Главная / Ҷамъият / НИЗОМИ ҲУҚУҚИИ ВАЗЪИЯТИ ФАВҚУЛОДДА

НИЗОМИ ҲУҚУҚИИ ВАЗЪИЯТИ ФАВҚУЛОДДА

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИЗОМИ ҲУҚУҚИИ ВАЗЪИЯТИ ФАВҚУЛОДДА

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонс.1995 № 21, мод. 233; с.1997, № 23-24, мод. 356; с. 2002, №4, қ-1, мод.254;с.2005, №12, мод. 625; с.2008, №10, мод.795; Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 с., № 1085)

holati-favquloda

Моддаи 1.

Вазъияти фавқулодда тадбири муваққатӣ мебошад, ки он мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шуда, низоми махсуси ҳуқуқии фаъолиятимақомотиҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракуниимаҳаллӣ, корхонаҳо муассисаҳо ваташкилотҳоропешбинӣ менамояд вамуваққатанҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрвандон, инчунин ҳуқуқи шахсони юридикиро маҳдуд намуда, ба зимми онҳо вазифаҳои иловагӣ мегузорад, ки тавассутиҳаминқонуни конститутсионй муқаррар карда мешаванд.

Вазъияти фавқулодда дар чунин мавридҳо ҷорӣ карда мешавад:

1) ҳангоми рӯй додани офатҳои табиӣ, садамаю фалокатҳо, паҳншавии касалиҳои сирояткунанда, эпизоотияҳо (муромурии ҳайвонот), ки баҳаётусаломатии аҳолӣ хатарноканд;

2) дар мавриде, ки тартиботиҳуқуқӣ ба таври оммавӣ вайрон карда шуда,воқеан ба ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон таҳдид мекунад;

3) ҳангоми кӯшиши ғасб кардани ҳокимияти давлатӣ ё бо роҳи зӯрӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ;

4) ҳангоми сӯиқасд ба тамомияти арзии давлат, ки ба тағйири сарҳади он таҳдид мекунад;

5) дар мавриди зарурати барқарор кардани тартиботиҳуқуқии конститутсионӣ ва фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ.

Моддаи 2.

Вазъияти фавқулодда дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё дар маҳалҳои алоҳидаи он бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда мешавад ва Фармон фавран ба тасдиқиҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣва Маҷлиси намояндагонпешниҳод карда шуда, ба Созмони Милали Муттаҳид хабар дода мешавад. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷори намудани вазъияти фавқулодда дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати на дертар аз се рӯз аз лаҳзаи мавриди амал қарор гирифтанаш тасдиқ карда мешавад.

Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси тасдиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷори намудани вазъияти фавқулодда бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои Маҷлиси милли ва вакилони Маҷлиси намояндагон,ки ҳар яке аз маҷлисҳо дар алоҳидагӣ овоз медиҳандқабул карда мешавад.

Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар давраи вазъияти фавқулодда  пароканда намешавад.

Вазъияти фавқулоддаро дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ ба мӯҳлати то се моҳҷорӣ кардан мумкин аст. Дар ҳолатҳои зарурӣ ин мӯҳлатметавонад аз ҷониби ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон  дароз карда шавад.

Дар шароити вазъияти фавқулодда ҳуқуқу озодии шаҳрвандон, ки дар моддаҳои 16, 17, 18, 19, 20, 22, 25 ва 28-уми Конститутсия пешбинӣ шудаанд, маҳдуд карда намешавад.

Моддаи 3.

 

Дар мавриди ҷорӣ намудани вазъияти фавқулодда сабабу асосҳои қабули чунин қарор, мӯҳлат ва ҳудуди амали он зикр кардамешаванд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  метавонад онро пеш аз мӯҳлати муқарраршуда бекор кунад ё мӯҳлати вазъияти фавқулоддаро дарознамояд, агар ҳолатҳое, ки боиси эълони вазъияти фавқулодда гардидаанд, бартараф нашуда бошанд.

Қарор дар бораи ҷорӣ намудан, дароз кардани мӯҳлат ва ёбекор кардани вазъияти фавқулодда аз лаҳзаи қабулаш эътибор пайдо мекунад, агар тартиби дигаре махсус таъкид нашуда бошад ва фавран интишормегардад.

Моддаи 4.

 

Дар шароити вазъияти фавқулодда вобаста ба ҳолатҳои мушаххас мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ метавонанд чунин тадбирҳоро андешанд:

1) муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ ва объектҳоеро, ки фаъолияти ҳаётии аҳолӣ ва хоҷагии халқро таъмин мекунанд, пурзӯр намоянд;

2) шаҳрвандонро аз минтақаҳои барои зист хавфнок муваққатанкӯчонда, ҳатман барояшон хонаҳои дигари истиқоматии доими ё муваққатӣ диҳанд;

3) низоми махсуси   дурафти шаҳрвандонро ҷорӣнамоянд;

4) ба шаҳрвандони ҷудогона дар мӯҳлати муқарраршуда таркнамудани маҳалли муайян ва хонаашонро (ҳавлиашонро) манъ кунанд, вайронкунандагони тартиботи ҷамьиятиро, ки сокинони маҳалли мазкур нестанд,аз ҳисоби худи онҳо ба маҳалли зисти доимиашон ё берун аз маҳалле, ки вазъияти фавқулодда эълон гардидааст, фиристанд;

5) аз шаҳрвандон силоҳ, лавозимоти ҷанги ва аз корхонаҳо, муассисаю ташкилотҳо –ҳамчунин техникаи таълимииҳарбӣ, маводу масолеҳи таркандаю радиоактивӣ, маводи сахттаъсириқимёвӣ ва заҳрнокро муваққатан кашида гиранд;(ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1085)

6) гузарондани маҷлису гирдиҳамоиҳо, роҳпаймоию намоишҳоикӯчагӣ, ки бо мазмуни худ боиси ноустуворшавии вазъият мешаванд, чунин гуруснанишинӣ ва эътирозҳо, чорабиниҳои намоишӣ, варзишӣ ва дигар тадбирҳои оммавиро манъ кунанд;

7) барои корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликияташон тартиби махсуси корро ҷорӣ намоянд, ҳамчунин дигармасъалаҳои фаъолияти хоҷагии онҳороҳал кунанд;

8) роҳбарони корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳоро ба вазифатаъин ва аз вазифа сабукдӯш кунанд, бо сабабҳои узрнок аз вазифа холӣ кардани коргарону хизматчиёнро манъ намоянд;

9) барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда захираю имкониятҳои корхонаҳо ва муассисаю ташкилотҳо истифоданамуда, баъдан мутобиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  маблағи онҳоро ҷуброн намоянд;

10) гузарондани корпартоиҳоро манъ кунанд;

11) шаҳрвандони қобили меҳнатро барои кордар корхонаҳо, муассисаю ташкилотҳо, инчунин барои бартараф намудани оқибати ҳолатҳои фавқулодда ҷалб кунанд ва бехатарии меҳнатро таъмин намоянд;

12) гардиши силоҳ,лавозимотиҷангӣ, моддаҳои тарканда, моддаҳоисахттаъсириқимиёвӣ ва заҳрнок, инчунинмашрубот ва спирти этилиромаҳдуд ё манъ кунанд, ба истиснои маводи доруворӣ;(ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1085)

13) карантин ҷорӣ кунанд ва дигар тадбирҳои ҳатмии санитарию зиддиэпидемиявӣ андешанд;

14) истифодаи дастгоҳҳои нусхабардор, техникаи сабти аудио ва видеоӣ, инчунин дастгоҳҳои паҳнкунандаи мавҷҳои радио, телевизион, шабакаҳои мобилӣ ва интернетро маҳдуд ё манъ кунанд, таҷҳизоти техникии садобаландкунандаро гиранд, ба фаъолияти воситаҳои ахбори омма назорат кунанд, ҳангоми зарурат сензура ва дар интишори рӯзномаҳо маҳдудият ҷорӣ намоянд;(ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1085)

15) қоидаҳои махсуси истифодаи воситаҳои алоқаро ҷорӣ кунанд;

16) ҳаракати воситаҳои нақлиётро маҳдуд кунанд ва онҳоро тафтиш намоянд;

17) соати комендантӣҷорӣ кунанд;

18) ташкил ва фаъолияти гурӯҳҳои мусаллаҳи шаҳрвандонро пешгирӣ кунанд;(ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1085)

19) ҳуҷҷатҳои шаҳрвандонро тафтиш кунанд, дар мавридҳои зарурӣ, дарсурати мавҷуд будани маълумот оиди дар дасти шаҳрвандон буданисилоҳ,лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда, моддаҳои сахттаъсири кимиёвӣ ва заҳрнок, азназаргузаронии шахсӣ, азназаргузаронии молу воситаҳои нақлиётро гузаронанд;(ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1085)

20) ба дигар минтақаҳо бо мақсади паҳнкунӣ бурдан ва овардани маводӣ чопӣ, сабтҳои магнитӣва видеоиро, ки мазмуни онҳо ба номӯътадилшавии вазъият, барангехтани низои миллӣ, итоат накардан ба мақомотиҳокимият ва идораи давлатӣ даъват менамоянд, манъ кунанд.

Моддаи 5.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ, дорад, санадҳои мақомоти ҳокимияти намояндаги ва иҷроияи маҳаллии воҳидҳои дахлдори марзиву маъмуриро, ки дар он ҷо вазъияти фавқулодда эълон шудааст ва низоми вазъияти фавқулоддаро халалдор мекунанд, бекор кунад ё боздорад.

Барои танзими корҳои пешгирӣ ё бартараф кардани оқибати ҳолатҳоифавқулодда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Раисони вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, ноҳияҳо вашаҳрҳо метавонанд мақомоти махсуси муваққатӣ ташкил намоянд.

Моддаи 6.

Дар давраи вазъияти фавқулодда роҳбарони корхонаҳо, муассисаю ташкилотҳо ҳуқуқ доранд дар мавридҳои зарурӣ коргарону хизматчиёнро бе розигии онҳо ба кори дигар, ки бо шартномаи меҳнатӣпешбинӣнашудааст, гузаронанд.

Дар давраи вазъияти фавқулодда принсипи интихобӣ будани роҳбарони корхонаҳо, муассисаю ташкилотҳо мумкин аст риоя нашавад, агар онро манфиатҳои муътадил гардонидани вазъият талаб намоянд.

Моддаи 7.

 

Дар давраи соати комендантӣ ба шаҳрвандон ба рухсатномаюҳуҷҷатҳои махсусес, ки шахсияти онҳоро тасдиқ мекунанд, дар кӯча ё дигарҷойҳои ҷамъиятӣ гаштан ё бе ин ҳуҷҷатҳо аз манзили худ дур будан манъ аст.

Шахсоне, ки тартиботи пешбинишудаи қисми якуми ҳамин моддаро  вайрон кардаанд, аз тарафи милиса ё посбонҳои ҳарбӣ то охири соати комендантӣ ва шахсоне, ки ҳуҷҷат надоранд, то вақти муайян шудани шахсияташон, вале на бештар аз се шабонарӯз, дастгир карда мешаванд;дастгиршудагон ва ҳамчун чизу чораи онҳоро аз назар гузарондан мумкин.

Моддаи 8.

 

Барои вайрон кардани талаботи бандҳои 3, 4, 6, 10, 12, 16,  20-уми моддаи 4,инчунин талаботи пешбиникардаи қисми якуми моддаи 7-уми ҳамин Қонуни конститутсионӣшахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд, агар барои ин вайронкуниҳо мувофиқи қонунҳои ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣнашуда бошад. (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1085)

Моддаи 9.

Барои паҳн кардани овозаҳои иғовгарона ва амалҳое, ки ба вайрон кардани тартиботи ҳуқуқӣ сабаб мешаванд, ё низои миллиробармеангезанд, барои фаъолона мамониат кардан ба ҳуқуқҳои қонунӣва вазифаҳояшонро ба амал баровардани шаҳрвандон ва соҳибмансабон,ҳамчунин барои қасдан итоат накардан ба амри қонунӣ ё талаботи корманди мақомоти корҳои дохилӣ, хизматчии ҳарбӣ, ё шахсони дигаре, кивазифаи хизматӣ ё қарзи ҷамъиятиашонро оиди ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ адо мекунанд, ё ки амалҳои дигари ба ҳамин монанд, ки тартиботи ҷамъиятӣ ва осоиши шаҳрвандонро халалдор мекунанд, ё худ барои вайрон кардани қоидаҳои назорати маъмурӣ дар маҳалҳое, ки вазъияти фавқулодда эълон карда шудааст, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд. (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1085)

Протоколҳо оиди корҳои қонуншиканиҳои мазкур аз тарафи кормандони ба ин ваколатдори мақомоти корҳои дохилӣ ё комендатураи маҳалли ҷудогона тартиб дода мешаванд.

Парвандаҳои оид ба қонуншиканиҳои пешбиникардаи моддахо 8 ва 9-уми ҳамин Қонуни конститутсионӣ аз тарафи судя ба тартиби муқарраркардаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати то се шабонарӯз баррасӣ карда мешаванд. Шахсоне, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир намудаанд, то аз тарафи судя баррасӣ карда шудани парванда дар ҳабс нигоҳ дошта шуда метавонанд. (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1085)

Моддаи 10.

Барои роҳбарӣ ба корпартоии манъшуда дар шароити вазъияти фавқулодда, ҳамчунин барои монеъ шудан ба кори корхона, муассиса ва ташкилот айбдор мувофиқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад.

Моддаи 11.

Ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дода мешавад, ки дар шароити вазъияти фавқулодда тобеияти ҳудудии судиипарвандаҳои гражданӣ ва ҷиноятиро, ки қонун муқаррар кардааст, тағйир диҳад.

Моддаи 12.

Ба шаҳрвандоне, ки дар ҳолатҳои фавқулодда ё дар натиҷаи иҷрои корҳои пешгирӣ ё барҳамдиҳии ҳолатҳои фавқулодда заррар дидаанд, аз тарафи мақомоти дахлдори давлатӣ, иичунин корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо манзилгоҳҷудо карда, зарари моддии дидаашонҷуброн карда мешавад, ба онҳо барои бо кор таъмин шудан кӯмак ва дигар ёрии зарурӣ расонида мешавад.

Шарту шароит ва тартиби додани манзилгоҳ, ҷуброн кардани зарар ва расонидани дигар ёриро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  муайянмекунад.

Моддаи 13.

Дар мавридҳое, ки дар маҳалҳои вазъияти фавқулодда эълоншуда мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ вазифаҳои худро бояду шояд иҷро намекунанд, ё ки онҳо ба фаъолияти зиддиконститутсуонӣ роҳ медиҳанд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  метавонад чунин шакли махсуси идораи муваққатии ҷумҳурӣ ё қаламрави ҷудогонаи онро муқаррар намояд;

идоракунии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , дигар мақомот ё шахси мансабдоре, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  таъин мекунад, бо роҳи боздоштани ваколати мақомоти дахлдори ҳокимият ва идораи давлатӣ.

Таклифҳоро дар бораи ҷорӣ намудани шаклҳои махсуси идоракунӣ, инчунин мақомот ва соҳибмансабоне, ки мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ доранд, пешниҳод карда метавонанд.

Моддаи 14.

 

Шаклҳои махсуси идораро мақомоти зайл ба амал бароварда метавонанд:

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  тавассути мақомоте, ки таъсис медиҳад ё шахси мансабдоре, ки таъин мекунад.

Қарор дар бораи истифодаи ин ё он мақомот ҳангоми амалӣнамудани шаклҳои махсуси идораи ҷумҳурӣ ё қаламрави алоҳидаи он аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, аз ин хусус баМаҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иттилоъ дода мешавад.

Моддаи 15.

Ҳангоми ҷорӣ намудани шаклҳои махсуси идора сабабҳои қабул кардани чунин қарор, мӯҳлат ва ҳудуди амали он нишон дода мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  метавонад амали шаклҳои махсуси идораро то гузаштани мӯҳлати муқарраршуда бекор кунад ё мӯҳлати амали онҳоро дар сурати бартараф карда нашудани ҳолатҳое, ки барои ҷорӣнамудани ин шаклҳои махсуси идора асос шуда буданд, дароз кунад.

Амали шаклҳои махсуси идораи ноҳияҳо, шаҳрҳо ва минтақаҳои алоҳида дар сурати пароканда кардани Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, Мақомоти иҷроияи маҳаллииҳокимияти давлатӣ аз лаҳзаи интихоби ҳайати нави Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ин ҳудудҳо ва ташкили Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, қатъ мегардад.

Қарор дар бораи ҷорӣ намудан, бекор ё дароз кардани мӯҳлати шаклҳои махсуси идора аз лаҳзаи қабул шуданаш эътибор пайдо мекунад, агарқоидаи дигаре махсус пешбинӣ нашуда бошад ва фавран интишор мешавад.

Моддаи 16.

 

Мақомот ё мансабдороне, ки шаклҳои махсуси идораро амалӣ менамоянд, ҳуқуқ доранд:

чораҳои дар моддаи 4-уми ҳамин Қонуни конститутсионӣ пешбинишударо амалӣ намоянд;

фаъолияти Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ, Мақомоти иҷроияимаҳаллии ҳокимияти давлатӣ боздоранд, муваққатан вазифаҳои онҳоро ба ӯҳда гиранд;

оид ба масъалаҳои тараққиёти давлатӣ, хоҷагӣ ва иҷтимоию мадании минтақаҳои тобеъ ба мақомоти олии ҳокимияту идораи давлатиӣҶумҳурии Тоҷикистон  таклифҳо пешниҳод намоянд.

Иҷроиқарори мақом ё шахси мансабдоре, ки шаклҳои махсуси идораро дар маҳалҳои алоҳида аз рӯи масъалаҳои мувофиқи ҳамин Қонуни конститутсионӣ ба салоҳияти онҳо тааллуқдошта амалӣ менамоянд, барои ҳамаимақомоти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилоту иттиҳодияҳои ҷамъиятие, ки дар минтақаҳои дахлдорро воқеанд, ҳатмӣ мебошад.

Дар давраи амали шаклҳои махсуси идора ҳамчунин чораҳоеро татбиқкардан мумкин аст, ки моддаҳои 5, 6, 7, 11, 12-уми ҳамин Қонуни конститутсионӣ пешбинӣ кардаанд.

Моддаи 17.

Ба шахсоне, ки барои нигоҳ доштани низоми вазъияти фавқулодда ҷалбкарда мешаванд, маоши вазифавӣ ва маош барои рутбаҳои махсус ва ҳарбӣба андозаи ду баробар муқаррар карда мешавад. Як моҳи хизмати онҳо дар вақти амали вазъияти фавқулодда се моҳҳисоб гардида, ба собиқаи хизмати онҳо (стажи корӣ) дохил мешавад.

Доираи шахсоне, ки барои нигоҳ доштани низоми вазъияти фавқулоддаҷалб мегарданд, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

(ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1085)

Президенти

Ҷумҳурии ТоҷикистонЭ. РАҲМОНОВ

ш. Душанбе,3 ноябри соли 1995

№94

 

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …