Главная / Гуногун / Ветнамро пурра ишғол кардани Фаронса

Ветнамро пурра ишғол кардани Фаронса

Баъди ба охир расидани ҷанги Фаронса ва Пруссия (солҳои 1870 – 1871) Фаронса барои Ветнами Шимолиро ҳам ба мустамликаи худ табдил додан тайёрӣ дид. Соли 1873 бо сардории Гарние 2 киштии ҳарбии Фаронса аз тарафи резишгоҳи дарёи Сурх то Ханой омада расиданд. Субҳидами 20 ноябр фаронсавиҳо ба қалъаи Ханой ҳуҷум карда, баъди фатҳи он шаҳрро ҳам ба даст дароварданд. Баъди як моҳ онҳо поёноби дарёи Сурхро ишғғол намуданд. Вале халқи Ветнам бар зидди истилогарони Фаронса муқобилияти сахт нишон медод. Дар яке аз ҷангҳои назди Ханой фаронсавиҳо шикаст хӯрданд. Гарние дар он ҷо ҳалок гардид. Тарафи Фаронса дар зери фишори муборизаи миллию озодихоҳии халқи Ветнам ва иштирокчиёни шӯриши Тайги Чин (дастаи калони онҳо баъди шикастхӯрӣ бо номи “Байрақҳои сиёҳ” барои ёрӣ ба Ветнам омада буданд) маҷбур шуданд, ки бо қасри Хюе гуфтушунид кунанд. Намояндагони Фаронса ва Ветнам 15 марти соли 1874 дар Сайгон ба созишномае имзо гузоштанд, ки мувофиқи он Ветнам ӯҳдадор шуд, ки сиёсати хориҷии худро бо Фаронса “ҳамоҳанг” кунад. Бе розигии Фаронса ягон қисми Ветнам ба давлати дигар вогузор кард намешавад. Ҳукуқҳои Фаронса оид ба ҷануби Ветнам тасдиқ гардид. Ба шаҳрвандони Фаронса дар Ветнам ҳуқуқи дахлнопазирӣ дода шуд. Барои хориҷиён киштигардӣ дар дарёи Сурх, бандари шаҳри Ханой ва бандарҳои соҳилҳои Шимоли Ветнам озод эълон карда шуд.

viet_minh_during_august_revolution

Давраи дуюми аз тарафи Фаронса забт карда шуд аз Ветнами Шимолӣ ба солҳои 80-уми асри XIX рост омад. Моҳи апрели соли 1882 сипоҳиёни Фаронса дар зери роҳбарии Ривъера Ханойро ишғол карданд. Амалиётҳои ҳарбӣ поёноби дарёи Сурхро фаро гирифтанд. Доираҳои ҳукмронӣ Ветнам сару калобаи худро гум карда, чӣ кор карданашонро намедонистанд. Император Ти Дик Чун соли 1874 Чинро ба ёрӣ даъват карда буд. Он вақт ҳукумати Чин ба Ветнам ёрӣ нарасонд. Ин дафъа ҳукумати Чин дид, ки бо ин ҷанги худ Фаронса ба ҷануби Чин ҳам таҳдид мекунад, қарор дод, ки артиши худро ба Ветнами Шимолӣ дарорад. Артиши Чин дар Ветнам тобистони соли 1883 қариб 25 ҳазор нафарро ташкил намояд ҳам, соли 1882 ва аввалҳои соли 1883 бар зидди артиши Фаронса амалиёти фаъолонаи ҷанги набурд, моҳи марти соли 1883 артиши Фаронса Ханой ва шахҳри Намдинро ишғол намуд. Баъди моҳи июли соли 1883 вафот кардани император Ти Дик муборизаи гурӯҳҳои гуногуни дарборӣ барои ҳокимият тезу тунд мешавад. Ин ҳолат ба фоидаи истилогарони Фаронса буд. Моҳи июли соли 1883 эскадраи Фаронса дар зери фармондеҳии адмирал Курбе байдар ва истеҳкоми наздисоҳилии Тхуананро, ки воқеан дарвозаи пойтахти мамлакат – шаҳри Хюе буд, гулӯлаборон кард. Ҳукумати Ветнам ба гулӯлаборонкунии киштиҳои Фаронса тоб наоварда, таслим шуд ва 25 августа соли 1883 ба Созишномаи сулҳ имзо кард. Моддаи аввали ин созишнома протекторати Фаронсаро бар Ветнам эълон мекард.

Баъди ин артиши Фаронса ба сарҳадҳои ҷанубии Чин наздик щуд. Фаронса бо роҳи дипломата ҳукумати Чинро маҷбур кард, ки 11 майи соли 1884 дар Тянсзин дар бораи “дӯстӣ ва ҳамсоягии нек” қарордод имзо кунад. Қарордоди мазкур Фаронсаро ӯҳдадор кард, ки дахлнопазирии сарҳадҳои ҷанубии Чинро эътироф кунад. Чин бошад, эътибор доштани созишномаҳои Фаронсаро бо Ветнам тасдиқ намуд. Инчунин Чин ӯҳдадор шуд, ки артиши худро аз Ветнам мебарорад ва сарҳадҳои Чину Ветнамро барои тиҷорати Фаронса мекушояд.

Ба имзо расидани қарордоди мазкур ба Фаронса имконият дод, ки 6 июни соли 1884 бо дарбори императори Ветнам шартномаи ниҳоиро ба имзо расонад. Матни он дар Париж тайёр карда шуда буд. Ин шартномаи нави асоратовар маънии онро дошт, ки истиқлолияти Ветнам ба охир расид ва он пурра ба мустамликаи Фаронса табдил ёфт.

Фаронса Ветнамро ба зери дасти худ дароварда, онро чанд пора кард. Акнун Ветнами муттаҳид вуҷуд надошт. Он аз Бакки (Ветнами Шимолӣ), Чунгки (Ветнами Марказӣ) ва Намки (Ветнами Ҷануби) иборат шуд. Империализми Фаронса ба ин се пора мувофиқ номҳои Тонкин (Ветнами Шимолӣ), Аннам (Ветнами Марказӣ) ва Кохинхинро (Ветнами Ҷанубӣ) дод.

Баъди дар Ветнам мустаҳкам кардани мавқеи худ империализми Фаронса хост, ки ба музофотҳои ҷанубии Чин cap дарорад. Баъди ба имзо расонидани Созишномаи 6 июни соли 1884 намояндагони Фаронса барои резонидани обрӯи Чин дар Хюе мӯҳреро намоишкорона сӯзониданд, ки онро императори Чин ҳамчун нишонаи пуштибон ба императори Ветнам дода буд, ки ӯ Ветнамро идора кунад. Ба ин хотир 17 августи соли 1884 Пекин ба Фаронса эътироз баён кард. Барои он ки Чин ҳокимияти Фаронсаро бар Ветнам пурра эътироф кунад, Фаронса бар зидди Чин амалиёти ҳарбиро оғоз намуд. Ба эскадраи адмирал Курбе фармон дода шуд, ки соҳилҳои Чинро гулӯлаборон кунад. Ҳамин тариқ, ҷанги Фаронсаю Чин оғоз ёфт. Ҳукумати Чин ба Тонкин артиши мунтазами худро равон кард. Ҷангҳо дар самти Лангшон сурат гирифтанд. Артиши чиноию ветнамӣ бар зидди фаронсавиҳо муқобилияти шадид нишон медод. Моҳи марти соли 1885 онҳо ҳатто Лангшонро аз душман бозпас гирифтанд.

Вале ҷанг кашол ёфт ва кабинети Ж. Ферри бе иҷозати парламенти Фаронса наметавонист, ки барои идома ёфтани ин ҷанг қарзҳои нав бигирад. Аз тарафи дигар, ҳукумати Чин ба ҷанги дуру дароз тоб наоварда, тарафи Фаронсаро ба гуфтушунид даъват кард, моҳи июни соли 1885 дар Тянсзин Созишномаи нав ба имзо расид, ки мувофиқи он Чин протекторати Фаронсаро бар Ветрам эътироф кард.

Рабство

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

хасибхои Точики

Ҳасибҳои болаззаттарини тоҷикӣ – ҳасибҳо

Ҳасибҳои болаззат дар шаҳри Душанбе- пойтахти Тоҷикистон, бо тамғаи “Хасибчаи Дидор” дар комбинати шири Душанбе …