Главная / Илм / ВАЗН – ЧЕН КАРДАНИ ВАЗНИ ҶИСМ

ВАЗН – ЧЕН КАРДАНИ ВАЗНИ ҶИСМ

Агар муаммои зеринро дарёбй, ту номи он асбоберо, ки дар ҳаёти рӯзмарра ба кор меояд, пайдо карда метавонй: «Ду хоҳар хеле ҷумбиданд, ҳақиқатро ҷустуҷӯ карданд, вақте дарёфтанд, таваққуф карданд». Ин чист? Тарозуҳои фишангдор.

Истифодаи тарозуҳои фишангдор боис ба тавсифи асосии ҳама ашёчен кардани вазни онҳо шуданд.

ЭталонДар яке аз ҷисм – одам, миз, Замин, қатраи об ва ғайра дорои вазн мебошанд.

Ин андозаест, ки хосияти ҷисмро ифода мекунад. Ҳамчун воҳиди вазн килограмм (мухтарасар, кг) қабул шуда буд. Килограмм – ин вазни эталонест (намуна), ки бисёр дақиқ омода шудааст. Эталон аз гудохтаи чунин ду филиз: платина ва иридий иборат мебошад.

Мисоли вазни баъзе аз ҷисмҳо

Ҷисмҳо Вазни онҳо
Колибри (паррандаи аз ҳама кӯчаки пару болаш зебо) 1700 мг
Ангур 3 г
Тӯби футбол 400 г
Фил 4500 кг
Наҳанги аз ҳама бузург 150 000 кг
Автомобили «Запорожест» 740 кг
Нахустин ҳамсафари маснуъии Замии 83,6 кг

Эталон ё намунаи килограмм дар шаҳри Севре (наздики Порис) -и Фаронса нигоҳ дошта мешавад. Нусхаи дақиқияти олии эталони вазн барои дигар кишварҳо сохта шудааст. Ҳамчунин воҳидҳои вазни назар ба калограмм кам ё зиёд низ истифода мешаванд.

Вазни ҷисмро бо ёрии тарозуҳои фишангдор ва донасангҳо (расми 18) муайян мекунанд. Барои он ки чен карданро ёд бигиред, бояд қоидаҳои ченкуниро қаблан биёмӯзед.

ҚОИДАҲОИ ВАЗНЧЕНКУНӢ

  1. Тавозуни тарозуҳоро то ба вазнченкунӣ бисанҷед. Агар тавозунро танзим додан лозим бошад, ба паллаи он тарозу, ки кам аст, андак коғаз, картонпора ва ғайра бояд гузошт.
  2. Бори бармекашидагиро дар паллаи чапи тарозу ва дар паллаи роста он сангҳоро бояд гузошт.
  3. Бинобар риоя накардани ин қоидаҳо дар аксари мавридҳо, сангҳои хурд на- мерасанд ва маҷбур мешаванд, то борро дубора баркашанд.
  4. Агар санг паллаи тарозуро ба сӯи худ кашад, бояд онро аз палла гирифта, дар футляр, яъне қоби он ҷойгир кард.
  5. Агар ба сӯи худ накашад, онро бояд ба палла гузошт. Сипас сангҳои вазнашон худро бояд гузошт.
  6. Дангоми баробарвазнии палаҳои тарозу, вазни умумии сангҳои дар палла бу- даро ҳисоб бояд кард.

Сипас сангҳоро ба ҷойи худ, ба қоб бояд гузошт.

Мустақилона вазни ашёҳои бароятон ҷолибро муайян кунед. Дар ин маврид қоидаҳои вазнченкуниро риоя намуда, натиҷаҳои вазни баркашидашударо дар то- блуи 6 нависед.

Муқоиса кунед:

  1. Вазни кадом ҷисм аз хама бузург буда, вазни кадом ҷисм аз ҳама кӯчак мебошад?
  2. Оё ҷисмҳои ҳамвазн вуҷуд доранд?

Супориш.

  1. Вазни худро тавассути тарозу муайян кунед

Пурсишҳо

  1. Дар бораи моҳияи вазн дар ҳаёт нақл бикунед.
  2. Бо воситаи чй вазни ашё чен мешавад?
  3. Ҳамчун воҳиди вазн чй қабул гардида буд?
  4. Эталони байналмилалии воҳиди вазн дар куҷо ҳифз мешавад?
  5. Як тонна ва як сентнер чанд килограммй мебошанд?

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …