Главная / Гуногун / Вазъи иқтисодӣ ва сиёсии Муғулистон

Вазъи иқтисодӣ ва сиёсии Муғулистон

Дар нимаи дуюми асри XIX ҳукумати Чин дар Муғулистон баъзе дигаргуниҳои иқтисодию сиёсиро ба амал овард, ки мақсади онҳо дар ин ҷо мустаҳкам кардани ҳукмронии Теин буд. Масалан, соли 1878 Теинҳо дар Муғулистон ҳамаи маҳдудиятҳоро оид ба сармоядории тиҷоратию судхӯрии Чин бекор карданд. Акнун тоҷирону корчаллонҳои Чин дар Муғулистон озодона фаъолият доштанд. Солҳои 60-уми асри XIX дар он ҷо 20 – 30 корхонаи калон ва миёнаи тиҷоратию судхӯрӣ мавҷуд буданд. Дар оғози асри ХIХ бошад, шумораи онҳо хеле зиёд шуд. Ба Муғулистон ИМА, Англия ва баъзе давлатҳои дигар ҳам роҳ ёфтанд. Дар натиҷа ширкатҳои чиноии Муғулистон ба тобеияти ширкатҳои ин давлатҳо медаромаданд. Фаъолияти сармояи хориҷӣ дар Муғулистон аз рӯи арзиши худ мубодилаи нобаробари ашёи хоми ин мамлакатро ба вуҷуд овард. Хориҷиён аз ин ҷо молҳоро бо нархи арзон мехариданд ва бо ҳамин ба иқтисоди Муғулистон зарари калон мерасониданд. Дар баробари дар Муғулистон авҷ гирифтани муносибатҳои пулию молӣ дар ин ҷо мавқеи истеҳсолоти натуралӣ сол то сол тахт мешуд.

mongolia_during_the_manchu_rule

Шаҳрҳои Муғулистон дар атрофи дайрҳои калон, нуқтаҳои тиҷоратӣ ва дастгоҳи ҳарбию амалдорони теинӣ бунёд мешуданд. Дар оғози асри XX дар Муғулистон 20 бошишгоҳи типи шаҳрӣ, аз он ҷумла Урга, Кобдо ва Улятсутаӣ мавҷуд буданд. Шаҳри аз ҳама калони Муғулистон Урга буд. Дар охирҳои асри ХIХ аввали асри XX он ба маркази асосии тиҷоратии мамлакат табдил меёбад. Шаҳрҳои Муғулистон бозорҳои калон доштанд. Онҳо ба растаҳои махсусгардонидашудаи фурӯши чорво, гӯшт, беда, ҳезум, асбобҳои маданӣ ва юрта тақсим мешуданд. Ҷои аз ҳама серодами бозор растаӣ гӯштфурӯшӣ ба ҳисоб мерафт.

Дар аввалҳои асри XX дар Муғулистон зулми сулолаи манҷурӣ боз ҳам пурзӯртар мешавад. Он ҳокимияти худро торафт мустаҳкам мекард. Посбонони сарҳадии Муғулистон бо аскарони манҷурӣ иваз карда шуданд. Ширкатҳои тиҷоратию судхӯрии Чин ба ивази пардохти ҳокимони маҳаллии муғулии заминҳои онҳоро кашида гирифта, ба майдони кишту кор ва чарогоҳ табдил медоданд. Амалдорони чиноӣ чорво ва заминҳоро бо зӯрӣ кашида мегирифтанд.

Ҳукмронии зиёда аз 200-солаи империяи Теин ва ғоратгарии мамлакатҳои империалистӣ Муғулистонро аз ҷиҳати иқтисодию сиёсӣ аз ҳад зиёд заиф гардониданд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …