳтиёҷоти инсонро қонеъ гардонанд ҳам, онҳо аз камбудиҳо орӣ нестанд. Масалан, бо гузашти вақт фоторасмҳо тира мешаванд ва ҳангоми такрор ба такрор гўш кардани грампластинкаҳо сабтҳои магнитӣ сифати худро гум менамоянд. Дар даврони мо сабти магнитӣ тарзи аз ҳама паҳнгардида ба шумор меравад.

Вале ин гуна сабтҳо дар зери таъсири оҳанрабо ва ҳарорат зуд вайрон мешаванд. Барои нигаҳдории миқдори начандон калони информатсия аз дискҳои магнитии қаиш (floppy disks) истифода мебаранд. Ин дискҳоро ба наздикӣ Zip-дискҳо иваз менамоянд. Барои нигаҳдории миқдори зиёди информатсия бошад, аз дискҳои «сахт» (hard disks) истифода мебаранд, ки онҳоро винчестерҳо низ мегўянд.

Вақтҳои охир бо афзудани ҳаҷми информатсияи қабул ва интиқолшаванда шакли нави барандагони он –дискҳои лазерӣ пайдо шудаанд. Диски лазерӣ – диски сеқабатаест, ки аз шиша ё пластмассаи мустаҳкам сохта шудааст. Дар байни ду қабати тунуки пластмассӣ ё шишагини ҳифзкунанда қабати бениҳоят тунуки фолгаи металлии аз нуқра ё тилло сохташуда ҷойгир аст. Дар чунин диск информатсия бо ёрии нури лазерӣсабт карда мешавад. Вале дар диски лазерӣ информатсияро ҳамагӣ як маротиба сабт намудан мумкин аст. Камбудии дискҳои лазерӣ дар шакли дигари дискҳо – дискҳои магнитооптикӣ бартараф карда шудаанд, ки онҳо дар худ ҳам арзишҳои барандагони магнитӣ ва ҳам оптикиро доранд. Дискҳои магнитооптикӣ дискҳои калонҳаҷм ба шумор рафта, хосиятҳои компактӣ (зичӣ, ҷафсӣ), мобайлӣ (зудҳаракатӣ, мутаҳаррикӣ) ва азнавсабткунии информатсияро дороянд.

Компютер – воситаи пуриқтидори дарёфт, табдил ва ирсоли информатсия. Ихтирооти инқилобии асри XX компютер аст. Компютер ҳам барандаи информатсия ва ҳам воситаи дастраскунандаи он ба истифодабарандагон мебошад. Компютер бе иштироки бевоситаи инсон метавонад аз хатҳои алоқа – телефон, радио, коинот, оптика ва ғайра истифода бурда, бо ёрии уқёнуси бепоёни информатсионӣ ва идоракунии программавӣ ба кори таҷҳизоти дилхоҳи истеҳсолӣ таъсир расонад.

Дар ҳақиқат, компютер, ки онро мувофиқи функсияи асосии ибтидоиаш мошини электронии ҳисоббарор (МЭҲ) низ ном мебаранд, яке аз дастовардҳои бузургтарини илму техникаи ҳозиразамон ба ҳисоб меравад. Худи маънои калимаи компютер (computer) низ дар забони тоҷикӣ ҳисоббарор аст.

Компютер таҷҳизотест, ки тавассути иҷрои пайдарпайии дастурҳои барои он фаҳмо информатсияро ба таври автоматӣ табдил медиҳад.

Қариб ҳар сол схема ва сохти ин мошинҳо такмил ёфта, соҳаҳои тадбиқи онҳо васеъ мегарданд. Ба ҳисоби миёна қариб ҳар ду сол дар технологияи истеҳсол, конструксия ва методҳои истифодабарии компютерҳои фардӣ тағйиротҳое ба вуҷуд меоянд, ки бешубҳа дар бораи пайдошавии насли нави онҳо сухан рондан лозим меояд.

Имрўз компютер, ки аслан барои ҳалли масъалаҳои ҳисобкунӣ сохта шуда буд, тадбиқи худро дар идоракунии равандҳои истеҳсолӣ, ҳисоббарории масъалаҳои иқтисодӣ, нигоҳдорӣ ва коркарди маълумотҳои оморӣ, ҳамчун манбаи пуриқтидори маълумотдиҳанда, дар тарҳрезии равандҳои физикӣ, дар рушди фаъолияти фикрии одамон ва ғайра ёфтааст.

Гуфтан мумкин аст, ки офариниши компютер бо беҳтарин комёбиҳои инсон, аз қабили кашф кардани оташ, азхудкунии қувваи барқ, ихтирои чарх, бунёди механизмҳои буғӣ, истифодабарии энергияи атомӣ ва дигар кашфиёт дар як поя қарор гирифтааст. Ихтирооти номбурда дар рушди истеҳсолоти ҷамъиятӣ ва болоравии тафаккури инсон нақши бағоят калоне бозидаанд. Ба туфайли онҳо шароит ва сатҳи зиндагии одамон баланд гардида, қувваҳои истеҳсолии ҷамъиятӣ ба куллӣ тағйир ёфтааст. Агар мошинҳои муқаррарӣ имкониятҳои ҷисмонии одамро васеъ гардонида бошанд, пас компютер нерўи ақлонию зеҳнии онро баланд бардоштааст. Тараққии минбаъдаи техникаи электронӣ ба он оварда мерасонад, ки дар бисёр соҳаҳои фаъолияти фикрию ҷисмонии инсон компютер ба ёрдамчии тавоно ва беғарази он табдил меёбад.

Худро санҷед:

  1. Кадом амалиётҳо равандҳои информатсиониро ташкил медиҳанд?
  2. Кадом барандагони информатсияро медонед?
  3. Барои дарёфти информатсия аз кадом баранда истифода бурдан қулай аст? Барои захира, ирсол чӣ?
  4. Калимаи «компютер» чиро мефаҳмонад? Саҳми вай дар равандҳои дарёфт, захира, табдил ва ирсоли информатсия аз чӣ иборат аст?
  5. Ихтирои компютерро бо кадом дастовардҳои беҳтарини инсоният муқоиса намудан мумкин аст?

Иҷро кунед:

  1. Мавзўъро бодиққат хонед ва доир ба фаъолияти информатсионии инсон нақл ё ҳикоя нависед.
  2. Доир ба воситаҳои техникии нигаҳдории информатсия маълумот диҳед.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …