Моҳи декабри соли 1874 баъди табаддулоти ҳарбии давлатй, ки ба инқилоби буржуазй хотима гузошт, чи тавре ки гуфтем, дар Испания мутлақият аз нав барқарор карда шуд. Сохти давлатии Испания аз тарафи Конститутсияе, ки соли 1876 қабул карда шуда буд, муқаррар карда шуд. Ин конститутсия бе ягон тағйироти ҷиддӣ то соли 1931 кор кард.
Конститутсияи соли 1876 Испанияро мутлақияти конститугсионй ва Алфонси XII Бурбонро шоҳи қонунӣ номид. Ба шоҳ ҳокимияти иҷроия дода шуд. Ӯ ҳак дошт вазиронро таъйин ва ё ба истеъфо гусел кунонад, кортесҳоро даъват ва ё пароканда намояд. Дар баробари ин ӯ вазифадор буд, ки дар зарфи Моҳи баъди пароканда карда шудани кортесҳо ба он интихоботи навро дойр гардонад. Шоҳ қонунҳои қабулкардаи кортесҳоро тасдиқ мекард ва ба артишу флот сарфармондеҳи олӣ буд.
Ҳокимияти қонунгузор ба кортесҳо тааллуқдошт, ки он аз ду палатаи баробарҳуқуқ – сенат ва палатам вакилон иборат буд. Дар сенат аъзои сулолаи ҳукмрон ва олимартабагони Испания ҷамъ омада буданд: онҳое, ки дар як сол на камтар аз 60 ҳазор песет даромад доштанд, патриарх, архиепнскопҳо, дорандагонн рутбаҳои баланди ҳарбии артиш, сенаторҳое, ки шоҳ якумра таъйин мекард ва ғайра. Дар моддаи 13 конститугсия ба ҳамаи шаҳрвандон озодии сухан, матбуот, ташкил намуданн созмонҳо ва доир намудани маҷлисҳо кафолат дода мешуд. Лекин мувофиқи моддаи 17-и он ҳукумат метавонист ҳамин озодиҳои демократиро бекор кунад.