Главная / Гуногун / Вазъи мустамликавии Ҳиндустон дар аввали асри XX

Вазъи мустамликавии Ҳиндустон дар аввали асри XX

Соли 1899 ноиби шоҳ Кёрзон (1899 – 1905 ) таъйин карда мешавад. Ӯ дар Ҳиндустон сиёсати рӯирости нажодпарастиро пеш мебурд. Маъмурияти Кёрзон корчаллонҳои англисро пуштибонӣ карда, ба саноатчиёни ҳиндустонӣ монеаҳо эҷод мекард. Соли 1903 Кёрзон ба зери қонуни махсусе имзо гузошт, ки он дар ҷустуҷӯ ва азхудкунии боигариҳои минералии Ҳиндустон ба инҳисори англисӣ имкониятҳои калон фароҳам овард. Кёрзон зиёиёни ҳиндуро бад медид. Дар замони ҳукмронии ӯ ҳади ақали андозситонӣ аз даромади солона аз 500 рупия ба 100 рупия фароварда шуд, ки он пеш аз ҳама, ба буҷаи зиёиён зарба зад. Солҳои 1898 ва 1905 ду маротиба амали қонуни сирри давлат васеъ карда шуд, ки он бар зидди зиёиён истифода шуд. Нисбати КМҲ Кёрзон гуфтааст: “Дар назди ман вазифа истодааст, ки ба марги осоиштаи он мусоидат кунам”. Бо вуҷуди ҳамаи ин зулми Кёрзон рӯҳияи зиддимустамликавии мардуми Ҳиндустонро зиёдтар кард. Баъди аз ҳабс озод шудан Тилак муборизаро бар зидди мустамликадорони англис давом дод. Бо шарофати ӯ дар Махараштра фаъолияти қаноти чапи ҳаракати миллатдустон ҷоннок мешавад. Дар музофоту шаҳрҳои дигари Ҳиндустон ҳам ҳаракати миллию озодихоҳӣ аз нав авҷ мегирад.

1363023428_2

Маъмурияти англисӣ хост, ки ба ҳаракати инқилобии Ҳиндустон зарба занад. Барои ҳамин ноиби шоҳ Кёрзон соли 1905 Банголаро ду тақсим кард – Банголаи Ғарбӣ (ба он Бихор ва Орсу ҳам дохил буданд) ва Банголаи Шарқӣ (бо ҳамроҳии Ассам). Банголагиҳо миллати нисбатан ташаккулёфтаи Ҳиндустон ба шумор мерафтанд. Қисми зиёди аҳолии он мусулмонҳо буд. Мувофиқи нақшаи мустамликадорон тақсимоти Бангола бояд ба пастшавии ҳаракати миллию озодихоҳии Ҳиндустон оварда мерасонд. Лекин ин кор натиҷаи баръакс дод. Бар зидди тақсимкунии музофот ҳамаи табақҳои ҷомеаи Бангола бархостанд. Моҳи июли соли 1905-дар Калкутта гирдиҳамоиҳои бузург ба амал омаданд. 15 октябри соли 1905 қонун дар бораи тақсимоти Бангола эълон карда шуд. Мардуми музофот он рӯзро рӯзи мотами милли эълон кард. Дар Калкутта иштирокчиёни намоиши бузурги халқӣ суруди миллии “Банде матарам” (“Салом, Модар – Ватан!”)-ро хонда истода, ба сӯи дарёи Гаити барои ҳиндуҳо муқаддас мерафтанд, то ки дар соҳили он барои аз нав муттаҳид кардани кишвар савганд хӯранд.

Географияи ҳаракати “свадеши” (истеҳсоли худӣ) дар Ҳиндустон рӯз то рӯз васеъ мешуд. Онро КМҲ ҳарҷониба дастгирӣ мекард. Ин буд, ки ҷаласаи навбатии дар охири соли 1905 баргузоргардидаи КМҲ бойкоти молҳои англисиро эълон намуд.

Соли 1906 ҷаласаи навбатии КМҲ пешниҳод намуд, ки “свараҷи”, яъне худидоракунии Ҳиндустон дар ҳайати Британияи Кабир эълон карда шавад. Ин вақт дар Конгресс дар масъалаи истиқлолияти Ҳиндустон ягонагии ғоявӣ вуҷуд надошт. Бо ҳамин сабаб тобистони соли 1907 дар КМҲ ҷудоӣ ба амал омад. Сарфи назар аз ин дар Ҳиндустон ҳаракати зиддианглисӣ рӯз то рӯз бештар ба назар мерасид. Маъмурияти мустамликавӣ қонуни матбуотро истифода бурда, Тилакро аз нав ҳабс кард. Мурофиаи сохтакоронаи додгоҳи мустамликавӣ 13-22 июли соли 1908 баргузор гардида, намоиш ва гирдиҳамоиҳои оммавиро ба вуҷуд овард. 23 июл дар бомбаи корпартоии оммавӣ оғоз ёфт. Дар ҳама ҷо шиорҳои сиёсии зиддианглисӣ ва суратҳои Тилак дида мешуданд. Мустамликалорон ин дафъа қудрати пахш кардани намоишу гирдаҳамоӣ ва корпартоиҳоро надоштанд.

Маъмурияти мустамликавии Британия дар Ҳиндустон маҷбур шуд, ки ақибнишинӣ кунад. Он тирамоҳи соли 1909 дар бораи “Шӯроҳои қонунгузор” қонун қабул кард. Дар як вақт назардошти меъёри қавмию мазҳабӣ дар Ҳиндустон система интихоботии нав ҷорӣ карда шуд. Ин система ҳиндуҳо мусулмонҳоро дар муқобили ҳамдигар нигоҳ медошт. Он талаботи Лигаи исломии соли 1907 ташкилёфта мувофиқ буд.

Соли 1911 ноиби навтаъйиншудаи шоҳ Хардинг тақсимоти Банголаро бекор кард ва пойтахти Ҳиндустонро аз Калкуттта инқилобӣ ба Деҳлии нисбатаи ором кӯчонид.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …