Главная / Гуногун / ВОҚЕАҲОИ СОЛИ 1991-ум

ВОҚЕАҲОИ СОЛИ 1991-ум

Тобистони соли 1988 конфронси 19-уми Ҳизби комму- нисти Иттиҳоди шӯравӣ як қатъномаи ислоҳотӣ қабул карда буд, ки он як қатор ислоҳоти сиёсӣ-иҷтимоӣ, аз ҷумла озодии баёнро кафолат медод. Дар асари ҳамин ислоҳот дар Тоҷикистон ҳаракатҳои мардумӣ ва расонаҳои мустақил арзи вуҷуд карда буданд. 25 феврали соли 1990 интихоботи Шӯрои олии Ҷумҳурии шӯравии сусиёлистии Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он намояндаҳои зиёиён, рӯҳониён ва демократҳо низ соҳиби чанд ҷой шуданд. Ин вакилон фаъолони ҳаракатҳои мардумии дар натиҷаи ислоҳот бавуҷудомада буданд.

Массовые беспорядки, произошедшие в Душанбе с 10 по 17 февраля 1990 года. В городе объявлено военное положение. Танки на проспекте Ленина.
Массовые беспорядки, произошедшие в Душанбе с 10 по 17 февраля 1990 года. В городе объявлено военное положение. Танки на проспекте Ленина.

Моҳи марти соли 90 кунгураи Шӯрои олии Иттиҳоди шӯ- равӣ моддаи 6 сарқонуни кишварро, ки султаи Ҳизби комму- нистиро таъмин мекард, бекор кард. Дар натиҷа, ҳаракатҳои мардумӣ дар Тоҷикистон иттиҳодияву ҳизбҳои сиёсии худро сабт карданд, ки бузургтаринашон ҳаракати «Растохез», Ҳизби демократ, Ҳизби наҳзати исломӣ ва ҷамъияти «Лаъли Бадах- шон» буд, ки аз зовияи мухолифат ба Ҳизби коимунист ва ни- зоми коммунистӣ амал мекарданд.

Қаҳҳор Маҳкамов ҳамчун намояндаи Ҳизби коммунист аз ку- датои низомиён, ки 19-21 августи соли 1991 дар Маскав баргузор шуд, тарафдорӣ кард. Баъди нокомии ин кӯшиши табаддулот мухолифони Маҳкамов тазоҳуроти густарда ташкил карданд. Ин тазоҳурот аз тазоҳуроти «Баҳмани навад» фарқ дошт. Онро намояндагони Ҳизби демократ роҳбарӣ мекарданд. Мардум нисбатан оромона майдоннишинӣ мекарданд ва намояндаго- нашон дар дохили бино – дар маҷлиси Шӯрои олӣ талабҳои онҳоро матраҳ мекарданд.

Ман чунин тазоҳуротро дар як соли дар Ҳинд буданам борҳо дидаам. Намояндагони анҷуманҳо ва ҳизбҳои мухолиф тарафдоронашонро ба майдон бароварда, талабҳои онҳоро ба гӯши ҳукуматдорон мерасонданд ва ҳаққашонро талаб ме- карданд. Майдони пеши қасри Раиси ҷумҳур дар Деҳлӣ хеле фарох буд. Баъзан дар он издиҳоми бузург ҷамъ мешуд, ки ман ин теъдоди одамро фақат дар ҳамон ҷо дидаам. Вале ҳеч гоҳ тазоҳуркунандагон ба беназмӣ ва хушунат даст намезаданд. Роҳбарони тазоҳурот суханронӣ мекарданд ва шиор медоданд, мардум бо кафкӯбӣ ё ғирев дастгирии худро изҳор мекард. Намояндагони тазоҳуротчиён бо намояндагони мақомот му- зокира карда, ба тавофуқ мерасиданд ва натиҷаро ба мардум фаҳмонда ба тазоҳурот хотима медоданд ё агар мақомот барои иҷрои талабҳои мардум фурсат хоҳад, муҳлат муқаррар мекар- данд. Ҳамин тазоҳуроти рӯзҳои 29-31 август дар Душанбе ба он тазоҳуротҳои дар Ҳинд дидаам монанд буд.

Мухолифони Маҳкамов барои тарафдорӣ аз ГКЧП ва воқеаи баҳманмоҳи хунин ӯро шадидан танқид карда, истеъфои ӯ ва манъи фаъолияти Ҳизби коммунистро талаб мекарданд. Ин ҷаласаи маҷлиси Шӯрои олӣ аз тариқи телевизор намоиш дода мешуд. Чанд рӯзе, ки ин ҷаласа давом кард, одамон аз назди телевизорҳо дур намешуданд ва бо рағбат рафти ҷаласаро та- мошо мекарданд. Худи муколамаи байни тарафҳо ҷолиб сурат мегирифт ва чанд чиз аз ин ҷаласаҳо вирди забонҳо шуд.

Масалан, курсии нишасти вакили мардумӣ Тоҳири Абду- ҷаббор дар назди микрофони шашум буд, ки ӯ ҳар лаҳза хеста, пешниҳодҳо мекард ва фикрашро дар бораи масъалаи баҳс иброз мекард. Ногуфта намонад, ки ӯ пешниҳодҳои беҳтаринро медод ва таърих исбот кард, ки ҳар ҳарфаш саривақтӣ буд ва фақат аз зовияи ҳифзи манфиатҳои миллӣ ҳарф мезад. На- медонам, аз чӣ сабаб ӯ ба лаҳҷаи эронӣ суҳбат мекард. Қисми зиёди вакилони маҷлис коммунист ва шӯравигароҳо буданд ва аз суханрониҳои Тоҳир хушашон намеомад. Аз ҷумла, сад- ри маҷлис ба ӯ имкони сухан кардан намедод ё микрофонро хомӯш мекард, ки тамошои ин ҳама барои ҳангоматалабон хеле ҷолиб буд. Мардум агар пургӯии касеро қатъ карданӣ шаванд, «микрофони шашро хомӯш кун», гуфта мазоҳ мекарданд. Ё ба ҷои «мешавад» «мише – намише» гуфта, лаҳҷаи ӯро талха медоданд.

Чашмакзании Тӯраҷонзодаро ба сӯи садри маҷлис навор- бардори телевизион хеле хуб ба навор гирифта буд, ки онро гаштаю баргашта ҳамчун исботи дурӯягии ӯ пахш карданд, ки ин ҳам сарусадои зиёд ба бор оварда буд.

Маҳкамов пеш аз истеъфо додан:

  • Ман ҳанӯз ҷавонам, монед кор кунам, – гуфт.

Яке аз мухолифон ба Маҳкамов бо истеҳзо:

  • Як бор мард шавед, истеъфо диҳед, – гуфт.

Ниҳоят Маҳкамов:

  • Хайр ман меравам, вале шумо пушаймон мешавед, – гуфта истеъфо дод.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси ҷумҳур тибқи қонун Қад- риддин Аслонов таъин гардид. 9 сентябри соли 1991 иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои олии Тоҷикистон «Изҳорот дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул кар- да, Тоҷикистонро кишвари мустақил эълон кард.

Дар Иттиҳоди Шӯравӣ солҳои охир расм буд, ки вақти аз кор рафтани мақомдорони баландпоя ба онҳо туҳфае медоданд. Масалан, ба сардори корхона иҷозат медоданд, ки мошини хизматияш ё хонаи истиқоматияшро шахсӣ кунад. Замони ба истеъфо рафтани Қаҳҳор Маҳкамов моликияти хусусӣ иҷозат шуда буд, аз ин сабаб ба ӯ иҷозат доданд, ки бинои нотамо- меро дар маркази шаҳр, дар кӯчаи Фотеҳ Ниёзӣ шахсӣ кунад. Маҳкамов бо Шукуров Амир ном соҳибкор робитаи дӯстӣ дошт. Аз сабаби он ки ин соҳибкор ҳам корхона ва ҳам пул дошт, Маҳкамов ҳуқуқи хариди ин биноро ба ӯ вогузорид ва худаш ҳамчун муовини раиси ҳамин ширкат ба кор даромад. Хонанда бояд ин воқеаро ба ёд гирад, зеро моликияти ин бино баъдан ба ман тааллуқ гирифт, ки ҳикояашро дар бобҳои баъдӣ хоҳам овард.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

Занони аробакаши Точик

Занони аробакаши Точик

Бинобар сабаби вазнин буданги сатҳи зиндагӣ дар Тоҷикистон занони тоҷик ба аробакашӣ машғул шуда то …