Главная / Илм / Витамини “А”

Витамини “А”

Витамин А (ретинал) – чашмонро пурқувват ва инкишофи мӯътадили организмро таъмин менамояд.

Агар дар организм витамин А нарасад, ранги рӯй парида пӯст хушку шахшӯл шуда, дар рӯи кас ҳар гуна рихинакҳо ва думбал мебарояд. Мӯй хушк ва беҷило, нохунҳо мӯрт мешаванд.

ВитаминиА

Аломати асосии норасогии витамини А рӯшноитарсӣ ва шабкӯрӣ аст, яъне чашмонро ба хирашавӣ оварда мерасонад. танҳо маҳсулоти чорво, ҷигари ҳайвонот ва моҳӣ, тухмакҳо ва равғани он, маска ва равғани зард, панир, зардии тухм витамини А дорад.

Дар маҳсулоти растанӣ витамини А дар шакли провитаминҳо (пигменти каротиноидҳо) вомехӯрад. Мисол дар таркиби сабзӣ, помидор, қаламфур, пиёзи кабуд ва ғайра бисёранд.

Каротиноидҳоро организм дар якҷоягӣ бо равған хуб ҳазм мекунад, бинобар ин ба хӯриши сабзавот қаймоқ, майонез, ё равған ҳамроҳ мекунанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …